сиёсат
ҲАРФИ ДИЛИ МАНУ МО
Ҳар як нуктае, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа бахшида ба 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гӯё аз қаъри дили ҳар инсони бедордил, рӯшанфикр, поктинат, ҳақиқатбину некандеш бармеомад.
Президенти мамлакат зимни натиҷагирӣ аз амали даҳсолаи қонуни мавриди назар дар баробари дастовардҳои беназири он, ҳамчунин, аз ҳолатҳои риоя нагардидани муқаррароти ин санади миллӣ аз ҷониби бархе мансабдорону сарватмандон изҳори нигаронӣ карданд. Эроди Сарвари давлат дар ин маврид хеле баҷо буд, чун мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то кунун риоя нагардидани талаботи қонун аз ҷониби мардуми одӣ не, балки ҳамин мансабдорону сарватмандон сурат мегирад. Аз ин рӯ, барои нақзи қонун пешниҳоди ҷазои сангинтар барои ин афрод, ки аз ҷониби Пешвои миллат ҳам садо дод, амри саривақтист. Зеро қонун ва риояи он барои ҳама баробар ва ҳатмист.
Зимни мулоқот пешниҳоди аз аттестатсия гузарондани масъулони бахши дин ва танзими расму оинҳо низ айни мудао буд. Зеро аксари ҳолатҳои қонуншиканиҳои сабтшуда дар ин самт бинобар дониши нокифоя ва бемасъулиятии худи кормандони соҳа сурат гирифтаанд. Аз ин рӯ, ба миён омадани чунин амр бешубҳа, дар коҳиши чашмраси қонуншиканӣ ва риояи пурраи талаботи қонун мусоидат хоҳад кард.
Яке аз дигар масъалаҳои баррасишудае, ки мавриди истиқболи умум қарор гирифт, ин рӯ овардан ба фарҳанги либоспӯшӣ дар доираи суннатҳои миллӣ ва канорагирӣ аз тақлид ба русуми бегона буд. Барҳақ, моро зарур аст, ки дар ин самт ба арзишҳои миллии худ авлавият диҳем ва дар заминаи ҳидоятҳои Президенти маҳбуби кишвар аз бегонапарастӣ даст кашем. Танҳо дар ин сурат метавонем мероси гаронбаҳои ниёгонамонро ҳифз ва онро ба ояндагон мерос гузорем. Ҷаҳони имрӯзро бо чашми дил бубинем ва ба ҷойи маъракаҳои пурхарҷу бодабдаба имконоти молиявии худро барои камолоти фарзандон истифода кунем.
Ато БОҚӢ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон, ноҳияи Спитамен
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.2017 №: 159 Мутолиа карданд: 460