logo

фарҳанг

ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Забони тоҷикӣ аз бузургтарин ва қадимтарин забонҳо маҳсуб мешавад. Бо салосату нафосаташ он пайвандгари асрҳо ва наслҳост. Ин забон тоҷикро ба сарзамини мурод расондааст. Эҳтироми забон эҳтироми модари гаҳворабон, эҳтироми Ватан ва хасу хори он мебошад. Бешак, мо – тоҷикон аз он  меболем, ки чунин забони волою шево дорем ва ин забони шеъру суруд маҳсуб мешавад.
Дар эҳёву инкишофи ин забони ноб хизматҳои абармардони миллат Садриддин Айнӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили эътирофу қабули ҳамагон аст. Устод Айнӣ дар баробари бо забони софи адабии тоҷик сухан гуфтану асар эҷод кардан, боз ҳифзу истифодаи лаҳҷаҳои маҳаллии забони тоҷикиро таъкид медорад. Яке аз асарҳои машҳури устод «Луғати нимтафсилии забони тоҷикӣ» ба шумор рафта, нависанда дар ҷамъовариву таълифи он чандин сол заҳмат кашидааст. Доир ба луғати мазкур менависад: «Ман вақте ба тартиб додани «Луғати нимтафсилии забони адабии  тоҷикӣ» даромадам, аз ҳама пештар, эҳтиёҷи оммаи  босаводшудаи Тоҷикистон ва ҷавонони таҳсили ибтидоӣ, миёна, олидидаистодаи тоҷикро  ба назар гирифтам. Имрӯз забони адабии тоҷик он забон нест, ки пеш аз Револютсияи Кабири Октябр котибони қозӣ ва ҳокимон ба ҷамъ кардани нусхаи панҷоҳ иншои гуногуншакли якрангмазмун вайро дар бар мегирифтанд, имрӯз забони адабии тоҷик он забон нест, ки муллоҳои мадраса ба воситаи  дар тоқчаи ҳуҷра гузоштани  «Ғиёс-ул-луғот»  ва «Мунтахаб-ул-луғот», «Забони илмидон»  мешуданд ва инчунин, забони адабии  тоҷик он забон нест, ки пеш аз Револютсияи Сотсиалистӣ шоиртарошон, ё ин ки шоиршавандагон ба эҷод кардани панҷ-шаш ғазал ва навиштани се-чор мувашшаҳ устодони забон мегардиданд».
Корҳои илмие, ки то имрӯз аз ҷониби пажӯҳандагон ба фарҷом расидаанд, бо такя ба корҳои тадқиқотии устод Айнӣ сурат гирифтаанд.  Ӯ оид ба меъёрҳои забони тоҷикӣ бевосита ба шоирону нависандагони давр маслиҳатҳо медод ва ё ба воситаи мактубҳои кушода муроҷиат менамуд. Аз ҷумла, дар яке аз мактубҳои кушодааш ба Пӯлод Толис чунин омадааст: “Ман ҳикояи шуморо, ки дар шумораи 10 ҳаминсолаи  журнали «Шарқи Сурх»  бо унвони «Студентшавандаҳо» чоп шудааст, хондам. Ҳикоя ҳам аз ҷиҳати ҳикоябандӣ, тасвири табиат,  тасвири зиндагонии  имрӯза ва аз ҷиҳати таҳрири муаллиф хело хуб ва дилчасп баромадааст. Аммо бо ҳамаи ин ҷиҳатҳои нек, як камбудии ҷиддӣ дорад, ки зарари ин камбудӣ танҳо ба муаллиф оид набуда, балки ба забони адабии тоҷик халали ҷиддӣ мерасонад». 
Устод тавонист бо повесту романҳои «Одина», «Дохунда», «Ятим», «Ғуломон», «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр» тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.  Ӯ сарояндаи қисмати халқи тоҷик, шоҳсутуни маънавиёти дирӯз, имрӯз ва фардои ин миллати абарқудрат аст. 
Дар роҳи расидан ба чунин рӯз, яъне истиқлолияти  комилу озодии баён ва мақоми давлатӣ касб кардани забони модариамон, махсусан  хизматҳои Пешвои миллат зиёд мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатии расмӣ, инчунин, бо мақсади татбиқи талаботи асосии қонуни забон ниҳоди махсус таъсис дод.  Имрӯз забони давлатӣ ба таври  васеъ истифода шуда, тамоми ҳуҷҷатгузорӣ бо он сурат мегирад. Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба забону таъриху фарҳанги  миллати бостониамон  мебошад. Ин сана чун иди умумимиллӣ ва рамзи худшиносиву худогоҳӣ дар бақодории забони ноби модариамон - тоҷикӣ нақши созандаю  поянда мегузорад. Барномаҳои давлатии такмил ва омӯзиши забони давлатӣ рӯи кор омадааст ва бо заҳматҳои Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон  забони мо уқёнусҳоро убур намуда, дар минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад, ки ин боиси ифтихори мост. Барномаҳо, маърӯзаҳои Пешвои миллат оид ба тоза нигоҳ доштани забони модарӣ, расидан ба қадри фасоҳату балоғати он, эҳтиёт кардани он, ҳамчун дастур ба миллати тоҷик хизмат намуда истодааст. Забон як рукни давлатдории мо - тоҷикон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи забон суханҳои зиёди пурҳикмат гуфтааст ва яке аз эҳёгарони  забон дар замони Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, барҳақ ва ба маврид фармудааст: «Забон барҷастатарин  ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст». Мо - тоҷикон аз он ифтихор мекунем, ки чунин Пешвои бохирад дорем, ки Тоҷикистонро ба ваҳдату ягонагӣ расондааст ва насли имрӯза аз меваҳои истиқлолият ком ширин менамояд.
Муҳаммадносири НАСРУЛЛО,
ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2017    №: 161    Мутолиа карданд: 581

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед