logo

иҷтимоиёт

ХУДРО БИШНОСЕМ!

Сабақҳои таърихии халқи мо бояд аз насл ба насл дар ҳофизаи миллатамон боқӣ бимонад. Мардуми огоҳу ҳушманди мо дониста бошанд, ки ифроту таассуб, кинаву пархош ва андешаҳои ғаразнок ғайр аз нокомӣ ва сарсонию бадбахтии халқ чизеро ба бор оварда наметавонанд.
Ҳоло гурӯҳҳои тундраву манфиатҷӯ дар баъзе аз мамолики ҷаҳон кӯшишҳои нопоксозии ҷамъият ва парешонсозиҳои миллатҳо, поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои мардум, зеру забар кардани ҳукуматҳои қонуниро роҳандозӣ менамоянд. Зери ниқоби дини ислом ба куштани одамони бегуноҳ даст зада, дар зеҳну тафаккури ҷомеаи ҷаҳон нисбат ба мусулмонон бадбиниву нафрат меангезанд. Аз ҷумла, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ноогоҳона ба гурӯҳҳои экстремистӣ пайваста, ояндаи хонавода ва халқу миллатро ба торикӣ мекашанд.
Аз қадимулайём афроди огоҳи ҷомеа бо муқовимат алайҳи зуҳуроти номатлубу нанговар кӯшиш намудаанд, то ҷомеаро аз асорати ҷаҳолат раҳоӣ бахшанд. Аз ҷумла, омӯзгорон, падару модарон, пирони рӯзгордида ва адибони зираку донишманд дар бедории миллат нақши бориз доранд.
Бисёре аз андешаҳои бузургони мо хусусияти замонавӣ дошта, ҳикмати амалии онҳо ба ҳар давру замон мувофиқ аст. Масалан, қиссаи Заҳҳоки морбардӯш аз «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ, ки мағзи сари ҷавононро туъмаи морони худ мекард, магар танҳо мутааллиқ ба даври муайяни таърихист? Албатта не. Зеро ҳар давру замон заҳҳокони худро дорад, ки мехоҳанд андешаҳои оммаро заҳрогин карда, мутеъ ва фармонбардори худ гардонанд, ба воситаи онҳо ҳадафҳои хешро дар ҷомеа амалӣ намоянд. Аз ҳамин сабаб, Коваи сиришти инсон – ақл бояд ҳамеша алорағми Заҳҳоки ҷаҳолат исён кунад ва Фаридуни илмро бар сари тахти шоҳӣ биоварад. Дар чунин ҳолат инсон музаффар ва ояндааш мунаввар хоҳад шуд.
Бузургони миллати тоҷик ҳанӯз дар аҳди қадим ба манфиатхоҳони абарқудрат, ки бо ҳаёти инсоният бозӣ мекунанд, ишора карда, асарҳои алоҳида офаридаанд. Зеро барои таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон хазинаи бузурги маънавӣ пешорӯи мост. Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ:
Халқро тақлидашон барбод бод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!
Хоса, тақлиди чунин беҳосилон,
Обрӯро рехтанд аз баҳри нон.

Вақте ки ба Қуръону ҳадис ва дигар сарчашмаҳои исломӣ назар меафканем, дар онҳо аввалан ибодат ва шукргузорӣ аз Худо, сониян хайрхоҳӣ ва накукорӣ кардан нисбат ба халқ зикр шудааст. Аз мазмуни умумии сарчашмаҳои исломӣ ва мероси фарҳангии гузаштагонамон чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб дар фарҳанги миллӣ ва динии мо реша надорад ва дошта ҳам наметавонад.
Вазифаи бағоят муҳими мо аз он иборат аст, ки якпорчагии Ватан ва ваҳдати халқи Тоҷикистонро тақвият бахшем ва нагузорем, ки унсурҳои зараровар ва ба табиати миллии мо бегона афкори ҷомеаи моро олуда созанд. Танҳо ҳушёрию зиракии сиёсӣ, сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззам метавонад ҷамъияти моро аз вартаи ин балоҳо эмин нигаҳ дорад.
Зебунисо ИБРОҲИМОВА,
ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2017    №: 161    Мутолиа карданд: 526
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед