logo

фарҳанг

АЗ ФАЛАК ТО БА ФАЛАК

Жанри фалак пешинаи басо куҳан ва дар кунишҳои шоирон, сарояндагони ин сомон ривоҷи фаровон доштааст. Таърихан вожаи фалак ба маънои «сарнавишт» ва ё «бахти вожгун» ба шеъру суруд ворид шуда, ифодакунандаи орзуву ормонҳои мардумӣ гаштааст.
Дар ёдкардаҳои хунёшиносони пешин пайдоиши ин оҳанги хунёгарии мардумӣ ба садаҳои IX -Х рост меояд. Пажӯҳандагони таърихи хунёи мардумӣ  оғози нишонаҳои фалакро  бо адабиёти сӯфия низ ҳамово дониста, падидаҳои бегумони онро бо сурудаҳои Абусаиди Абулхайр, Бобо Кӯҳӣ, Бобо Тоҳири Урён ва ҳамчунони онҳо андар ёфтаанд.
Донишманди пажӯҳишгари хунёи поёни садаи  Х ва оғози XI Фахриддини Марвазӣ дар асари хеш «Сабки фаҳлавиёти хуросонӣ» ёд кардааст, ки «Мардумони атрофу акнофи Хуросон бештар вақт аз хондани лаҳнҳои порсии омехтаи туркӣ парҳезӣ буданд. Гоҳо аз шунидани бархе аз гунаи он сурудҳо нанг мекарданд ва рӯ ба савту садои кӯҳистон  оварданд. Ин кор то бад-он ҷое расид, ки суруди фалакии Ятимии Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш бихонд. Ин суруди кӯҳистонии Машриқ то бад-ин аҳд бо номҳои «Фироқномаи Юсуф», «Ҳаҷри Яъқуби Канъон», «Нолаи малакут», «Нидои хокиён», «Фарёди ҷудоиҳо» ва «Розҳои ногуфта» дар забони мардум бимонд». Шоирони  тасаввуфгаро аз роҳи чорпораву  дубайтиҳои фалакии хеш арзи хокиёнро ба фалакҳо расонидаанд. 
Фалак  мояи баррасии фалсафаи  кайҳонӣ-ҳастишиносист, ки адабиёту  фалсафаву  дину  сиёсату  фолклору дигар бахшҳои ҷаҳонёбии мардумӣ дарунмояи пажӯҳишҳову  ковишҳои   ҳамешагии ҷаҳониён аст.     Бо   ин ҳама ҳар чорпорае, ки мояи фалсафӣ дошта бошад, набояд фалакӣ бошад. Байтҳои фалакӣ  аз ҳар чи бештар  фарозандаи  нолаи гудозои хокиён аст, ки аз замин ба осмон, аз додхоҳ ба додрас роҳ меҷӯяд.
Тазкиранавис Фазлии Намангонӣ ба "дастури алфози кӯҳистон" навишта шудани "ғазалҳои латифу равон", ҳамчунин, дар жанри ғазал изҳор шудани мавзӯи  бойистаҳои зиндагиву ҳамчунони дигарро чун падидаи нави адабӣ эътироф кардааст.
Дар навиштаҳои  бештарини  шоирон дар бораи бо дархости  замону ривоҷи  ҳанҷори риёлистии суханварӣ, фарсудани диди пиндориву зебоишиносии пешиниён ишоратҳо шудааст. Чунончи, Муҳаммадшариф Гулханӣ тавсифҳову суварҳое чун "бераҳмии маъшуқа", "ноошноии фалак"-ро, ки дар адабиёти классикӣ бори муайяни маънавию фалсафӣ бар дӯши худ дошт, дар тасаввуроти ҳунари рӯзгори худ ношойист дониста, ҳамсозии шаклу мазмунро шарти муҳими суханварӣ пазируфтааст. Ӯ фармуда:
Зиндагониҳо ба рағми даҳр то кай, Гулханӣ,
Чанд  гӯӣ:  "ёр бераҳму фалак ноошно»?
Мавзӯи шикояти замон дар адабиёти асри  XIX ва ибтидои асри ХХ майлу мазмуни нав,  мундариҷаи иҷтимоӣ  касб намуда, ба ҳукми «проблемаи аср» матраҳ шудааст. Шоирон андешаҳои пуразоб ва   ошӯбангези худро дар бораи рӯзгор перомуни шикоят аз замон баён намудаанд. Шикваҳои шоирон ағлаб зимни образи таъмими  иҷтимоӣ - ахлоқии фалак ифода гардида, тавассути он ниҳоди рӯзгор бо ҳама зиштиҳои маънавияш дар шаклҳои гуногуни зеҳннишини бадеӣ манзур шудаанд.
Метавон гуфт, ки “Нирайни  фалак” - Мавлоно Хиргоҳи  Балхӣ  аз чунон асарҳое  мебошад, ки саросар перомуни фалаку ҷойгоҳи он дар адабиёту шеър сухан меронанд ва сувари андешаву эҳсоси онро бо ҳунари воло месароянд. Ин рубоӣ  намунае аз ашъори ӯст:
Девонагиям ба кӯҳу водӣ овард,
Ғамро ба дилам ба ҷойи шодӣ овард.
Ишқи ман агар туро ба беҳрамӣ бурд,
Ҳусни ту маро ба номуродӣ овард.
Дар тасвири ин мавзӯъ  рою равон ва бунёди  фалсафии суханварии давраи классик таҷдид  гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки ситоишу накуҳиши замона дар адабиёти классики форсӣ ҷанбаи кайҳонию фалсафӣ дошт. Донишманди  тоҷик Акбар Турсон ҷиҳати умдаи ин  масъаларо чунин ба қалам овардааст: "Ситоишу сарзаниши замона аз мавзӯъҳои асосӣ ва анъанавии адабиёти классикии тоҷику форс будааст. Аз як сӯ, коҳишу шикоят аз гардиши айём, ки ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ "на бар қоидаи дилхоҳ аст", аз сӯи   дигар, васфу парастиши даври  гардун, ки аз он набояд ғам хӯрд, зеро ба қавли Ҳофизи Шерозӣ, бо вуҷуди он ки вай "ду рӯзе бар муроди мо нагашт",  ҳолаш "доимо яксон намонад".
Худ аз ин ҷост, ки чун дар суханварии пешин пиндорҳои ҳунариву фалсафии  “фалаки буқаламун”, ки гоҳ чунину гоҳ чунон ҷилва мекунад, чун намойиши пайкори некию бадӣ ба гардиш меоянд.
Мавлавӣ Холмуҳаммад Хастаи Хатлонӣ дар “Буқаламун” ном  асари хеш, ки дарунмояи он ситоишу накуҳиши замон, некию бадӣ, паймонманишиву бевафоӣ, орзуву омоли инсонро фаро гирифтааст, замонро дар шитоби  рӯзгор мебинад:
Гаҳ дар алами шитову гаҳ дар ғами сайф,
Коҳил ба қалам шудему ғофил аз сайф.
На тӯшаи ин, на барги он дар кафи мост,
Бигзашт зи мо умри гиромӣ, сад ҳайф.

Бар паёмади фасоди зиндагии сиёсиву иқтисодӣ, коҳиши маънавиёти ҷомеа ва якҳангом неру гирифтани ҷанбаи риёлистии суханварӣ ҷои тандисаи таъмимии "фалаки буқаламун" - ро диди ҳунарии "фалаки каҷрафтор" дар адабиёт фаро мегирад. Дар ин раванд дар суханварӣ ба ҷои таносуби ахлоқии "некию бадӣ", "хайру шар" - и оинии адабиёти классикӣ мафҳуми анисони иҷтимоии "каҷиву ростӣ” ҷойгузин мешавад. Аз ин рӯ, дар адабиёти давраи мавриди нигариш пиндори ҳунарии "фалаки каҷрафтор" ба маънои аз қолабу меъёр ва низом баромадани қонуни зиндагӣ ва ё ба расми қонун даромадани бенизомию бенасақӣ, аз роҳи рост баргаштани замона баррасӣ шудааст.
Каҷӣ андеша бошад чун камон ин даҳри каҷравро,
Ки бар хокаш барад сад тирро охир камони каҷ.

Дар раванду гароишҳои гуногуни адабии давр мавқеи назари шоирон ба мафҳуми "фалаки каҷрафтор" ба таври мухталиф зоҳир гардидааст. Вале ҷиҳати умда дар адабиёти нимаи якуми асри ХIХ аз он иборат аст, ки шоирони озодманишу додпӯ ашъори худро бо эҳсосоти баланд алайҳи бедодиву нокомиҳои замона дар ҷомаи шикваву гилоя аз "фалаки каҷрафтор" ифода намудаанд.
Ман, ки як рӯз аз фалак ногашта бошам шодком,
Айб набвад, гар кунам сад ҷо шикоят, эй рафиқ.

Аз ин ҷост, ки шоирон дар шикваву гилоҳои хеш сарафкандагӣ дар рӯёрӯйи забуниву бедодӣ, нокомиву ноумедиҳоро пеша накардаанд, балки худро "зӯру забардаст," озодманиш дошта ва аз нигоҳи биниш ба поёнмандии рӯзгорони патёра, костагиҳову каҷрафториҳои он, ба озодагиву ростӣ ва ободиву хушзистӣ умедворанд ва дар ин роҳ кӯшишу талошҳоро басанда накардаанд. Ин байти Махмур бар ин гувоҳ мебошад:
Эй фалак, дар бораи мо зулми беҳад то ба кай ?!
Мо - асирон дар тилисми мардуми бад то ба кай?!

Тавре бармеояд, шикояти шоир аз фалак миқёсу меъёри ҷаҳонӣ касб намуда, мазмуни иҷтимоию сиёсӣ ва хислати мушаххаси миллию озодихоҳӣ пазируфтааст.
Аз ин рӯ, дар адабиёти классикӣ мафҳуми бадеию фалсафии фалак таҳти ибороти суннатии "фалаки каҷрафтор", «фалаки ҷомакабуд», “фалаки одамкуш”, “фалаки қаландарӣ”, «фалаки чормодарон» «фалаки даштӣ», «фалаки донишмандкуш», «сипеҳри сифлапарвар», «рафтори абнои ноқобили замона», «сарнавишти вожгун», «чархи золим», «даврони забун», «бахти дун», «афғони беасар», «золими мардум» ва амсоли инҳо баён шудааст.
Ин мавзӯъ дар осори шоирони адабиёти асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ чун давомдиҳандаи оинҳои вижаи адибони пешин идома ёфта, бо мавзӯву мояву оҳанги хеш дар доираи адабиёти Хатлон дар эҷодиёти Шоҳин, Ҳоҷӣ, Носеҳ, Абдурраҳимӣ, Ибни Ҳодӣ, Хотирӣ, Муҷрими Роғӣ, Бисмил, Мирзо Қадам, Аламӣ, Ҳомилӣ, Мавлоно Холмуҳаммади Хаста ва Кулфатӣ мақому мавқеи худро ёфтааст.
Дар адабиёту мусиқии тоҷик зимни ин падидаи лаҳнӣ ду мафҳуми мушаххаси фалаки кӯлобиву бадахшӣ маъмуланд ва ҳамчун истилоҳи хоси адабиёт пазируфта шудаанд. Фалаки кӯлобӣ падидаи мураккаб буда, аз ибтидо ба ягон маросиме вобаста набуда, аслан дар ду навъ - фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ чун жанри мустақил нашъунамо кардааст. Фалаки даштӣ ё ғарибӣ гунае пеш аз фалак буда, аз рубоиву дубайтӣ созмон ёфта, ангезааш ҳамеша андуҳ мебошад.
Фалаки роғӣ бошад, панҷ гунаи жанрии ин падидаи ҳунарӣ: фалаки равонӣ, фалаки паррон, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки чормодаронро фаро гирифта, дар жанрҳои рубоӣ, дубайтӣ, ғазал ва дигар шаклҳои шеърӣ дида мешавад.
Шикваи шоирон аз фалак паҳнову андозаи ҷаҳонӣ пайдо карда, бардошти мардумзистиву кишвардорӣ, чигунагии вижаи милливу озодихоҳона пазируфтааст. Шигифто, ки бархе аз пажӯҳандагон осори фалакиро ҷуз вижагии адабиёти шифоҳӣ, ё худ фолклор надонистаанд. Чунонки мо дар боло ёд кардем, сарводаҳои шоирони классик саросар аз чеҳраи фалак обу ранги ҳунарӣ гирифтаанд.
Овозхонони ин давр ба монанди Абдии Шингонӣ, Сафари Байтгӯ, Карими Шиш, Ҳошим Қосим, Назари Сафедобӣ, Ғуломи Сафедобӣ, Раҷабмади Доғистонӣ, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдурауф Султон (Булбул), Муҳаммадсафар Муродов, Қорӣ Мадохир, Қорӣ Давлат, Давлатманд Холов, Муродалӣ Холов дар сурудани фалак шуҳрат ёфтаанд.
Ҳамин тавр, зарур аст, ки фалак бештару беҳтар омӯхта шаваду таҳқиқу тарғиб гардад. Он, воқеан, муаррифгари мусиқӣ ва адабиёти пурғановати миллати мо маҳсуб мешавад.
А. АБДУРАҲИМОВ, 
мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти  ба номи Абуабдуллоҳи   Рӯдакии  Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, номзади илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2017    №: 157,158    Мутолиа карданд: 918

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед