logo

сиёсат

ДУ ОМИЛИ ХАТАРЗО. БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ТАҚЛИД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 июли соли 2017 дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ниҳодҳои дахлдорро муваззаф сохтанд, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоянд, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гиранд ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд. Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият”андешаҳояшро перомуни ин мавзӯъ чунин баён намуд:

- Замони муосир бо неруи ҳам харобкор ва ҳам мусоидаткунанда барои пешрафти моддию фаннии давлатҳо ва халқҳои зиёде, ки номаш ҷаҳонишавист, вижагии хосе дорад. Таърихи башар то кунун чунин омезиши фарҳангу тамаддунҳоро надидааст. Табиист, ки ҳамон халқу миллат ва давлатҳое дар рӯёрӯи ҷаҳонишавии муосир асолати хешро нигоҳ дошта метавонанд, ки ба таърихи ташаккул ва таҳаввули маданият ва фарҳанги хеш муносибати ғамхорона ва бомасъулият карда бошанд, дар мафкураи мардум дурдонаҳои тамаддуни асилро дуруст ҳазм карда бошанд.
Албатта, дар таъкид ва нигарониҳои Пешвои миллат вобаста ба ин мавзӯъ фарҳанги миллӣ ҳамчун таҳкурсии маънавиёт муаррифӣ шудааст, ки комилан ва илман асоснок аст. Рукни асосии давлатдорӣ будани фарҳанги миллиро низ таърихи беш аз ҳазорсолаи кишвардории тоҷикон ба исбот мерасонад. Дар ин радиф нигаронии Пешвои миллат аз он буд, ки солиёни ахир тавассути тарғиботи шабакаҳои иҷтимоӣ тақлиди бегонапарастии мардону занон дар тарзи пӯшидани либос зиёд шудааст. Нигаронии Сарвари давлат аз он буд, ки «як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд».
Воқеан, он сарулибосе, ки миёни бонувони кишвар дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон, хусусан дар деҳоти мамлакат ва гоҳо дар шаҳрҳо муд шудааст, ягон асолати миллӣ надоранд, хосатан вақте ки занони муҳтарам ранги сиёҳу торикро мавриди интихоби либос қарор медиҳанд. Ранги сиёҳ ва ҳамон тавре, ки дар бисёре аз кишварҳои араб бонувон либоси хешро бо ҳамин ранг мепӯшанд, бо фарҳанги миллии мо қаробате надорад. Тариқи ҳиҷоби баъзе занҳо низ на ба он гунаест, ки диёнат тақозо дорад. Ин ҳама аз тақлиди кӯр - кӯрона ва нобасомони бонувон аст, ки реша дар ҷаҳолату нодонӣ ва ноогоҳӣ аз фарҳанги миллӣ дорад.
Риояи эътидол дар ҳар амал лозим аст. Пӯшидани либоси ниҳоят дарозу рангаш сиёҳи бонувон, воқеан, хоси фарҳанги мо, тоҷикон, нест. Ҳатто дар маъракаҳои азову мотам аз қадимулайём дар тинати  фарҳанги мо буд, ки занон сарулибоси рангаш кабуд ба бар мекарданд, яъне ранги кабуд ҳамчун нишона аз азодорӣ фаҳму дарк мешуд. Сиёҳпӯшӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба фарҳанги тоҷикӣ хос набуд ва нест. Ҳатто аз лиҳози ҷуғрофӣ низ ранги сиёҳи либос мутобиқи обу ҳавои Тоҷикистон нест.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои илмии этнографӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯшӣ намекард. Дар суннати анъанавии тоҷикон низ сиёҳпӯшӣ маъмул набуд. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн намуда, мехоҳанд вокуниши шадиди қисмати дигари мардумро ба вуҷуд оранд.
Дар фарҳангу таомули аҷдодии тоҷикон асосан ду ранг – сафеду сабз ҷойгоҳи хоса дошт ва мардону занон ҳангоми либоспӯшӣ аз ин ду ранг истифода мекарданд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ, муфассири Қуръон ва донишманди маъруф, дар асари безаволи худ «Футувватномаи султонӣ» моҳияти ин рангҳоро чунин шарҳ додааст: «Ранги сафед ранги рӯз аст ва аз он ҷамоатест, ки дилашон равшан ва синаашон аз кудурратҳо соф бошад. Ранги сафед, яъне ранги субҳи содиқ ва равшанибахш. Ранги сабз - ранги сабза ва об, олиҳимматӣ ва зиндадилӣ, монанди об ҳаётбахшу дилпазир».
Хуб, ҷиҳати шаръиаш баён шуд, ҷиҳатҳои дигараш пайванд дорад ба тарбия, ахлоқ ва диди инсон ба зебоӣ ва ғайра. Ҳамин тавр, бегонапарастиву тақлид хилофи ҳама гуна тамаддуну маънавият буда, дар ягон давру замоне намояндаи ин ё он миллатро муҳтарам накардааст. Баръакс, пос доштани ҳар як унсури фарҳанги миллӣ на фақат асосҳои маданияти миллиро устувор мекунад, балки барои ба наслҳои баъдина интиқол додани онҳо кумак мерасонад, ки ин хоси инсонҳои соҳибмаърифат аст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2017    №: 160    Мутолиа карданд: 563

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед