фарҳанг
"ОИНАИ ТАЪРИХ". ОЗМУНИ ОСОРХОНАҲО ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Тавре «Ҷумҳурият» хабар дода буд, дирӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанг Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо - «Оинаи таърих» ҷамъбаст гардид. Озмун дар ду давр доир шуда, осорхонаҳои давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ дар он ширкат доштанд.
Қурбон Ғуломзода, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат, зимни ҷамъбасти озмун таъкид намуд, ки: «Мақсад аз баргузории он баланд бардоштани мақому манзалати осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъ-олияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ - фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи осорхонавӣ, таҳкими базаи моддӣ – техникии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон мебошад». Ҳамчунин, муайян намудани саҳм ва мақоми осорхонаҳои мамлакат дар замони истиқлолият, беҳтар намудани шаклу услубҳои нави хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ободонии онҳо аз ҳадафҳои асосии озмун гардиданд.
Ҳайати ҳакамон осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии «Авасто» - и шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлонро ба ҷойи аввал, осорхонаи ноҳияи Файзобод ва шаҳри Истаравшанро ба ҷойи дувум ва осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг, шаҳри Конибодом ва осорхонаи вилоятии тарихӣ - кишваршиносии ба номи К. Хушқадамови Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба ҷойи сеюм сазовор донистанд. Шоҳҷоизаро осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии шаҳри Ҳисор соҳиб шуд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.08.2017 №: 161 Мутолиа карданд: 334