logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

«РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ» ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО
«Роҳи бузурги Абрешим» - бо шунидани ин ибора корвони пур аз молҳои аҷиб пеши назар меояд, ки аз биёбонҳои гарм, қуллаҳои кӯҳ, бо хатарҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда, давоми моҳҳои зиёд, аз шаҳрҳои сарсабзу бойи баҳри Миёназамин, кишварҳои Шарқи Наздик тавассути Осиёи Марказӣ ба сӯйи «одамони абрешим» (дар давраи антиқа хитоиҳоро чунин ном мебурданд) мерафтанд. Магар чунин роҳ дар ҳақиқат мавҷуд буд ва он чӣ тавр мегузашт?
«Роҳи бузурги Абрешим» дар интиқоли арзишҳои моддӣ ва фарҳангӣ нақши бузург дошта, тамаддунҳои нотакрори Шарқи Наздик, Миёна, Дур ва Осиёи Марказиро ба ҳам пайванд сохтааст. Худи номи «Роҳи бузурги Абрешим»-ро аввалин маротиба ҷуғрофишиноси немис Фердинанд фон Рихтхофен соли 1877 истифода бурдааст. Таърихи «Роҳи бузурги Абрешим» аз рушду нумӯи тамаддунҳо шаҳодат медиҳад. Шаҳрҳо, динҳо аз байн мерафтанд, халқҳо аз арсаи таърих дур мешуданд, пайроҳаҳои фарсуда ва корвонсаройҳо зери қум мемонданд, вале онҳоро рагҳои нави роҳи шимолӣ ё нишебиҳои ҷануби қади баландкӯҳӣ иваз мекарданд. «Роҳи бузурги Абрешим» таърихи худро дорад, ки ба қаъри ҳазорсолаи II-I пеш аз мелод рост меояд. Аз ин хусус бозёфтҳои археологии зиёд шаҳодат медиҳанд. 
«Роҳи бузурги Абрешим» аз Тоҷикистон ҳам гузаштааст. Муаррихон онро ба чор самт тақсим кардаанд. Аввалин роҳ «Суғдӣ» мебошад. Он аз масири Қӯқанд - Исфара - Конибодом-Хуҷанд - Истаравшан - Шаҳристон-Айнӣ-Панҷакент - Зарафшон - Анзоб - Душанбе мегузарад. Дуюм роҳ «Қаротегинӣ» мебошад. Масираш: Тирмиз - Деҳнав - Турсунзода - Ҳисор - Душанбе - Кофарниҳон - Файзобод - Рашт - Ҷиргатол - Дорут - Қӯрғон - дараи дарёи Қошғар (Чин) мебошад. Самти сеюм «Ҷанубӣ»  буда, Душанбе - Норак - Данғара - Ховалинг - Ҳулбук - Рустаӣ - Фархор -  Панҷ - Колхозобод - Қӯрғонтеппа - Қубодиёнро дар бар мегирад. Роҳи чорум «Масири бузурги Помир» аст, ки аз Балх оғоз шуда то Файзобод – Борпанҷа идома меёбад. Роҳи чорум се шоха дорад: Вахон, Шуғнон ва Қаротегин - Помир. Дар ҳар кадоми шаҳру ноҳияҳои овардашуда нишоне аз таъриху тамаддуни ғании халқи тоҷик мавҷуд аст.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН


АЗ «БАЙТ» ТО БАЙТХОНӢ
Маънои луғавии «байт» хона, хонаи иқоматӣ аст. Маънои истилоҳии он хурдтарин воҳиди шеъри суннатӣ маҳсуб мешавад, ки иборат аз ду мисраи ба ҳам пайваста мебошад. Ҳар ду ҳам калимаи арабист. «Байт хондан»-ро дар луғатҳову қомусҳо, аз ҷумла «суруд хондан» шарҳ додаанд. То чанд сол пеш он дар гуфтугӯ фаровон истифода мешуд. Баъдҳо мавқеаш танг гардид. Яқин, ки имкони фаромӯш сохтану аз миён рафтани он ба вуҷуд омадааст. Бархе пиндоштаанд, ки ин ифода шевагӣ мебошаду ба маҳалле тааллуқ дорад. Дар асл чунин нест. Мебоист он мавриди таҳқиқи ҷиддии забоншиносону фарҳангшиносон қарор мегирифт. Мақсад шинохти бештари «байтхонӣ», «байт хондан» ва ҳам мавқеи устувори онро нигоҳ доштан аст. Низомии Ганҷавӣ дар достони «Лайлию Маҷнун» - аш аз ин ифода ва ҳам ба ҳамин маъно бисёр истифода мекунад. Пеш аз он зикри «суруд»-у «сурудаҳо»-ро менамояд:
Мегуфт сурудаҳои корӣ
Мехонд чу ошиқон ба зорӣ.
Яъне, ин «байтхонӣ»-и одӣ нест. Ҳолат низ фарқкунанда мебошад:
Ҳар шаб зи фироқ байтхонон
Пинҳон бишудӣ ба кӯйи ҷонон.

Дар бӯса задиву боз гаштӣ,
Боз омаданаш дароз гаштӣ.

Пазироӣ ва қабули он низ аз ҷониби мардум дар ин маврид тафовут дорад:
Ҳар байт, ки омад бар забонаш,
Бар ёд гирифт ину онаш.
Умед аст, ки «байт»-у «байтхонӣ»-ро бозпас меорему мавқеашро пойдор менамоем.
Абдулқодири РАҲИМ


НАСИҲАТИ МОДАР
Замони пеш ҷавоне хост касбу ҳунар омӯзад. Модар 100 динор ба ӯ дода, насиҳаташ намуд: «Писарам, ҳеҷ вақт дурӯғ нагӯ. Зеро наҷот дар ростист». Ҷавон роҳи сафарро пеш гирифт. Аз саҳрое мегузашт, ки бо дуздон рӯ ба рӯ шуд. Онҳо пеши роҳи ҷавонро гирифта пурсиданд:
- Бо худ пул дорӣ?
- Бале, 100 динор дорам, - ҷавоб дод ҷавон.
Дуздон ҳайрон шуданд, зеро одамон вақте бо роҳзан рӯ ба рӯ шаванд, молу дороии худро пинҳон медоранд.
- Ту магар девона ҳастӣ, ё моро масхара мекунӣ? – хандида пурсид яке аз роҳзанҳо.
- Девона нестам, масхара ҳам намекунам.
Роҳзанҳо ҷавонро назди сардорашон бурданд.
- Чаро 100 диноратро пинҳон накардӣ? - пурсид сардори роҳзанҳо.
- Модарам маро ба ростгӯӣ дастур додааст, бинобар ин, нофармоӣ намекунам, - оромона ҷавоб дод ҷавон.
Ин вақт сардори роҳзанҳо ба гиря омада, сар ба сукут рафт. Баъд аз ҷо хесту ҳар ду дасташро болои китфони ҷавон гузошта гуфт:
- Метарсӣ, ки агар дурӯғ гӯӣ, модарат нороҳат мешавад? Ман бошам як умр модарамро нороҳат намуда, аз он андеша ҳам накардаам. Писарам, ту ба ман дарси муҳиме додӣ!
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


САРҲИСОБИ ИШҚ
Ҷоизаи машҳури Нобел ба математикҳо дода намешавад. Ин бесабаб нест. Аниқтараш, сабаби он ҳодисае гардид, ки дар қалби Алфред Нобел доғи абадӣ гузошт.
Гап сари он, ки Алфред дар ҷавонӣ хеле шармгин ва дамдузд буд.   Танҳо ҳузури Анна Дезри ном нозанин ба ӯ ҷасорат мебахшид. Алфред бо Анна то нимаҳои шаб ҳазлу шӯхӣ кардан ва дар ҳар мавзӯъ хони баҳс оростанро дӯст медошт. Мегӯянд, ки ишқи Дезри ӯро шоир ҳам карда буд. Бо шеър ба Анна изҳори муҳаббат менамуд. Анна Дезри муҳаббати Нобелро ҷиддӣ қабул накарда, онро саргармие беш намешумурд.
Дар ин миён Анна бо Франс Лемарж ном ҷавоне вохӯрда, ба ӯ дил баст. Франс математик буд.  Алфред дар симои Франс рақиби пурзӯреро дида, ҳузураш дар шабнишиниҳои расмӣ ӯро безобита мекард. Инро дида, дили Анна ба Алфред месӯхт. Зеро медонист, ки Франс он қадар ҳам математики қавӣ нест. Дар яке аз ҷамъомадҳо Анна бартарии Алфредро нишон доданӣ шуда, ҳалли яке аз масъалаҳои одии математикиро аз ҳар дуи онҳо хоҳиш намуд. Нобел, ки ихтиёрро аз даст дода буд, масъаларо ҳал карда натавонист.
Баъди ин Нобел гирифтори депрессия шуд. Онро фоҷиаи бузурги ҳаёташ низ номид. Танҳо дар пиронсолӣ тавонист, ки каме ба худ омада, ба соҳибҷамоле бо номи Софи оила бунёд намояд. Вале, бо ин ҳам натавонист, ки ишқи Анна Дезри ва як навъ бадбинӣ нисбат ба математикҳоро аз қалбаш берун созад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ЛУТФИ БУЗУРГОН
Обаш бисёр
Композитор Гаэтано Донитсеттиро барои шунидани операаш «Нӯшобаи сеҳрангез» ба яке аз театрҳои машҳури Аврупо даъват менамоянд. Баъд аз тамошо журналистон аз муаллиф мепурсанд:
- Нӯшоба чӣ тавр?
- Обаш бисёр, - посух медиҳад маэстро.

Хонаи бекунҷ
Асарҳои меъмори машҳур Ле Корбузйе аз кори дигар ҳамкасбонаш бо он фарқ мекард, ки қариб ҳамаашон доирашакл буданд.
Боре яке аз мухлисонаш аз ӯ мепурсад, ки чаро ӯ бештар ба ин услуб майл дорад.
- Маро дар хурдӣ барои беқарориам ҷазо дода, дар кунҷи хона рост мемонданд, - мегӯяд Л. Корбузйе. – Ҳамон вақт ба худам қавл додам, ки калон шавам ҳатман меъмор мегардаму танҳо хонаҳои мудаввар, яъне бекунҷ месозам. 

Асбоби бесим – нақора
Паганинии бузург ҳини яке аз ҳунарнамоиҳояш чунон ба эҳсосот дода мешавад, ки зери фишори ангуштонаш торҳои скрипка кандан мегиранд. Қисмати зиёди асарро ӯ маҷбур мешавад, ки бо як сим иҷро намояд.
Пас аз консерт яке аз мухлисони баваҷдомада мепурсад:
- Шумо метавонед, ки умуман бо скрипкаи бесим оҳангеро бинавозед?
- Оре, - посух медиҳад Паганини, - агар нақора бошад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
Тӯли қарнҳо афроди илмҷӯ ва навовар бо кашфу ихтирооти беназир номи худро  дар авроқи заррини таърих  барои абад сабт намудаанд. Ва ҷои баҳс нест, ки номҳои Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Николай Коперник, Исҳоқ Нютон, Михаил Ломоносов, Христофор Колумб, Фаддей Беллинсгаузен ва ҳазорҳо олимону кашшофони дигар аз лавҳи хотири инсоният ҳаргиз  зудуда нахоҳанд шуд. Дар иртибот ба ин, рӯзномаи «Ҷумҳурият» тасмим гирифтааст,  дар бораи мавзеъҳое, ки ба номи ҷаҳонгардони бузург гузошта шудаанд, барои муштариёни хеш маълумоти мухтасар пешкаш намояд.
1. Ҷазираи Врангел
Он дар нуқтаи дуртарини қутби шимол – уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ воқеъ аст. Ҳарчанд ҷазираро муҳаққиқи бритонӣ Ҳенри Келлетт кашф карда бошад ҳам, он ба номи адмирал ва дарёгарди бузурги рус Фердинанд Врангел, ки дар олам чун таҳқиқотгари соҳили шимолу шарқии Сибир ва соҳили ғарбии Амрикои Шимолӣ (аз гулӯгоҳи Беринг то Калифорния) маъруф мебошад, гузошта шудааст.
Зеро маҳз ба баҳрнавардони рус, дар ҳайати киштии яхшикани «Вайгач» (соли 1911), мушарраф гашт, ки аввалин шуда дар ҷазира парчами давлатиашонро барафрозанд.
Бино ба маълумоти муҳаққиқон, ҷазираи Врангел аз охирин давраи яхбандӣ барканор монд ва ҳоло дар он басо ҳайвонот ва гиёҳҳои ноёбу нодир мавҷуданд, ки дар ягон ҷазираи арктикии дунё ба чашм намерасанд. Соҳибони аслии ҷазира моржҳо, хирси сафед ва қозҳо мебошанд. Бахусус, теъдоди моржҳо хеле зиёд аст ва ба гуфти олимон шумораи онҳо ба 130 ҳазор мерасад.
Ба хотири табиати нотакрораш ҷазираи Врангел ҳамчун мероси башарият аз соли 2004 дар зери ҳимояи ЮНЕСКО қарор дорад. 
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


«SAMSUNG» "ҶАНГ" БО РОНАНДА
Ҳангоми мошинронӣ бо телефони мобилӣ гуфтугӯ кардани ронандаҳо ҳодисаи муқаррарӣ гаштааст. Дар баробари ин, ронандаҳои чаққоне ҳам кам нестанд, ки SMS-паёмак мефиристанд.
Ширкати «Samsung» ба чунин ронандаҳои «ҷасур» ҷанг эълон карда, барои телефонҳои мобилӣ замимае рӯйи кор меорад, ки вақти идораи автомобил ронандаро аз имкони паёмакфиристӣ маҳрум месозад. Тавассути замимаи нав ба ҳама иттилооти воридшаванда ба таври автоматӣ посух дода мешавад.
Моҳияти навоварии ширкат дар он аст, ки сенсорҳои смартфон ва GPS ҳангоми машғули мошинронӣ будани муштарӣ аз ҷавобҳои тайёр мувофиқашро интихоб ва ирсол мекунад.
Айни замон, замимаи нави телефони мобилӣ дар Нидерланд мавриди озмоиш қарор дорад. Он ду шакли посухро пешниҳод менамояд: «Ман паси чанбарам ва ҷавоб дода наметавонам» ва ҷавоби ҳазломези тасвирӣ. Дар ширкат мегӯянд, ки ин қадами аввал буда, дар кӯтоҳтарин муддат теъдоди паёмакҳои автоматӣ ба таври геометрӣ афзун мешаванд.
Таҳияи Барноз ГАДОАЛИЗОДА


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
Аз доди довар то хотираи фил
1. Мағзи сари инсон 80 дарсади маълумоти дар давоми рӯз қабулкардаашро аз хотир мебарорад.
2. Фил ягона ҳайвонест, ки ҳама чизро дар хотир нигоҳ медорад.
3. Соли 1878 аввалин бор дар бозии футбол доварон аз ҳуштак истифода бурданд. То ин дам онҳо дод мезаданд.
4. Соли 1952 ширкати мошинсозии амрикои «General Motors» дар мошинҳои худ кондитсионер насб намуд.
5. Искандари Мақдунӣ 30 ҳазор аскари худро ном ба ном мешинохт.
6. Соли 1867 Алфред Нобел дар Британияи Кабир бори аввал таркиши динамитро ба мардум нишон дод.
7. Дар таркиби чойи кабуд миқдори витамини С нисбат ба чойи сиёҳ 50 дарсад зиёд аст.
Таҳияи
Раҳматулло КАРИМОВ


АШК МАРҶОН
Фотима, шаҳрванди Покистон машҳур бо номи Хонума, бо қатраҳои ашки нодиру фавқулодаи хеш оламиёнро ба ҳайрат овардааст.
Ин духтар то ба воя расиданаш ягон маротиба нагиристааст. «Дар тифлӣ ҳамеша табассум мекард», -  мегӯяд модараш.
Боре Хонума  мехоҳад дар тайёр кардани хӯрок ба модараш кумак расонаду ба тоза намудани сирпиёз оғоз мекунад. Ба тезии оби сабзавот тоб наоварда ашк гирди чашмонаш ҳалқа мезанад... Ин ҳолат барои падару модари Хонума хеле ҳайратовар буд. Аз чашмони фарзандашон на оби дида, балки сангашкҳои ба монанди алмос дурахшон пайдо мешуданд. Падараш, ки заргар буд, ин ҳолатро дида ҳайрон мешавад. Якҷоя бо ҳамсараш аҳд мебанданд, ки ин сирро пинҳон медоранд.
Аммо,  каме баъдтар, падари Хонума қарор медиҳад, ки ашкҳои нодири духтарашро барои ҷалби бештари муштариён дар заргарӣ истифода барад. Ӯ донаҳои алмосро дар ҳалқаю ангуштарин истифода мекард. Ин санги фавқулода барои бештар ба фурӯш рафтани дастранҷи падараш кумак расонд. Онҳо дар рӯшноии офтоб ҷилои аҷиб медоданд. Шакли нави ҷавоҳирот ба харидорон писанд афтод, вале касе асрори аз куҷо дастрас намудани чунин нигинро намедонист. Заргар низ мекӯшид то аз ин асрораш касе огоҳ нагардад. Дертар, олимон аз ин ҳодисаи аҷиб огоҳӣ ёфта, таҳқиқот бурданд. Вале то ҳанӯз чӣ гуна пайдо шудани чунин сангашкро аз организми духтар муайян карда натавонистаанд.
Ба гуфтаи Хонума «ӯро хело кам гиря гулӯгир мекунад. Ҳангоми рехтани ашк низ ягон душвориро эҳсос намекунад. Танҳо сахтии қатраҳои ашкашро ҳангоми мижа задан ҳис мекунаду халос, ки ин ҳолат барояш муқаррарӣ шудааст».
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


15 АСР ДАР ХИЗМАТИ ИНСОН ДАР БОРАИ ЧӮТКАИ ДАНДОНШӮӢ
Инсон ҳамеша дар бораи тозагии баданаш андеша мекард. Махсусан, тозагии дандону даҳон. Бостоншиносон муайян кардаанд, ки  ҳанӯз 1,5 миллион сол пеш инсон бо намудҳои хоси замонаш аз чӯткаи дандоншӯӣ истифода мекардааст.
Чӯткаҳои дандоншӯии нахустин аз чӯбчаҳои дарахт омода карда мешуданд. Онҳоро аз навъҳои махсуси дарахтоне тайёр мекарданд, ки дар таркибашон равғани эфир доштанд.  Ҳоло ҳам дар аксари кишварҳои дунё аз ин намуди чӯтка истифода мебаранд. Бо гузашти вақт намудҳои гуногуни чӯткаҳо аввал дар Чин, баъдтар дар кишварҳои Осиё ва Русия пайдо шуданд.
Табибон таъкид менамоянд, ки шустани дандон ҳар рӯз 2 - 3 маротиба ҳатмист. Вале дар оғози асри 19 чӯтка на барои ҳама дастрас буд ва он чӯткаҳое, ки истифода мекарданд, чандон ба саломатии инсон мувофиқ набуд. Баъдтар, дар охири асри 19 микробиолог Луи Пастер собит сохт, ки аксари бемориҳои вобаста ба дандон ба вирусу микробҳо, аз тоза нигоҳ надоштани дандон ва микробҳои дар чӯтка мондашуда мебошанд. Ним аср сипарӣ шуду мутахассисони амрикоӣ намуди дигари чӯткаро истеҳсол карданд. Баъдан, сол аз сол намудҳои нави чӯткаҳо, аз қабили чӯткаҳои электронӣ истеҳсол мешуданд. Ширкати амрикоии «Hasbro» барои кӯдакон чӯткаи дандоншӯии мусиқидорро истеҳсол намудааст, ки дар давоми 2 дақиқаи мусиқӣ навохтани он  кӯдак метавонад дандонашро тоза кунад.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


ТОРИКИИ ВАҲМАНГЕЗ
Моҳи июли соли 1957 рӯзномаҳои фарангӣ воқеаеро нашр карданд, ки дар ҳаёти ҳамшираи шафқат Мирей Женеи 54 - сола, сокини шаҳри музофотии Арля, рӯй дода буд. Вай зане буд оромтабиат, хоксор, масъулиятшинос. Аз ин рӯ, ӯро бисёр дӯст медоштанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоварданд.
16 июли соли 1957, нисфирӯзӣ хонум Жене, чун одат, ба хонаи  Котилон омад, то ки ба кӯдаки навзод парасторӣ намояд. Тифлро ба аробача хобонда ба сайри боғи шаҳр баромад. Ҳаво офтобӣ буд. Кӯдак ором мехобид. Мураббӣ зери сояи дарахти азим болои хараке нишаст. 
Ногаҳон рӯшноӣ гум шуд, атрофро торикии ғализи ваҳмангез фаро гирифт, ягон чиз ба чашм намерасид. Ин зарбаи офтоб ё чизи дигаре набуд, зеро хонум Жене аз ҳуш нарафта буду ҳолати худро хуб дар хотир дошт.
Тифл бедор шуду баланд гирист. Дар торикӣ палмосида кӯдакро ёфт, ӯро сахт ба синааш ҷафс намуд, то ки ором созад. Атроф ҳамоно торик буд. Шавқуну мағали кӯча, садои парандаҳо ба гӯш намерасиданд, бӯи гулу буттаҳо ба машом намеомад. Хонум Жене шах шуда меистод, ҳатто аз ҷунбидан метарсид. Ба назараш чунин намуд, ки ин ҳол чоряк соат идома ёфт. Торикии ваҳмангез, чи тавре ки ногаҳон фаромада буд, ҳамон тавр ба ногаҳ ғайб зад. Аммо маълум гашт, ки аллакай шом фаро расидааст, ҳаворо пардаи торикӣ мепечонд. Шамоли сард мевазид, чароғҳои боғ фурӯзон мешуданд.    
Мураббӣ аробачаро давонда ба хонаи Котилонҳо расид. Ӯро ашхоси ваҳмидаю тарсида, волидайни гирён пешвоз гирифтанд: маълум гардид, ки хонум Жене бо тифл… се рӯз гум гашта будааст. Пулис, мардуми зиёд ба ҷустуҷӯ баромада, ҳар ваҷаби боғро борҳо аз назар гузарондаанд, вале ҳайҳот онҳоро наёфтаанд.
Дар маҳкама хонум Жене бозпурсӣ шуд, аммо вай танҳо метавонист аз фаромадани торикии ҳавлнок ҳарф бизанад, боқӣ ҳеҷ…
Воқеаи Арле ба шумули ҳодисаҳои шигифтангезу шарҳнаёфтаи асри ХХ шомил аст, аммо ин ягона рӯйдод нест. 2 апрели соли 1904 торикии мудҳиш метрои ноҳияи Уимблдони Лондонро фаро гирифту мусофиронро ба даҳшат афканд. Торикӣ мутлақо ғализ буд, касе ё чизе ба чашм намехӯрд, гӯё, ки ба атроф ранги сиёҳ рехта бошанд.
7 марти соли 1911, соати 16 ба шаҳраки Луисвилли иолати Кентуккии ИМА, торикии мутлақ фаромад. Қариб як соат идома ёфт. Мардум чунон ба таҳлука афтоданд ва корҳое карданд, ки қалам аз тасвираш оҷиз аст. Афсӯс, ки он вақт дастгоҳҳои аккосӣ набуданд.
Посух ба пурсиши он ки табиати ин торикии ваҳмангези ногаҳонӣ чӣ гуна аст, то ҳол нест. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин аломат - имтиҳони Парвардигор аст. Аммо илм дар ҳалли он оҷиз мондааст. Кӣ медонад, шояд рӯзе парда аз рӯи ин асрор бардошта шавад.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2017    №: 159    Мутолиа карданд: 507

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед