logo

иқтисод

АШЁИ ХОМ. ЧӢ ГУНА АЗ ОН САМАРАНОК ИСТИФОДА БАРЕМ?

Соҳаи металлургияи ранга дар иқтисодиёти Тоҷикистон мавқеи намоёни  пешбаранда дошта метавонад. Омилҳои асосӣ барои рушди он манбаи бузурги ашёи хоми кӯҳҳои Тоҷикистон, қувваи арзони барқ, коргару мутахассиси басанда ва талаботи рӯзафзун ба филизҳои ранга мебошанд. Соҳа, ҳамчунин, аҳамияти муҳими содиротӣ дошта, ба динамикаи содироти ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонда метавонад.

Яке аз корхонаҳои бузурги  соҳаи металлургияи рангаи кишвар Ширкати алюминийи тоҷик (ТАЛКО) мебошад. Аммо аз сабаби дастрас набудани ашёи хом ширкати мазкур ба таври зарурӣ фаъолият надорад ва рушди истеҳсолот мелангад. Яке аз сабабҳои асосии ба таври назаррасу шоиста рушд наёфтани истеҳсолот ашёи хоми асосӣ - гилхокро (глинозёмро) бо нархи гарон аз хориҷи кишвар харидани ширкат аст.
Маъдани асосӣ барои гирифтани гилхок боксит мебошад. Алҳол дар кӯҳи Шаҳристон (вилояти Суғд) кони боксит ёфт шудааст, аммо корҳои тадқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ - геологӣ дар он пурра анҷом наёфтаанд.
Дар шароити ҳозира барои бо гилхок таъмин намудани ТАЛКО  дар ҷумҳурӣ коркарди нефелин - сиенитҳоро ба роҳ мондан имконпазир аст. Технологияи коркарди нефелин маълум буда, дар саноати металлургияи ҷаҳонӣ васеъ истифода мешавад. Масалан, корхонаи алюминийи Ачински Федератсияи Русия бо нефелин кор мекунад.
Аз рӯйи маълумоти китоби “Минтақаи кӯҳӣ - саноатии Зарафшон: геология ва захираҳои минералӣ” (муаллифон А. Иброҳим, М. Мамадвафоев, М. Ҷанобилов, Р.  Фахруддинов) дар мавзеи Рухшиф - Сабоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кони нефелин - сиенитҳо мавҷуд мебошад, ки захираи он  375 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Бунёди чунин корхона аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар мебошад. Агар дар ин мавзеъ бо иқтидори солонаи истеҳсолии 1 миллион тонна корхона сохта шавад, ширкати ТАЛКО аз танқисии ашёи хом раҳо меёбад. Барои истеҳсоли 1 тонна гилхок 4 тонна консентрати нефелин, 1,8 тонна ангишт, 8,8 тонна оҳаксанг сарф мешавад.
Ҳангоми коркарди нефелин - сиенитҳо баробари гилхок, инчунин, семент, сода  ва ишқор  гирифтан мумкин аст.
Бунёди корхонаи истеҳсоли гилхок маблағгузории калон ва ҷалби сармоягузори хориҷиро тақозо дорад. Аз ин рӯ, барномаи техникии аз ҷиҳати иқтисодӣ асосёфта таҳия намуда, бо забонҳои русию англисӣ барои омӯзиш ба сармоягузорон пешниҳод кардан ба манфиати кор аст.
М. АБДУЛЛОЕВ, номзади илмҳои техникӣ,
М. КАРИМОВ, номзади илмҳои техникӣ, муҳандис-металлург


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2017    №: 161    Мутолиа карданд: 511

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед