logo

сиёсат

АМНИЯТИ МИЛЛӢ. ТАЪМИНИ ОН БА ХУДОГОҲӢ ВА ДОНИШҲОИ ИЛМӢ НИЁЗ ДОРАД

Андешаҳо дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов «Илм ва амният», «Ҷумҳурият», 30 майи соли 2017
Мақолаи Саймумин Ятимов «Илм ва амният»  хонандаро ба фаҳму дарки мазмуну муҳтавои давлат чист, амнияташ чӣ гуна бояд бошад ва тарҳу нақшаҳои геосиёсӣ ва дурбинонаи давлатҳои бузург ошно месозад. Дар мақола омадааст: «Давлат падидаи осмонӣ ё туҳфа нест. Заминӣ аст. Дар асоси қонуниятҳои хоси раванди ҳодисаҳои ҷамъиятӣ пайдо гаштааст. Аз ҷиҳати назариявӣ ва илмӣ арзи вуҷуд мекунад».

Муаллифи мақола ба ин назар аст, ки фаҳмиши давлат ва амнияти миллӣ тафаккури илмиро мехоҳад. Барои исботи фикр менависад, ки «таъмини амнияти миллӣ байни ҳама донистанҳо (донишҳо), қатъан ба тасаввурот, донишҳои илмӣ ниёз дорад. Бе донишҳои илмӣ таъмини амнияти миллӣ ғайриимкон аст. Бе онҳо ба осонӣ метавон мафтуну пойбанди овозаҳо, суханҳои бофта, беасос, ғаразнок, айбҷӯии бедалели хатарнок, хурофот гашт».
Маълум аст, ки амнияти миллӣ ба як самт набуда, ҳамаи кори давлатдорию давлатсозӣ, аз ҷумла иктишоф, ҳимояи сарҳад, иқтисод, фарҳанг, дин, пешгирӣ аз бесарусомониҳо, зуҳури гурӯҳҳои экстремистӣ, террористӣ ва ғайра  зери назорати коргарони ин соҳа аст. «То замоне ки давлатҳо мавҷуданд, хатари фалаҷ кардан ва нест карданашон низ вуҷуд дорад. Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад, зуд аз байн меравад», - менависад муаллиф.
Дар ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта дар пеши чашмамон чи воқеаҳои мудҳиш рӯй доданду ба сари мардуми бегуноҳ чи балоҳо омад, аз ёдҳо нарафтаанд. Гурӯҳҳои ба ном демократ, озодандеш, исломӣ ва дигару дигар сар бардоштаю  лофи ҷамъияти озод сохтанро мезаданд. Мо, аввал ба онҳо бовар мекардем. Вақте ки об аз сар гузашт, фаҳмидем, ки онҳо чӣ мехостаанд… Он вақт ниҳодҳои қудратӣ худро бетараф эълон карда буданд. Яъне, мо дар таҷриба дидем, ки «таърихи давлат, таърихи амнияти он будааст».
Муаллиф гаштаю баргашта хотиррасон мекунад: «Инсон фақат ба доштани илм, моҳияти масъаларо дарк ва пешгӯии ҳолатҳоро таъмин мекунад». Ман низ тарафдори чунин ақидаам. Аммо ин ҷо бештари мардум, бахусус онҳое, ки худро зиёӣ меҳисобанд, бояд донишманд бошанд, баробари замона қадам зананд. Ба ҳамагуна воқеаву ҳодисаҳое, ки дар Ватан рӯй медиҳанд, худро шарик донанд.
Дар боби «Илм: адабиёт ва амният»-и мақола омадааст: «Илм хосияти системаофаринӣ дорад. Аз натиҷаҳои дақиқи тадқиқоти илмӣ ҳар як ҷузъи системаи ягонаи таъмини амнияти миллӣ, дар вобастагӣ ба салоҳият, функсия ва вазифаҳояш истифода мекунад. Адабиёт муҳимтарин ҷузъи ин система мебошад». Оре, қудрати каломи бадеъ, яъне китоби хуб маърифату маданияти хонандаро баланд мебардорад, барои таъмини мақсадҳои амнияти миллӣ байни мардум аз беҳтарин воситаҳост. Нависандаҳои бисёр кишварҳо кори муҳими миллатсозию давлатсозиро огоҳона анҷом додаанд. Касе китоби «Ҷанг ва Сулҳ» - и нависандаи бузурги рус Лев Толстойро хонад, албатта ватандӯст мешавад. Нависанда намегӯяд, ки фалонӣ хиёнат кард ё ватандӯст буд. Кору фаъолият ва ботину зоҳири қаҳрамон ё персонажҳоро тасвир мекунад. Хонанда  кӣ буданашро пай мебарад ва он шахс як умр ба некӣ ё ба бадӣ дар хотираш мемонад ва худаш ҳам минбаъд дигар мешавад. Ин корро барои омма  фақат асари бадеӣ карда метавонад.
Гуфтан мумкин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ романҳои ҷолиб, ба мисли «Ҳайҷо»-и устод Кӯҳзод, «Шинак»-и нависандаи донишманд Юнус Юсуфӣ, «Таърихи халқи тоҷик» - и Намоз Ҳотамов, «Хуросон аст инҷо» - и Муҳаммадҷон Шакурӣ, «Аз Синзиян то Хуросон» - и Камол Абдуллоев ва «Оташ дар хонаи қадим» - и Мирзонасриддин рӯи чоп омаданд. Хонанда аз ин китобҳо таърих меомӯзад, қадру қимати Ватанро мешиносад, чӣ гуна будани давлатдориро дарк мекунад. Ин китобҳоро муаллим, духтур, муҳандис, соҳибкор ва ҳар касе, ки худро соҳиби ин Ватани аҷдодӣ  меҳисобад, бояд хонад. Хонад то ки неку бадро дониста, кору зиндагӣ кунад.
Хулоса, дар мақолаи сиёсатшинос Саймумин Ятимов маълумоти тозаи вобаста ба амнияти миллату давлат, системаи таъмини давлатдорӣ ва сиёсати ғаразомезонаи давлатҳои бузург нисбат ба давлатҳои камқудрат ё ба истилоҳ хурд бо таҳлилҳои илмӣ оварда шудааст. Дар ин замони мураккаб ва пур аз воқеаву ҳодисаҳо донистани ҷиҳати таърихӣ ва ҳуқуқии ин мафҳумҳо барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон зарур ва саривақтист.
Мирзонасриддин САИДОВ,
нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 491

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед