logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, 7 сентябри соли 2009

Хонуми олиҷоҳ, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама, аз номи мардуми шарифи Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва бародарони Ҷумҳурии Ҳиндустон арзи салом иброз намуда, ба кори ҳамоиши имрӯзии иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бурдборӣ таманно менамоям.
Итминон дорам мулоқоти дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиш доиршаванда ба густариши муносибатҳои судманди иқтисодӣ ва рушди умумии муносибатҳои дӯстонаи кишварҳоямон мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Мову шумо хуб медонем, ки омили муассир ва стратегии таҳким ва тақвияти муносибатҳои дӯстона ҳамкории васеъ, пеш аз ҳама, дар сатҳи муосири иқтисодӣ мебошад.
Он имкон медиҳад манфиатҳои амалии гурӯҳҳои васеъ пайванд ва омезиш ёбанд, шароити мусоид ва матлуби ҳамкории кишварҳо фароҳам гардад ва ҳадафи волои муштарак - рушди умумӣ ба манзури зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистону Ҳиндустон муваффақона амалӣ шавад.
Агар мо бо дарназардошти бӯҳрони моливию иқтисодие, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, имконоту захираҳои ҳамкорӣ ва дурнамои иқтисоди ҷаҳониро амиқан арзёбӣ намоем, зарурати сатҳи амалан нави ҳамкории ду кишвар возеҳ аст.
Мо бояд ин тақозои таърихро оқилона санҷида ва дурандешона, бо диди стратегии созанда, бо созгорӣ ба ниёзҳои рӯзафзуни аср дар сатҳи шоиста амалӣ намоем. Бояд қайд кард, ки ҳоло шумораи кишварҳои хориҷие, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ доранд, мунтазам меафзояд.
Мубодилаи мол дар солҳои охир чандин маротиба боло рафт. Ҳаҷми гардиши савдои мутақобил бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соли гузашта зиёда аз 57 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ бошад, ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 фисад зиёд шуда, ба 25,2 миллион баробар гашт.
Сарфи назар аз ин, сатҳи нишондиҳандаҳои мазкур мову шуморо қаноатманд карда наметавонад ва ҷиҳати рушди муносибатҳои тиҷоратии ду кишвари дӯст дар вазъияти бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ тамоми имкониятҳоро бояд васеъ истифода барем.
Мо дастовардҳои муҳим дар ин самт дорем ва дар маҷмӯъ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таҳкурсии мустаҳкам мегузорад.
Дӯстони арҷманд!
Ҳукумати кишвар ба такмили сохтори иқтисод бо таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва босамар намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ,  ворид намудани технологияҳои нав таваҷҷӯҳи хос дорад.
Бинобар ин мехоҳам диққати шуморо ба барномаҳои афзалиятноки иқтисодӣ – сармоягузорӣ ҷалб намоям, ки манфиати бузург ва дарозмуддати иқтисодӣ хоҳанд дошт ва ҳамкории судманди дуҷонибаро ба сатҳи нав хоҳанд бардошт.
Барномаҳои энергетикии мо, бахусус бунёди нерӯгоҳҳои обии барқӣ дар шароити мо бартарии возеҳи иқтисодӣ ва стратегӣ доранд.
Ба барномаҳои мазкур лоиҳаҳои гуногуни бузургу миёна ва хурд шомил мебошанд, ки дар татбиқи онҳо сармоягузорони зиёд метавонанд ширкати фаъол варзанд.
Дар ин замина мо метавонем 527 млрд. кВт/соат дар як сол нерӯи барқ истеҳсол намоем, вале, мутассифона, айни ҳол танҳо 5 фоизи имконияти мавҷуда истифода бурда мешавад.
Мо ба нақша гирифтаем, ки тавассути ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ истеҳсоли нерӯи барқро зиёд намоем ва онро ба давлатҳои ҳамсоя содир намоем.
Дар як вақт ин имкон медиҳад бо истифодаи нерӯи арзони барқ сармоягузорон дар худи Тоҷикистон коргоҳҳои фоидаовари коркарди мева, сабзавот, пилла ва маҳсулоти дигар бунёд намоянд.
Дар кишвари мо, ки ашёи хоми хушсифат мавҷуд аст, Барномаи рушди саноати сабук пайгирона амалӣ мешавад. Имрӯз ҳамагӣ 20 дар сади нахи пахта пурра коркард шуда ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил мешавад. Дар назар дорем силсилаи корхонаҳои коркарди пахта, пашм, пилла, меваҷотро бунёд намоем.
Ба назари ман ин шароити мусоиди ҳамкории сармоягузорони Тоҷикистону Ҳиндустон аст.
Чи тавре иттилоъ доред, кишвари мо ҳамаи навъҳои сангҳои қиматбаҳо, металлҳо ва ашёи заруриро дорост. Истихроҷ ва коркарди онҳо низ арсаи ҳамкории судовари иқтисодист.
Ширкатҳои Ҳиндустон метавонанд дар сохтмони биноҳо, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрока бо назардошти мавҷудияти имконият ва талабот ба ин маҳсулот фаъолияти имрӯзаи худро дар кишвари мо боз ҳам тақвият бахшанд.
Мо имрӯз фақат як намунаи чунин корро дар Душанбе дорем: ҷаноби Лалит Малҳотра меҳмонхонаи панҷситора месозад, ки мо гумон мекунем пойтахтамонро зеб хоҳад дод. Вале ин сохтмон чун намунаи яккаву танҳо набояд боқӣ монад, балки онро мисолҳои дигар тақвият бахшанд.
Мо имрӯз ба созмондиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ машғулем. Соли ҷорӣ аллакай ду минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин минтақаҳо барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ ва иттилоотӣ, хидматрасонӣ ва ғайра шароити созгор ва ҳатто имтиёзӣ фароҳам хоҳад гардид.
Шумо, дӯстони гиромӣ, бартарӣ ва афзалиятҳои чунин минтақаҳоро хуб медонед. Ман итминон дорам, ки дар шароити кишвари мо, ки дар чорроҳии хушкии дунё воқеъ аст ва имконоту захираҳои матлубро дорост, ин минтақаҳо дурнамои нек ва дурахшон доранд.
Мо тасмим гирифтем ин минтақаҳоро бо ширкати васеъ ва амалии ширкатҳо ва субъектҳои давлатҳои дӯст ва муассисоти байналмилалӣ ташкил намоем. Онҳо муҳаррики ҳамкории сатҳи навин хоҳанд шуд.
Дар маҷмӯъ, мо метавонем дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба нафъи худ ва дӯстии таърихии ду кишвар ҳамкории васеъ намоем.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки мебинем,  ҳадафҳои ҳамкории мо наҷибанд. Бар мост, ки бо иродаи возеҳ ва матин, бо талошу ғайрат ва амали неки созанда ҳамкориро таҳким бахшем.
Ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаи мазкур бурдбориҳо орзумандам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 621

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед