logo

фарҳанг

КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Дар бунёди муассисаҳои ташаккулдиҳандаи захираи зеҳнӣ ва муҳайё кардани шароит ҷиҳати рушди онҳо мебояд аз дастовардҳои беҳтарини кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ ва технологияи инноватсионӣ пешрафта самаранок истифода намоем. Яке аз ниҳодҳои муҳими дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ ва донишандӯзӣ тарбия намудани насли наврас китобхона аст. Ҳарчанд ба фаъолияти китобхонаҳои кишвар таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат кам нест, то ҳол на ҳамаи онҳо дар ин самт таъсиргузоранд, зеро ағлабашон аз авомили инноватсионӣ маҳруманд. Таҷдиду муҷаҳҳазнамоӣ ва таъминоти муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус китобхонаҳо бо таҷҳизот ва технологияҳои замонавӣ ҳамчун проблемаи муҳим то ҳанӯз боқӣ мондааст. Муассисаҳои фарҳангӣ на танҳо ба маънавиёти наврасон таъсир мегузоранд, балки тарбияи адабию фарҳангӣ, фалсафию иҷтимоӣ, илмию бадеӣ, ахлоқиву эстетикӣ ва ғоявию иттилоотии онҳо низ дар иртибот бо ин даргоҳ инкишоф меёбад. Бояд иқрор шуд, ки вазъияти муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобхонаҳо дар навоҳӣ ва деҳоти кишвар ба қадри кофӣ ҷавобгӯйи талаботи замони муосир нестанд.
Пурсишҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки дар кори китобдории ҷумҳурӣ ду тамоюли носолим реша медавонад. Тамоюли аввал ба кор ҷалб шудани нафарони ғайритахассус аст. Аз ин усули таъйиноти кадрӣ китобхонаҳои поёнӣ низ зарар мебинанд. Чунончи тамоми китобхонаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ имрӯз аз маводи илмию методӣ ва библиографию иттилоотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бебаҳра мондаанд. Ҳол он ки пештар аз ҷониби Китобхонаи давлатии оммавии ба номи Фирдавсӣ ин гуна мавод таъмин мегардид. Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ маркази илмӣ ва методӣ маҳсуб меёбад ва он бояд назорати пурраи китобхонаҳои ҷумҳуриро ба уҳда гирад. Имрӯз китобхонаҳои оммавии ҷумҳурӣ зери тобеияти Вазорати фарҳанг ва китобхонаҳои илмӣ, соҳавӣ, макотиби олӣ ва миёна берун аз назорати Китобхонаи миллии Тоҷикистон қарор доранд ва онҳо аз ёрии илмию методӣ ва библиографӣ бебаҳраанд. Ин тамоюли манфӣ ба китобхонаҳои оммавии ҷумҳурӣ таъсир гузоштаанд.
Тамоюли дуюм ба тобеияти мақомоти маҳаллӣ вогузоштани китобхонаҳои деҳот мебошад, ки дар роҳи инкишофи онҳо мушкилот эҷод намудааст. Аз ҷумла, оид ба масъалаи таъминоти китоб, матбуоти даврӣ, таҷҳизот, маош, таъмири биноҳо, хариди технологияи нав, тайёр намудани кадрҳои китобдорӣ, курсҳои такмили ихтисоси касбӣ, иштирок дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, ки маблағгузориаш ба мақомоти маҳаллии шаҳру навоҳии кишвар вогузор шудааст, касе назорат намекунад. Ин ҳолат фаъолияти китобхонаҳои маҳалро ба касодӣ овардааст. Аз маълумоти пурсишномаҳо бармеояд, ки ғайр аз маош ва қисме аз хароҷоти китобхонаҳои марказии ноҳиявӣ ба фаъолиятҳои дигари китобхона, хусусан барои харидани китобҳои нав аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ қариб, ки маблағ ҷудо намешавад. Фонди китобхонаҳоро адабиёти замони шӯравӣ ташкил медиҳад. Қисми бештари чунин адабиёт бо забони русӣ буда, талқинкунандаи ғояи замони шӯравианд. Таҷҳизоти нав ва технологияи муосири иттилоотӣ ҷои гуфтан надорад. Дар ҳоле, ки беш аз 60 дарсади наврасон дар деҳот ҳаёт ба сар мебаранд ва тарбияро дар муҳити он мегиранд. Дар вақтҳои холӣ, рӯзҳои таътили зимистона ва тобистона кӯдакон ва наврасон аз истифодаи самарноки марказҳои донишандӯзӣ маҳруманд.
Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки аксари муассисаҳои фарҳангӣ дар ҳолати буҳрони кадриву таҷҳизотӣ ва молиявӣ қарор доранд. Онҳо дар иҷрои вазифаҳои асосии худ, хусусан тарбияи насли наврас ба душворӣ мувоҷеҳ мегарданд. Набудани китобҳои нав, матбуоти тозанашр, таҷҳизоти замонавии дастрасӣ ба бойгониҳои электронии китобхонаҳои деҳот ҷозибияти худро гум кардаанд. Мардуми деҳот ба китобхонаҳо иртибот надоранд, чунки бо мазмуни китобҳои мавҷуда аллакай шиносанд. Бархе аз мутахассисони касбӣ баъди хатми факултаи китобдории ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода тарки касби асосӣ менамоянд, ки сабаби асосиаш маоши паст, набудани шароити созгор барои зист ва фаъолияти касбӣ аст. Аз тарафи дигар, китоб ҳамчун манбаи илму фарҳанг ва маънавиёт моҳияти хешро аз даст дода, ҷойи онро интернет, филмҳои гуногуни хориҷӣ ва бозиҳои гуногуни компютерӣ гирифтааст. Бо таъсири интернет аз таблиғоти ҳизбу ҳаракатҳои бегона, ифротгароёну гурӯҳҳои террористӣ бархӯрдор ва бо наворҳои фисқу фуҷур рағбат пайдо менамоянд. Китобхонаҳои деҳоти кишвар аксар ҳусни дилрабо надоранд, балки дороиашон асосан девори похсагии бобоӣ ва рафҳои чӯбини фарсуда аст. Толорҳо бояд бо китобҳои тозанашр, компютеру телевизорҳои рақамии бо шабакаи интернет пайваст, тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз бошанд, ки ҳангоми зарурат хонанда ва ё корманди дигар аз онҳо истифода намояд.
Аксари муассисаҳои фарҳангии деҳот бо иллати мушкилиҳои иброзгашта вазифаашонро наметавонанд ба пуррагӣ иҷро намоянд. Пас, чӣ бояд кард?
Зарурати ба шакл даровардани захираҳои зеҳнӣ тақозо менамояд, ки соҳаи фарҳанг ба самтҳои стратегии кишвар дохил гардида, барои рушди он барномаҳои мақсадноки дарозмуддат қабул ва аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ шавад. Дар ин самт таваҷҷуҳи бештар ба рушди муассисаҳои фарҳангии деҳот, таҷдиди сохтори онҳо, таъминот бо таҷҳизоти муосир, дастрасӣ ба маводи методию роҳбарикунанда, дастгирии молиявии мутахассисони ҷавон, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ, фароҳам овардани шароит баҳри таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои дигар, таҳсил дар аспирантура ва докторантура бояд шавад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази илмию методии тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар тарбияи мутахассисони касбӣ, олимони соҳа ва ба ин васила таъмин намудани тамоми китобхонаҳои кишвар бо маводи илмӣ, методӣ, библиографӣ ва иттилоотӣ саҳмгузор бошад. Дар сохтори он таъсиси пажӯҳишгоҳи соҳавӣ,  академияи китоб, сарредаксия оид ба таъминоти иттилоотии китобхонаҳои ҷумҳурӣ  муфид  аст.
Дар ин самт бояд шароите муҳайё намоем, ки сармоягузорони ватаниву хориҷӣ бештар ҷалб шаванд. Ба кормандони муассисаҳои фарҳангӣ дар пардохти андоз, таъминот бо ҷойи зист, маоши хуб ва корҳои инфиродӣ имтиёзҳо муҳайё кардан ба манфиати рушди соҳа хоҳад шуд.
Қ. БӮРИЕВ,
М. МУРОДӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2017    №: 159    Мутолиа карданд: 413

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед