logo

иқтисод

МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ НАБОЯД АШЁИ ХОМИ СОДИРОТӢ БОШАД!

Мусаллам аст, ки   бо рушди саноат имрӯзҳо аз як навъи маҳсулоти кишоварзӣ  чанд маводи дигар тавлид намуда,  фоидаи зиёд ба даст овардан имкон дорад. Аммо, бо вуҷуди дар мамлакат афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ  - меваю сабзавот, полизиҳо ва  ғалладона, рафҳои  мағозаю дуконҳоро  маҳсулоти хӯрданию нӯшиданӣ, шустушӯйӣ ва табобатии  истеҳсоли саноатии хориҷӣ  фаро гирифтааст. Ин маҳсулот бо роҳи  коркарди босамари  меваю сабзавот ва  зироатҳо дар хориҷ истеҳсол гардидааст. 
Ҳоло дар мағозаҳои пойтахт як литр афшураи  босифати меваи  навъи «Добрый» 12 сомонӣ буда, ҳамагӣ 45 дарсади таркиби маводи онро  қайлаи  мева  ташкил медиҳад. Яъне аз як кило шафтолуи ватанӣ (6 сомонӣ)  то се литр афшураи баландсифати навъи мазкур (бо арзиши 36 сомонӣ)  истеҳсол кардан мумкин аст. Дар натиҷаи коркард фоидаи  як килограмм мева чанд  баробар зиёд мегардад. Дар  асоси имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти фаровон боз навъҳои бешумори хӯрокворӣ тавлид намудан имкон дорад.
Шариф Бобоев, декани факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, гуфт, ки корхонаҳои саноатӣ  вобаста ба ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот, полизӣ ва ғалладона дар минтақаҳо  бунёд карда шаванд. Дар ин маврид харҷи фаъолияти корхонаҳо аз ҷиҳати таъмини саривақтӣ бо ашёи хоми ватанӣ ва интиқоли он коҳиш меёбад. Баробари фоида ба даст овардани корхонаи истеҳсолӣ, инчунин, барои шаҳрвандон  дар шаҳру навоҳӣ ҷойҳои корӣ низ  фароҳам меоянд. 
Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти баландсифати хӯрокворӣ бо истифодаи имкониятҳои табиӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намудааст. Қабул гардидани Барномаи рушди соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2008 – 2015 яке аз тадбирҳоест, ки баҳри тақвият бахшидани рушди истеҳсолоти ватанӣ роҳандозӣ шуда буд. Вале бо вуҷуди шароиту имкониятҳои мусоид ва маҳсулоти фаровони кишоварзӣ роҳбарони баъзе аз шаҳру ноҳияҳо  ба  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ кам эътибор медиҳанд ва он  ҳамчун ашёи хом ба хориҷ содир мегардад.   Аз рӯи маълумоти  оморӣ давоми нимсолаи гузашта аз вилояти Хатлон   ба хориҷи кишвар  63,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид. Вале маводи хӯрокворӣ  7,5 дарсади ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоятро   дар ин давра ташкил медиҳад.   Аз  маҳсулоти содиршуда   садҳо  ҳазор тонна хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо  тавлид намудан имконпазир  аст.
Зоҳиршоҳ Неъматуллоев, мудири кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзии факултети агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, изҳор дошт, ки миқдори хеле ками  меваю сабзавот ва полизиҳо дар истеҳсолот истифода мешавад. Нишондоди мазкур нисбат ба имкониятҳо ва шароитҳои табиӣ ниҳоят кам мебошад. Дар  натиҷаи коркарди босамар  пурра истифода шудани маҳсулоти кишоварзӣ имконпазир мегардад. Ҳамчунин, бо роҳи коркард вайроншавию талафоти зиёди маҳсулоти кишоварзӣ пешгирӣ карда мешавад. Меваю сабзавот ва полизиро дар сардхонаю анборҳои махсус 6 – 7 моҳ нигоҳдорӣ намудан мумкин аст. Агар онро коркард намоем, баробари фоидаи чандкарата маҳсулоти тавлидшударо то ду  сол нигоҳдорӣ ва истифода бурдан мумкин аст. Ин  самаранокии меҳнатро бештар менамояд. 
Ҳоло дар кишвар харидори воқеӣ ёфтани корхонаҳои маҳаллии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ масъалаи асосӣ дар ин самт мебошад. Вақте корхонаҳо баъд аз истеҳсоли маҳсулот моли худро сари вақт фурӯхта ва фоида гирифта  наметавонанд, аллакай фаъолияти минбаъдаи онҳо халалдор мегардад ва ҳавасмандӣ  ба истеҳсолот кам мешавад.
Ба назари иқтисодшиносон,  рушди истеҳсолоти маҳсулоти воридотивазкунанда яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат қарор гирифтааст. Бинобар ин, диверсификатсияи истеҳсолот тавассути воридоти техникаю технологияҳои муосир,  такмили системаи фурӯши маҳсулот дар асоси маркетинг, ташкили коркарди самараноки ашёи хоми дохилӣ ва фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ дар мағозаҳои фирмавии корхонаҳо, таъмини сифати баланди маҳсулоти ватанӣ ва бозомӯзии мутахассисони соҳа вобаста ба натиҷаҳои назарраси инноватсионӣ  дар самти рушди тавлидоти ватанӣ масъалаҳои асосии ҳалталаб  мебошанд ва аз масъулони Вазорати саноат ва технологияи нав тадбирҳои амалиро тақозо менамоянд. Фаъолияти се корхонаи тобеи вазорат -  «Хӯрокворӣ», «Саноати гӯшту шир» ва  «Ғалла»   низ бо сабабҳои норӯшан  муддати чанд соли охир аз ҳудуди пойтахт ва марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Хатлон  фаротар нарафтааст. Дар бозору фурӯшгоҳҳои ҷумҳурӣ маҳсулоти корхонаҳои номбурдаи вазорат ба назар намерасад.  Густариш   бахшидани фаъолияти корхонаҳо  ва  дар ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар ташкил намудани  намояндагии онҳо имкон медиҳад, ки савдогарони ватанӣ рафҳои мағозаю дуконҳои хешро на бо маҳсулоти хӯроквории воридотӣ, балки бо маводи фаровони истеҳсоли ватании арзону босифат пур кунанд. Роҳи асосии таъмини амнияти ғизоии кишвар ба воситаи рушди соҳаи кишоварзӣ низ  ҳамин аст. Дар акси ҳол, кишоварзони мамлакат  маҳсулоташонро дар шакли ашёи хом ба дигарон бо арзиши кам фурӯхта, боз маҳсулоти коркардшудаи онро бо нархи чанд карат гарон мехаранд ва суду самаранокии истеҳсолот коҳиш меёбад. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2017    №: 160    Мутолиа карданд: 441

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед