logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ, 7 сентябри соли 2009

Дӯстони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!
Имрӯз дар арафаи бузургтарин рӯйдоди таърихи миллати куҳанбунёдамон 18-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мо аз рӯи анъана барои хизматҳои арзанда дар назди халқу Ватан ва саҳми шоиста дар рушди соҳаҳои гуногун ба намояндагони илму фарҳанг, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ташкилоту корхонаҳо ва идораву муассисаҳо,ба таври расмӣ мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ месупорем.
Дар ин лаҳзаҳои барои ҳар кадоматон хотирмон ҳамаи шуморо барои сазовор гардидан ба унвонҳои олии Ватан самимона табрик намуда, итминони комил дорам, ки шумо нерӯи маънавию ҷисмонӣ, ақлу заковат ва кӯшишу ғайрати худро минбаъд низ барои рушду тараққиёт ва пешрафту ободии Ватани азизамон дареғ нахоҳед дошт.
Ҳаждаҳ соли истиқлолият барои мову шумо мактаби имтиҳону озмоишҳои душвор, бурду бохтҳои созандагӣ, сабақандӯзиву камолот, давраи давлатсозиву давлатдории мустақилонаи миллӣ, солҳои рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт, ҳамчунин марҳалаи бесобиқаи худогоҳиву худшиносӣ ва ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ гардид.
Мову шумо дар давоми ин солҳо паҳлу ба паҳлу истода, барои фароҳам овардани фазои сулҳу субот ва таъмини амнияти ҷомеа, татбиқи ҳадафҳои стратегии истиқлолияти энергетикии кишвар, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва бо маводи озуқавории худӣ таъмин намудани аҳолӣ заҳмат кашидем.
Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоламон фазои мусоиди сулҳу субот ва зиндагии осоишта фароҳам омада, барномаҳои мушаххаси рушди соҳаҳои энергетика, алоқаву коммуникатсия, саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт зина ба зина дар ҳаёт татбиқ мегарданд ва бо меҳнати содиқонаву софдилонаи фарзандони бонангу номуси миллат пояҳои давлатдории миллиамон рӯз ба рӯз таҳким меёбанд.
Бо вуҷуди мушкилоти муайян ва гузашта аз ин, таъсири ҷиддии манфии бӯҳрони молиявию иқтисодӣ мо кӯшиш карда истодаем, ки ҳамаи нақшаву ниятҳои пешгирифтаамонро амалӣ намоем ва муҳимтар аз ҳама, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардумамон муваффақ шавем.
Вале мехоҳам таъкид намоям, ки дар ин шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ мову шумо беш аз пеш ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, зиракии сиёсӣ, ифтихори ватандорӣ, дарки амиқи қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандӣ ниёз дорем.
Гузашта аз ин, мо бояд кӯшиш намоем, ки дар ҷомеаи мо сафи афроди бонангу номус, дорои тафаккури созанда, донишу ақли муосир, соҳибихтисосу коршинос, соҳибмаърифату ботаҷриба ва миллатдӯсту ватанпараст афзояд, ки шумо - ҳозирини мӯҳтарам аз ҷумлаи онҳо буда, бо заҳмати содиқона ва ҳисси баланди масъулиятшиносиатон имрӯз ба мукофотҳои олии давлатӣ сазовор гардидаед.
Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни истиқлол ва сарфароз гардиданатон бо ҷоизаҳои давлатӣ табрик гуфта, хотирнишон месозам, ки ин мукофотҳои олии Ватан рамзи боварии давлату миллат ба ҳар кадоми шумо буда, қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии шуморо дар назди Ватан-Модар ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дучанд менамояд.
Бароятон саломатӣ, сарбаландӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно дорам.
Мукофотҳои олии Ватан муборак бошад!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 555

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед