logo

иҷтимоиёт

РАШТ. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ

Дар ноҳияи Рашт тибқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011 - 2020, ки қисмати муҳими онро чорабиниҳо вобаста ба солимгардонии кӯдакону наврасон ташкил медиҳад, корҳои муайяне иҷро шуданд.
Алимаҳмад Солиев, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, вобаста ба тадбиқи барномаи мазкур иттилоъ дод, ки дар натиҷаи  бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷорӣ намудани назорати қатъии санитарӣ дар байни аҳолӣ беморӣ ва фавти кӯдакон назар ба соли гузашта хеле коҳиш ёфт. Аз ҷумла, фавти кӯдакон дар давоми 6 моҳи соли 2017 - 10 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 нафар кам мебошад.
- Тобистони имсола дар муқоиса бо соли гузашта гарм ҳам омада бошад, вале сардии зимистони он боиси нобудшавии аксари вирусҳои сироятӣ гардид,  – мегӯяд А. Солиев. Ҳарчанд сироят ва паҳншавии бемориҳо аз қабили зардпарвин, ва зуком коҳиш ёфта бошад ҳам, вале қисми дигари бемориҳои сироятӣ, яъне мавсимӣ вуҷуд доранд. Яке аз бемориҳои паҳнгардидаи мавсимӣ ин дарунравӣ аст, ки бо зиёд шудани истеъмоли меваҷот рӯ ба афзоиш дорад. Ба паҳншавии бемории мазкур, ҳамчунин, дар растаи бозорҳо зиёд гардидани меваҷоти муҳлати истеъмолаш гузашта сабаб мегардад. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия назоратро аз рӯи фаъолияти фурӯшандагон пурзӯр намуда бошад ҳам, аз ҷониби ашхоси алоҳида меваҳои муҳлаташон гузашта боз ба фурӯш бароварда мешаванд.
Сабаби дигари паҳншавии бемориҳои сироятӣ беаҳамиятии волидони кӯдакон мебошад.  Аксаран, ношуста истеъмол намудани меваю сабзавот сабаби гирифтории онҳо ба бемориҳо мегардад.
Дар ноҳияи Рашт аз аввали сол 1746 нафар кӯдакони бемори синнашон то 5 сола ба қайд гирифта шуд, ки аз он бемориҳои шадиди узвҳои роҳи нафас (ОРВИ) - 509 нафар ва бемории дарунрав - 528 нафарро ташкил медиҳад.
Мутасаддиёни соҳа баҳри солимии ҷомеа пайваста заҳмат мекашанд. Кормандони муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии  ноҳия 14 маротиба суҳбату вохӯриҳо оид ба пешгирии зуком, 3 саҳмия роҷеъ ба бемории дарунравӣ, 10 семинар доир ба бемориҳое сироятие, ки ба воситаи  об мегузаранд, ташкил намуданд. Маводи зиёди кормандони соҳа доир ба бемориҳои сил, бруселлёз, ботулизм ва зуком дар рӯзномаи «Оинаи Рашт» ба чоп расид. 
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2017    №: 160    Мутолиа карданд: 377

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед