logo

фарҳанг

БОҒИ МИЛЛӢ САРВАТИ НОДИРИ КИШВАР

- Боғи миллии ноҳияи Ванҷ, - мегӯяд мудири он Розиқ Гиёев, - аз мавзеи Даҳанаи Оби Пшихарви Ҷамоати деҳоти  Вотхуд ибтидо гирифта, то мавзеъҳои Убағну Яғзов, пиряхҳои Федченкою Хирсон ва қуллаи  Исмоили Сомонӣ, дар  масоҳати  270 ҳазор гектар   доман паҳн кардааст. Дар ҳудуди он ҷангалистону бешазор, дарёҳои Ванҷобу Язгуломоб ва  рӯду чашмасорон мавҷуданд ва макони  нодири  набототу ҳайвоноту парандагон мебошад. Рушду муҳофизати ин олами зебои  кишвари биҳиштосоямон  ба зиммаи ҳафт нафар  корманд гузошта шудааст.
 Дар боғ ҳайвоноти нодир, аз ҷумла оҳувон,  хирсону бабри сафед, инчунин,  кабку уқобу шоҳин ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ сукунат доранд. Кормандони боғи миллӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои деҳот, коркунони идораи хоҷагии ҷангал,  бахши ҳифзи муҳити зист  кӯшиш менамоянд, ки ҳайвоноту парандагон,  рустанӣ ва гиёҳҳои дармонбахшро ҳифз  намоянд.
Муҳофизони табиат дар  байни аҳолӣ мунтазам вохӯрӣ ташкил карда,  оид ба маърифати  экологӣ, ҳифзи парандаҳо ва ҳайвонҳо суҳбатҳо мегузаронанд.
Дар фасли тобистон  мавсими  сайёҳӣ оғоз ёфтааст. Ҷаҳонгардони хориҷӣ ва садҳо нафар меҳмонон ба тамошои лозурҳои бузурги Федченко ва Хирсон, қуллаҳои осмонбӯси Исмоили Сомонӣ,  кӯҳу ҷангалу канори дарёҳо ва чашмасорони диёрамон меоянд. Кормандони боғи миллӣ саъй  менамоянд, ки барои сайёҳону кӯҳнавардон  шароити муътадили  будубош омода  созанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2017    №: 157    Мутолиа карданд: 303

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед