иҷтимоиёт
ЯРМАРКА БАРОИ МАКТАБИЁН
Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» бо мақсади таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ ярмаркаи фурӯши либосҳо ва ашёи мактабӣ таҳти унвони «Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ» доир гардид. Зимни ифтитоҳи ярмарка роҳбарони корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва намояндагони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки соли 2016 истеҳсоли либос густариш ёфта, аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии кишвар 1 миллиону 7 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст.
Намоиш - фурӯши либосҳои мактабӣ аз он гувоҳӣ дод, ки сифати либосҳои мактабии корхонаҳои ватанӣ ба талабот ҷавобгӯ буда, нархи дастрас доранд. Намунаи либосҳои мактабии истеҳсолнамудаи ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» бештар писанди иштирокдорон ва харидорон гардид. Ин корхона дар самти коркарди нахи пахта фаъолияти назаррас дошта, иқтидори солонаи истеҳсолии он зиёда аз 25 миллион метри мураббаъ матоъҳои пахтагӣ ва омехтаро ташкил медиҳад. Ин имконият медиҳад, ки корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ бо матоъ таъмин бошанд. Иқтидори солонаи истеҳсолии «Гулистони Душанбе» барои таъмини либоси ягонаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе кифоят мекунад.
Истеҳсоли либосҳои мактабӣ ва бачагона яке аз бахшҳои муҳими саноати сабуки кишвар ба ҳисоб рафта, рушди минбаъдаи он метавонад барои таъсиси садҳо ҷойи нави кор, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва ғанӣ гардондани буҷети ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонад.
Р. КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.08.2017 №: 162 Мутолиа карданд: 427