logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ АСАЛ

Бо истифода аз боду  ҳавои мусоид ва гулу гиёҳҳои гуногунранги барои парвариши занбӯри асал мувофиқ дар ноҳия шумораи оилаҳои  занбӯри асал ба 5130 адад расонда шудааст.
Шароитҳои  фароҳамнамудаи Ҳукумати кишвар барои кишоварзон низ имкон медиҳад, ки сафи хоҷагиҳои занбӯриасалпарвар  ҳамасола афзоиш ёбад. Занбӯриасалпарварони  ноҳия имсол ният доранд, ки ҳаҷми истеҳсоли асалро ба  100 тонна расонанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, онҳо соли гузашта 94,5 тонна асал истеҳсол намудаанд. 
Шохӯҷа Акбаров,  занбӯриасалпарвари номдори  ноҳия, изҳор дошт, ки ӯ ин касбро аз хурдсолӣ аз падараш омӯхта, дар ҷодаи мазкур  37 сол боз заҳмат мекашад. Номбурда ҳамасола  дар озмунҳои асалпарварони ноҳия ва ҷумҳурӣ ширкат менамояд ва  бо тамъи хушу сифати баланди маҳсулоташ сазовори ҷойҳои намоён мегардад.
 - Ҳоло аз ҳар оилаи занбӯр 20 - 25 килограмм асал мегирам.   Онро  бо нархи дастрас ба фурӯш бароварда,  талаботи рӯзгорамро таъмин менамоям, - гуфт ӯ.
Бо вуҷуди ниҳоят сард омадани зимистони гузашта  рушди соҳаи истеҳсоли асал дар ноҳия назаррас мебошад ва оилаҳои занбӯри талафёфта аз нав барқарор гардиданд. Асал маҳсулотест, ки новобаста аз мавсим ҳамеша харидори худро дорад. Дар замони муосир онро дар  муолиҷаи зиёда аз 100  беморӣ истифода мекунанд.
Бинобар ин, фурӯши маҳсулоти занбӯри асал (асал, муми хонаи занбӯри асал, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра) дар дохил ва хориҷи кишвар боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориҷӣ ва ба ин васила беҳбудӣ ёфтани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Пешрафти соҳаи тиб нишон дод, ки дар қатори мум, гард ва асал заҳри занбӯри асал низ шифобахш аст. Масалан, дар Булғористону Русия зимни гузарондани санҷиш муайян гардид, ки бо роҳи занбӯргазонӣ 92 дарсади  беморони остеохондроз, 95 дарсади  беморони радикулит ва  85 дарсади  артрит шифо ёфтаанд.
Аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявию иқтисодӣ дар ноҳия ҳамасола барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ барномаҳои зиёд роҳандозӣ мегарданд. Ҳамчунин, ба ин кор занони хонашин ҷалб мешаванд. Соли гузашта дар ноҳия ба 20 зан 5 – оилаи  занбӯри асал бо маводи зарурӣ тақдим гардид. Иқдоми мазкур имкон дод, ки оилаҳои камбизоат ба касби сердаромади муносиб фаро гирифта шаванд ва зиндагии хешро аз ин ҳисоб таъмин созанд. Ҳоло сафи бонувони асалкор пайваста меафзояд.
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 335

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед