logo

фарҳанг

АЙНӢ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ин боғ зи нахли куҳан оростаам,
В-он нахл ба теғи хома пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.
Садриддин Айнӣ

Тавлид, рушду инкишоф ва пешрафти адабиёти навини тоҷикӣ ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ сахт алоқаманд аст. Вақте ба сафҳаҳои эҷод ва кору пайкори ин абармард назар меафканед, бешак, дар симои ӯ як шахсияти мубориз, ҷӯянда, эҷодкор, шоир, нависанда, муаррих, адабиётшинос ва забоншиносро мебинед, ки чун шери жаён барои ҳастии забону миллати хеш мубориза мебарад ва аз ягон мушкиливу монеа ҳаросе надорад.
Дар раванди муборизаҳои устод Айнӣ баҳри бақову ҳастии забони тоҷикӣ чанд нуктаи муҳимро метавон дарёфт, ки ӯ давра ба давра дар асарҳои илмию адабӣ ва мактубҳои гуногунаш ба шоиру нависандагон ва одамони касбу кори гуногун ёдовар мешавад. Ин нуктаҳоро метавон ба соданависӣ, оммафаҳм намудани забон, шарҳу эзоҳи луғатҳо, мавриди корбасти луғатҳо, сайқал додани забон, тавсияҳои гуногуни эҷодӣ ба шоирону нависандагон ва ҳастии забони тоҷикӣ ҷудо кард. Ҷиҳати аз ҳама муҳими ин нуктаҳои устод аз он иборат аст, ки ӯ барои исботи фикраш аз адабиётҳои гуногун, аз асарҳои сарфу наҳвии забон мисолҳои мушаххас оварда, намунаҳои айни замон дар истифода будаи калимаву ибора ва таъбирҳоро, ки дар музофотҳои гуногун истифода мешаванд, нишон медиҳад.
Устод Айнӣ дар асараш «Ёддоштҳо» менависад: «Дар ҳамон вақтҳо (яъне дар вақти бори аввал хондани «Наводир-ул-вақоеъ» дар солҳои 1897-98) ман орзу мекардам, ки «бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд, монанди Аҳмад - махдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда бо забони сода муҷассам кунонда тавонад. Фикри соданависӣ ҳам дар ман баъд аз шинос шуданам бо «Наводир-ул-вақоеъ» пайдо шуд, чунки забони ин китоб ба хонандагони замони ҳозира хеле душвор намояд ҳам (ва дар ҳақиқат хеле душвор ҳам ҳаст), дар он замонҳо, ки ман ба ин китоб ошно шудам, нисбат ба дигар китобҳо ва аз он чизҳо, ки иншонависони ҳамон замон менавиштанд, хеле осон буд».
Далели ин андешаҳои устод Айнӣ забони содаву равони асарҳояш ҳаст, ки ҳоҷат ба шарҳу тафсири онҳо нест.
Устод Айнӣ дар номаи саркушодаи худ ба Пӯлод Толис менависад: «Дар ин ҷо… як роҳи инкишофи забони адабиро ҳам қайд кардан мехоҳам. Ин кор фармудани луғатҳои маҳаллӣ аст. Ба фаҳми ман, дар кор фармудани луғатҳои маҳаллӣ бисёр эҳтиёт кардан, аммо чизҳои нағзи онро аз назар нагурезондан лозим аст».
Сотим Улуғзода дар мақолаи «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ» менависад, ки устод Айнӣ дар фурсатҳои муносиб доир ба нозукиҳои ҳунари нависандагӣ ва роҳу усулҳои он ба мо дастурҳои судманд медод:
«Асарро аввал як бор аз сар то охир навишта баромадан беҳтар аст. Ҳар тавре ки барояд, майлаш. Ана баъд кори асосӣ сар мешавад: «арра» мекунед, «метарошед», «сӯҳон»  мезанед.  … Баъд дар хотир доред, ки нависанда ҳар чӣ қадар қобилияти калон дошта бошад ҳам, якка худаш асари мукаммал карда бароварда наметавонад: албатта, ба одамҳо, ба ёру ошно пурра, ё ки ҳеҷ набошад, парча-парча хонда дода, фикр гирифтан шарт аст».
Садриддин Айнӣ дар оғози китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» менависад: «Аз бозе ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон, чунонки як қавми муаззам бо номи «тоҷик» ё «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр ва Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳе ва амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, Шайбонӣ, Астархонӣ ва Манғит, ки ирқан муғул, турк ва ӯзбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфта аст. Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, дар ин ҷоҳост».
Дарвоқеъ, асари «Намунаи адабиёти тоҷик» барои халқи тоҷик шаҳодатнома гардида, дирӯзу имрӯзи онро нишон дода, ба даҳони пантуркистон ва хоинони миллати тоҷик, ки шиорашон «тоҷикон ӯзбаконеанд, ки бо таъсири эрониён забони худро гум кардаанд» буд, муҳри хомӯшӣ зад ва роҳи ояндаи онро нишон дод.
Устод Айнӣ дар дар як мактубаш ба писараш Камол Айнӣ менависад: «Дар соли 1929 дар Тошканд кунфуронси ба алифбои лотинӣ гузаштани тоҷикон барпо шуд. Як қисмати шарқшиносон гуфтанд, ки: «Тоҷикон ҳастанд, аммо забони адабӣ надоранд. Ин забони адабие, ки дар вай шоирони гузашта ва ҳозираи  Осиёи Миёна шеър мегӯянд, аз они Эрон аст. Бояд дар асоси забони кӯчагӣ барои тоҷикон забони адабӣ аз нав сохта шавад»… Ин масъала дар кунфуронси соли 1930 дар Самарқанд ҳам ҳал нашуда монд. Баъд аз он, дар ҳамон сол дар Истолинобод кунфуронсе барпо шуд. Дар он ҷо ман бо пруфисур Андриюф даст ба гиребон шуда, ҷанг кардам… Аммо маҳз ба хотири оммаи шарқшиносон ман шоиронеро, ки дар Эрон ва Хуросон рӯидаанд, «шоири форс-тоҷик» гуфта унвон додам….».
Тавре бармеояд, устод Айнӣ барои исботи фикру ақидаи худ хунсардона мубориза мебарад ва дар охир сарбаландона муваффақ мешавад.
Ҳамаи ин андешаҳои устод Айнӣ саршори кору пайкори мунтазам, муҳаббат ба Ватану миллат, забону фарҳанги миллӣ, мубориза барои ояндаи дурахшони илму фарҳанг, ҷаҳду талош ва фидокории беғаразона, дасту дили пок ва нияти нек аст.
Оре, ин аст, бузургӣ ва рисолати як нафар аз шахсияте мисли устод Садриддин Айнӣ дар назди халқу миллат. Ин халқу миллат низ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои гиромидошти забони адабии тоҷикӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд, ба хизматҳои бузурги ин абармард арҷгузорӣ намуда, соли 2007-ум ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон доданд.
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Фатҳиддин БАҲРИДДИНОВ,
сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2017    №: 160    Мутолиа карданд: 424

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед