logo

фарҳанг

"ГАНҶИ СУХАН" ДАР ШАҲРИСТОН

Нишасти 153-юмини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори фарҳанги ноҳияи Шаҳристон бо иштироки бештар аз 200 нафар сокинони ноҳия баргузор гардид. Аз маркази вилоят як зумра олимону адибони номӣ, аъзои маҳфили “Ганҷи сухан” ташриф оварда, бо адибону қаламкашон, устодони мактабҳо, донишҷӯёну мактаббачагони ноҳия мулоқоти судманд анҷом доданд. Нишасти навбатиро  масъули маҳфил Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшид. Таҳти мавзӯи “Ваҳдат – сарчашмаи саодат” раиси ноҳияи Шаҳристон  Ёқубзода Умар баромад карда, нақши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пойдории ваҳдати миллӣ махсус зикр намуд. Сипас, бахшида ба 25 – солагии Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ таҳти мавзӯи “Таърих гувоҳ аст” номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДҲБСТ Ҷӯрабек Исомиддинов маърӯза кард.
Аз ҷониби Абдусаттор Абдуқодиров, профессори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, оид ба китоби тозанашри “ Пешвои миллат ва сиёсати забон”, ки бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нашр гардидааст, маълумот дода шуд ва андешаҳои олим оид ба нақши Пешвои миллат дар пойдории забони модарӣ баён гардид.
Дар бахши “Минбари шеър” шоир Суруш  ва  адибони  ноҳияи Шаҳристон Ҳикматой Қӯзиева, Шавкат Ӯлмасов аз шеърҳои нави хеш қироат карданд. Як силсила китобҳои нави олимону адибони вилоятро масъули маҳфил ба китобхонаи ноҳия ҳадия кард.
Унвонҷӯи кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Гулбаҳор Султонова ҳамчун олими ҷавон бо маърӯзаи ”Фарҳанги  ашъори Камоли Хуҷандӣ “ ва арзиши илмиву адабии он” баромад намуд. Устоди забоншинос Абдуқодир Зоҳидов баъди маърӯзаи ӯ изҳори хурсандӣ намуд, ки Соли ҷавонон чеҳраҳои навро дар ҳар соҳа, аз ҷумла илми суханшиносӣ манзур карда истодааст. Барномаи адабии “Тоҷикистон хонаи умеди мо”, ки аз ҷониби  хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳристон пешниҳод шуд ва суруду оҳангҳои дилнишини сарояндагон ва ҳаваскорони Шаҳристон ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид.
Муяссар БОБОҶОНОВА, ноҳияи Шаҳристон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 526
14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЁРӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ВМКБ

ТОҶИКОБОД. ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

ВМКБ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "ИСТИҚЛОЛ" МАРҲИЛАИ АВВАЛРО ДАР САДРИ ҶАДВАЛ ХАТМ КАРД

РОССИЯ ДАР ҶАҲОН НАХУСТИН ШУДА ОЗМОИШИ ВАКСИНАИ COVID - 19-РО АНҶОМ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед