logo

туризм

САЙЁҲӢ. ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ ОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Шаҳри Турсунзода мисли дигар минтақаҳои кишвар дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию рекреатсионие мебошад, ки барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд. Манзараҳои зебову ҷолиби дараҳои Қаратоғу Ширкент, дарёҳои ҳамном ва шохобҳои он, Осорхонаи мардумии Қаратоғ, ёдгории таърихии Хоҷа Нақшрон, деҳаи Пашми Куҳна, Боғи таърихӣ - табиии «Ширкент», катиба Санги бузургвор, Гаҳворасанг, осоишгоҳҳои «Куран» ва “Эдем”, чашмаҳои минералӣ  ва меҳмонхонаву осоишгоҳҳо далели ин гуфтаҳоянд.
Коршиносон иброз медоранд, ки барои ин минтақа сайёҳии экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикорӣ ва таърихиву фарҳангӣ хосанд.
Боғи таърихӣ - табиии “Ширкент” соли 1993 бо мақсади нигоҳдории ёдгориҳои қадима, ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир ва арчазорҳои ҳамешасабзи қаторкӯҳҳои Ҳисор таъсис дода шудааст. Боғ дар масофаи 70 километр аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Бозёфтҳои беҳамтои таърихӣ дар қаламрави парк аз 40 адад зиёданд, ки онҳо ба гурӯҳҳои геологӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ ҷудо мешаванд. Ба гурӯҳи геологӣ бозёфтҳое дохил мешаванд, ки таърихи куҳан дошта, дар гузашта мавҷуд будани динозаврҳоро нишон медиҳанд. То кунун изи динозаврҳо дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Ширкент боқӣ мондаанд. Миқдори умумии изи динозаврҳо аз 400-то зиёд аст. Тақрибан таърихи изи динозаврҳо ба давраи дери Юра рост меояд. Гурӯҳи дигари бозёфтҳоро пармакунӣ, катибаҳои рӯйи санг, осори бузурги туғёни мавҷҳо ва дигар боқимондаҳои табиии давраи қадими мезозой ташкил медиҳанд.
Вале бо вуҷуди чунин дороиҳо  нишондиҳан-даҳо собит месозанд, таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин мавзеъ камтар аст. Мувофиқи ҳисоботи меҳмонхонаҳои шаҳр тайи  шаш моҳи соли ҷорӣ ба ин ҷо ҳамагӣ 40 шаҳрванди хориҷӣ омадааст.
Сабаби инро коршиносон, пеш аз ҳама, дар сатҳи зарурӣ тарғиб нашудан, бепарвоӣ зоҳир намудан, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй набудани ҷойҳои ташрифи сайёҳон, набудани меҳмонхонаҳои сатҳи гуногун мебинанд. Масъалаи дигар маблағгузорӣ нашудани соҳа мебошад. Ба гуфтаи мутахассисон барои ҳалли он таъмини сатҳи мувофиқи менеҷменти давлативу хусусӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, мусоидат ба ташаббусҳои хусусӣ, тартиби системаи самараноки пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ ба бозорҳои ватаниву хориҷӣ, ташаккули фазои иттилоотӣ зарур аст.
Ҷиҳати рушди соҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода «Консепсияи рушди туризм  дар шаҳри Турсунзода  барои солҳои 2009 - 2019»  ва қарори махсус «Дар бораи Барномаи давлатии рушди туризм дар шаҳри Турсунзода барои солҳои 2015 - 2017» қабул гардидаанд. Ин ҳуҷҷатҳо стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатро роҷеъ ба туризм дар сатҳи минтақавӣ дар давраи миёна ва кӯтоҳ муайян менамоянд. Ба гуфтаи мутасаддиён дар доираи барнома баргузории чорабиниҳои гуногун вобаста ба рушди сайёҳӣ ба нақша гирифта шуда, мунтазам амалӣ мешаванд.
Рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин минтақа на танҳо имиҷи кишварро боло мебарад, балки баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ дар шаҳри Турсунзода замина гузошта, барои ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.
Ш. ҚУРБОНОВА, 
Л. РИЗОЕВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2017    №: 159    Мутолиа карданд: 2256

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед