logo

иқтисод

ДАРВОЗ КИШОВАРЗОН ДАР ФАРОВОНИИ БОЗОР САҲМ МЕГИРАНД

Бо вуҷуди номусоидии боду ҳаво ва боронгариҳои шадиди фасли баҳор ва аввали тобистони имсола аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Дарвоз тавонистанд, ки аз самари киштзору боғоти хеш маҳсулоти фаровон рӯёнда, аз он манзури сокинони шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияи Шуғнон гардонанд.
Ба гуфтаи Нурмуҳаммад Додов, сардори идораи кишоварзии ноҳия, аҳли деҳоти ин минтақаи гарми вилоят дар мавсими кишту кори баҳорӣ бо сабаби номусоид омадани боду ҳаво қариб се ҳафта дар шинондани зироатҳо таъхир карданд. Онҳо кишти зироатҳо, аз ҷумла картошкаву сабзавотро танҳо дар рӯзҳои охирини моҳи март ва аввали моҳи апрел сар карданд. Аммо дар натиҷаи заҳмати босуботи онҳо, муносибати дилсӯзонаашон ба обу замин, ба киштзорон сари вақт додани обу ғизо ба он мусоидат намуд, ки дар ҷамъоварии ҳосили картошкаву сабзавот натиҷаҳои назаррас ба даст оваранд.
Ҳоло қариб як моҳ мешавад, ки деҳқонони хоҷагиҳои деҳқонии «Зартеғ», ба номи Зиёратшоҳ Воҳидов, «Дарвоз», «Сарҳадчӣ» ва чанде аз хоҷагиҳои хусусӣ аз рӯи анъана чун ҳамасола картошкаву сабзавот, мева ва дигар маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи худ-ро вориди бозорҳои шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияи Шуғнон - шаҳраки Поршнев гардондаанд. Нархи картошкаву сабзавот ва меваи деҳқонони дарвозӣ нисбат ба маҳсулоти тоҷирони шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар дар бозорҳои ин ҷо 20 фоиз арзон мебошад.
Аз сари нав барқарор гардидани ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои деҳаи Хостав ва Овринги Ширговади шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ - Қулма ба афзун гардидани интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуд. Ба ин васила деҳқонони ноҳия акнун воридсозии миқдори картошкаву сабзавот, мева ва дигар анвои маҳсулотҳояшонро ба бозорҳо, марказҳои савдои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон зиёдтар намудаанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 394

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед