logo

иқтисод

САТҲИ КАМБИЗОАТИИ 22400 ОИЛА КОҲИШ ЁФТ

Татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон - Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин роҳандозӣ гардидааст, ба афзудани истеҳсолоти кишоварзию  чорводорӣ, барқарорсозӣ ва идорасозии устувори чарогоҳҳо, дастгирии занони маҳаллӣ дар самти коркарду фурӯши маҳсулот, коҳиш ёфтани  сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар шудани зиндагии 22400 оилаи камбизоат мусоидат намуд.
- Аз аввали татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои зерҳадаф 203 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ ташкил карда, ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самаранок ва устувор 177 ҷамъиятро  бо утоқи кор, мизу курсӣ, ҷевон, компютер ва 100 - тои дигарро бо шабакаи глобалии навигатсионӣ (GРS) таъмин намудем. Барои пешрафти кор 5 ассотсиатсияи истифодабарандагони чарогоҳ ташкил карда, онҳоро дар рафти татбиқи лоиҳа ҳаматарафа мавриди дастгирӣ қарор додем, - гуфт Каримзода Саъдӣ Ғаффор, директори Муассисаи давлатии  лоиҳаи давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чаргоҳҳо». - Марказ бобати таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва бартараф намудани норасоиҳо дар деҳот 133 трактор, 12 борбардори ҳамакора, 3 нақлиёти боркаш, 2 экскаватор ва 840 мошинолот харида, барои истифодаи ҳамагон пешкаш намудааст. Талаботу дархости сокинон ба инобат гирифта мешавад.  Масалан, бонувони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон дархост намуданд, ки ба онҳо баҳри парвариш оилаҳои занбӯри асал диҳем. Азбаски шароити маҳал барои парвариши занбӯри асал хеле мувофиқ мебошад, ба онҳо 130 оилаи занбӯри асал тақсим карда шуд.
Ҳамчунин, дар доираи лоиҳа бо мақсади роҳандозии беҳтари хизматрасонии байторӣ дар деҳаҳои фарогир 24 клиникаи байторӣ бунёд ва бо таҷҳизоту доруҳои зарурӣ таъмин гардид. Барои пешгирии касалиҳои сирояткунанда ба 32425 сар чорвои калон ва 59846 сар гӯсфанду буз дору гузаронда шудааст.
Татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи  «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба маблағи 24 миллион доллари ИМА идома дорад. Ин марҳила 38 ҳазор хонаводаи ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва шаҳри Кӯлобро фаро гирифтааст.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 321

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед