logo

фарҳанг

ТОҶИКОН ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Номи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон,  дар таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Устод бо ҳама машаққатҳо, зулмҳои замона маҳв нагардиданд, баръакс зистанд, илм омӯхтанду эҷод карданд ва бо эҷоду  таҳқиқоти илмияшон тоҷиконро ҷаҳонӣ намуданд. Имрӯз корнамоиҳои беамсол, часпу талошҳо, ҷонфидоиҳо ва худқурбонсозиҳояшонро медонанд ва арҷ мегузоранд. Воқеан, нафареанд, ки ба таҳдидҳои душманони ошкору ниҳон бо матонату шуҷоату далерию мардонагӣ посух гуфтанду пирӯз гардиданд.
Солҳои пеш аз тақсимоти миллӣ – маъмурӣ дар Осиёи Марказӣ душманони миллати тоҷик бо тамоми қувва мекӯшиданд, ки тоҷиконро ӯзбекони забонгумкарда  муаррифӣ намоянд. Ин боз дар ҳоле буд, ки уламою удабои эронӣ забону адабиёти моро эътироф намекарданд, давлати ҳамҷавору ҳамдину ҳамзабони мо – Афғонистон ба кашмакашиҳои худ банд буда, дар фикри тоҷикони он сӯйи дарёи Аму  набуданд. Миллати тоҷик, забони чандинҳазорсолааш бо ҷаҳди Садриддин Айнӣ ва ҳаммаслаконаш аз нав эҳё гардид. Баъзе пантуркистон – душманони забону миллати тоҷик ба олам ҷор мезаданд, ки тоҷикон забони адабӣ ва китобӣ надоранд. Ҳарчанд ки мо  дар зери таъсири тарғиботи нодурусти замони аввали инқилоб қариб аз таъриху фарҳангу забону адабиёти оламгири худ маҳрум ва онҳоро фаромӯш карданӣ шудем, дигар халқҳо порае аз забону таъриху фарҳанги халқи моро дуздида, худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Бо вуҷуди ҳама ҷабрҳову ноадолатиҳои давр забони тоҷикӣ забони аҳли адаб, илм ва фарҳанги Осиёи Марказӣ буд.
Устод Айнӣ бо таълифи «Ҷаллодони Бухоро», «Таърихи амирони манғит», «Одина»,  «Мактаби куҳна» ва «Намунаи адабиёти тоҷик» чи мақом доштани халқи тоҷик ва ин миллатро собит сохтанд. Ба ин васила мақоми забону фарҳангу миллати тоҷикро нигоҳ доштанд. Аз ин рӯ, беш аз ҳарвақта ба қадри ин  устоди ҷонфидо ва оламшумул мерасем, осори мондагорашро такрор ба такрор нашр менамоем, саъю талошҳояшро барои ҳифзу пойдории забони тоҷикӣ ва адабу фарҳанги миллат доимо пеши назар меорем. Ин барои ояндагон беҳтарин сабақ маҳсуб мешавад.
Вақте ки саҳифаҳои нахустин рӯзномаи тоҷикии баъдиинқилобӣ - «Овози тоҷик»-ро варақгардон мекунем, эҳсос мешавад, ки Садриддин Айнӣ ва ҳамсафону ҷонибдоронаш барои барқарор намудани ҳақиқати таърихӣ, мавқеи забони тоҷикӣ, чи қадар заҳматҳо кашидаанд.
Устод  Садриддин Айнӣ дар мактуб ба фарзандаш Камол Айнӣ 13 марти соли 1949 навишта буд: «...Вақте ки ман «Намунаи адабиёт»-ро навишта баровардам, ҳама шарқшиносҳо ба ман муқобил баромаданд ва онҳо забони адабӣ доштани халқи тоҷикро инкор карданд ва ҳама гузаштагони моро, ҳарчанд дар Мовароуннаҳр расида бошанд, ба минупулиёи (монополияи, инҳисори) Эрон додан хостанд. Ин, аз як тараф, ба ҳақиқати таърих мухолиф бошад, аз тарафи дигар, ба сиёсат мухолиф буд, чунки дар ҳамон вақтҳо тақсими ҳудуди Осиёи Миёна шуда, тоҷикон ҳам ба сифати як миллати мустақил шинохта шуда буданд. Аз ин хатои шарқшиносон понтуркистон истифода бурда, будани тоҷикҳоро дар Осиёи Миёна инкор карданд ва «Тоҷикон ӯзбаконеанд, ки бо таъсири эрониён забони худро гум кардаанд» гуфтанд. Ин ҷанҷол то солҳои 1928 – 1930 рӯз то рӯз шиддат карда, давом намуд. Дар соли 1929 дар Тошканд конфронси ба алифбои лотинӣ гузаштани тоҷикон барпо шуд. Як қисмати шарқшиносон гуфтанд, ки:  «Тоҷикон ҳастанд, аммо забони адабӣ надоранд. Ин забони адабие, ки дар вай шоирони гузашта ва ҳозираи Осиёи Миёна шеър мегӯянд, аз они Эрон аст. Бояд дар асоси забони кӯчагӣ барои тоҷикон забони адабӣ аз нав сохта шавад». Дар он вақт бисёр шӯрида, мунозира кардем, аммо онҳо аз қавли худ нагаштанд. Баъд аз он дар соли 1930 дар Самарқанд конфронс шуд, аммо дар пешгоҳи золи маҷлис бо хати ҷалии (равшани) настаълиқ «Тоҷикон забони тоҷикии ҳазорсола доранд ва то имрӯз давом намуда омада, баъд аз ин ҳам ба сифати забони адабии советии тоҷик давом хоҳад кард» навишта мондем. Ин масъала дар ин маҷлис ҳам ҳал нашуд, яъне мухолифон даъвои моро қабул накарданд.
Баъд аз он дар ҳамон сол дар Истолинобод (Душанбеи ҳозира) конфронсе барпо шуд. Дар он ҷо ман бо пруфисур Андриюф дастбагиребон шуда, ҷанг кардам (дар ин ҷанҷолҳо лидер танҳо ман будам ва баъзе касон фақат ба хотирхоҳии ман ба ман ёрӣ медоданд).
Баъд аз ин мунозираҳо шарқшиносон, аз ҷумла Бертелс ва Болдируф, розӣ шуданд, ки адабиёти тоҷикро аз асри 15 – 16-уми мелодӣ инҷониб дар ҳудуди Мовароуннаҳр қабул намоянд. Аммо шоирони гузаштаро тамоман ба Эрон додан хостанд.
Мо ба ин суханони бемантиқ гӯш накарда, кори худро давом додем: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Буалӣ Сино, Ҳофиз ва дигаронро аз они худ гуфта, навишта баромадан гирифтем. Ман дар охири муқаддимаи Саъдӣ (китоби «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ») исбот кардам, ки Саъдӣ худашро тоҷик гуфтааст. Аммо маҳз ба хотири оммаи шарқшиносон ман шоиронеро, ки дар Эрон ва Хуросон рӯидаанд, шоирони “форс - тоҷик” гуфта унвон додам...».
Ҳамин тавр, ин устоди забардаст то ба лаҳзаҳои охири ҳаёташон барои ҳифзу пойдорӣ, покизагии забони ноби тоҷикӣ бе эҳсоси хастагӣ, бо тамоми неру заҳмат кашиданд. Барои муаррифии бештари забон, адабу фарҳанги миллат худ асарҳои илмиву адабӣ, публисистӣ таълиф карданд. Ба зидди душманони миллат ва забону фарҳанги он баромаданд. Ҳамзамон як гурӯҳи адибону олимонро дар мактаби худ ба воя расонданд. Табиист, ки дар ин маврид душманон барои ҷисману рӯҳан маҳв намуданашон фитнаҳои зиёд ангехтанду тадбирҳо андешиданд, аммо муваффақ нашуданд.
Устод Айнӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳо, ки муаррифгари миллат шуда метавонистанд, маслиҳату дастурҳои муфид медоданд. Махсусан, дар ривоҷи мусиқии миллӣ ва пайванди он бо мусиқии касбии ҷаҳонӣ саҳми чашмрас гузоштаанд.
Устод Айнӣ медонистанд, ки бо аз байн рафтану маҳв гардидани забон миллат низ завол меёбад. Ҳамчунин, бо нестии он адабу фарҳанги қадимааш низ рӯ ба фано меорад. Албатта, дар ин мавриди ногувор ниёгони пуршарафамон ҳеҷ гоҳ моро намебахшиданд. Ин ҳақиқатро устод ба шогирдон ва аҳли зиё пайваста изҳор медоштанд.
Агар ба дидаи ҳақиқат бингарем, бармало ошкор мегардад, ки дар он рӯзгори пурошӯб бархе аз зиёиён аз тарси ҷон ва ҳам ба хотири манфиатҳои шахсӣ дидаву дониста ба рағми миллату сарсупурдагонаш овоз баланд карданд. Мавҷудияти ин забонро  ҳамроҳи душманони миллат зери шубҳа қарор доданд.
Ҳимояи миллат, забони ноби он, адабу фарҳанги волояш ҷонфидоиро тақозо дошт. Устод Айнӣ бо дарки он аз ҳеҷ гуна хавфу хатар натарсиданд ва ин роҳро интихоб намуданд.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2017    №: 157    Мутолиа карданд: 561

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед