logo

сиёсат

ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ФИКРӢ

Андешаҳо перомуни мақолаи С. Ятимов «Илм ва амният», «Ҷумҳурият», 30 майи соли 2017
Чор сол муқаддам мо - як гурӯҳ ҳамсабақон дар маҳфиле оид ба асарҳои безаволи Гегел баҳс мекардем. Ба гуфтаи ҳамон Гертсен «ҷавонӣ ба кадом як гирдоби ғояҳо, ҳиссиёт ва майлу орзуҳо ғарқ шуда, ба ин тарафу он тараф нигоҳ накарда тозон пеш меравад...».  Дар ҳамин айёми нотакрор  касе ба мо лозим буд, ки дар бораи фалсафаи олмонӣ ва нуктаҳои асрорангези он фикр баён кунад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Мо олими тавоноеро дар мисоли Саймумин Ятимов дарёфтем, ки дар сарнавишти фикррониамон нақши калидӣ дошт.

ФАЛСАФА ВА АМНИЯТ
Гоҳо дар баромад ва тренингҳои фалсафӣ нишаста, андеша мекардам, ки фалсафа илми бесарҳад аст. Бинобар ин, бисёриҳо гумон мекунанд, ки як навъ ҷумлапардозиҳои умумӣ низ фалсафа мебошад. Фикр мекунам, андешаи Саймумин Ятимов алгебраи амният ба ҳисоб рафта, нигоҳи ӯ инсонро ба ҳадди комил аз ҳар гуна банду бастҳои маънавӣ озод мекунад, аз олами утопияҳо ва ривоятҳои аз даҳонмонда хиште солим боқӣ намегузорад. Ин фалсафа аз ҳар ҷиҳат заминӣ ва ақлонӣ аст. Ба инсонҳо роҳ нишон медиҳад. Ба саволҳои чаро ва чӣ бояд кард ҳамеша посух додан мехоҳад.

НАВИСАНДА ВА АМНИЯТ
Аз эгоизми инсонӣ бошад ё қазои Яздонӣ дар сарнавишти фарзандони хокӣ як амру амали ниҳилистонае (мақулаҳои номақул) ба баъзе гурӯҳҳои одамон хос шудааст, ки ба «манкуртгароӣ» низ мекашонад.  Аз оғоз то замони мо ин амру амали номатлуб дар ҳамаи замонҳо иддае инсонҳоро ба доми худ мекашад. Ҳаёти онҳоро барбод медиҳад. Бо дасти писар падарро мекушад ва баръакс. Инсон манкурт мешавад. Аз ин рӯ, Чингиз Айтматов навишта буд, ки: «Орзуи аз сифатҳои хусусӣ маҳрум сохтани инсон аз замони қадим то ба рӯзҳои мо муроди онҳое буд, ки даъвои ҷаҳондорӣ, ҳукмронӣ ва фармонфармоӣ доштанд». 
Ҳамин хулосаҳои С. Ятимов воқеият доранд, ки ҳадафи ниҳоии адабиётро дар бунёди амният арзишманд ва бемисл маънидод мекунад. Аз нигоҳи ӯ, «бузургии тафаккури бадеӣ дар тавони дидани воқеоти реалӣ, ҳодисаҳо, равандҳои ҷомеа дар маҷмӯъ, ягонагӣ дар алоқамандӣ бо ҳамдигар мебошад». Адабиёт атом аст? Не! Балки бузургтар аз он. Дар замоне, ки қудрати офариниши инсон ба дараҷаи ҳайратангез расида, роҳи беҳтарини зистанро фаро меорад, аз ҷониби дигар, арзишҳои эҷодгардида роҳи ҳамворро пурпечутоб мегардонанд. Дар гузашта инсонҳоро ба василаи зӯроварӣ ва пӯшондани «пӯсти уштур» манкурт месохтанд. Имрӯз ба тариқи маънавиёт ва навтарин дастовардҳои эҷодӣ ин амалро ба сомон мерасонанд. Инро дар мисоли кинофилмҳо, киноклипҳо, интернет, шиорҳои озодӣ ва ғайраҳо метавон дид.

ҚОБИЛИЯТИ ШИНОХТ ВА АМНИЯТ
Дар тақдиру толеи инсоният ҳеҷ гоҳ монанди имрӯз барои рушд ва инкишофи сохтори тафаккуру тасаввур имконият фаро нарасида буд. Бо вуҷуди дастовардҳо, боз як қатор муаммоҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва экологӣ бани башарро ба ташвиш оварда, олимону сиёсатмадорони беҳтарин барои бартараф намудани он идеяҳои рушдро пешниҳод намуда истодаанд. Ҳаёт бе муаммо буда наметавонад, аммо вазифаи илм ва рисолати олим дар он аст, ки барои башарият роҳи расидан ба зиндагии шоистаро нишон дода тавонад. Аксарияти муаммоҳои умумиинсонӣ сабабҳои нашинохтани воқеиятро доранд. Дар замоне, ки мо онро пасонавгароӣ мехонем, барои рушди инсонҳо зарур аст, ки «анропология» (инсоншиносӣ), «психология ва психоанализ» барин илмҳо боз ҳам васеътар  омӯзонда шаванд. Вақте ки инсонҳо қобилияти шинохт надоранд, ҳар гуна амалро нисбат ба табиат ва ҷамъият бешуурона анҷом медиҳанд. Ғояи ташаббус ва истеъдод аз байн меравад. Ҷойи онро тақлид ва хурофот мегирад. Аз ин рӯ, Саймумин Ятимов дар шинохти моҳияти замони мо кӯшишҳои ҷолиб ва пурарзиш кардааст. Воқеиятро хостааст беҳтар шиносонад.
Таассуроти ман аз навиштаҳои С. Ятимов аз он ҷиҳат хотирмон ҳастанд, ки ин идеяҳо аз ҳаёти амалии халқҳо гирифта шудаанд. Фикру андешаҳои сиёсии ӯ дар сарнавишти халқи мо саривақтӣ ва арзишманд мебошанд. Комилан ӯ гуфтан мехоҳад, ки ҳаёти худро ба нақша гиред, вагарна онро каси дигар ба нақша мегирад. Баҳори умр танҳо як бор мешукуфад ва на бештар аз ин. Нокомиҳои мо аз тақдир не, балки аз интихоб аст.
Ба мо - ҷавонон, махсусан олимони ҷавон зарур аст, ки доираи мутолиаи худро васеъ намуда, аз асарҳои чунин донишмандон, махсусан С. Ятимов истифодаи бештар намоем. Зеро маҳз оқилона ва мутафаккирона омӯхтани асарҳои ӯ метавонад барои таҳкими амнияти фикрӣ ва илмию иҷтимоӣ мусоидат намояд.
Аслиддин САЛИМОВ,
устоди Донишкадаи давлатии
 забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2017    №: 159    Мутолиа карданд: 435

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед