logo

иқтисод

ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ ДАР ШОҲРОҲ БАРҚАРОР ГАШТ

Шоҳроҳи  байналмилалии автомобилгарди  Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ - Қулма кушода шуда, ҳаракати нақлиёти автомобилгард аз ду самт таъмин гардид. Дар чорабинии ба ин муносибат баргузоршуда вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон  Ҷамшед, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода ширкат варзида, ба ҳамаи онҳое, ки дар кушодашавии шоҳроҳ саҳм гузоштанд, изҳори сипос намуданд. 
Ёдрас мешавем, ки бар асари фаромадани селҳои зиёд аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ҳамасола дар фасли тобистон такрор мешаванд, шоҳроҳи  байналмилалии автомобилгарди  Кӯлоб - Қалъаихумб - Хоруғ  - Қулма  ба масофаи 400  метр зери об ва  21 оила бесарпаноҳ монд.
Бо мақсади бартараф намудани офати табиии баамаломада фавран бо сарварии раиси вилоят Шодихон Ҷамшед комиссияи вилоятӣ ташкил гардид. Офатзадагон ба ҷойи бехавф кӯчонида шуда, бо хаймаҳо ва маводи ғизоӣ таъмин шуданд.
13 июл комиссияи Ҳукуматии кишвар таҳти сарварии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ҷойи ҳодиса омада,  бо сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардида вохӯрд.  Ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Субҳи 14 июл дар ситоди вилоятӣ дар деҳаи Хостав дар ҳузури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед оилаҳои зарардида бо қуръапартоӣ соҳиби 0,06 – га-и замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ гардиданд.
Рӯзи дигар коргарони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, ҶДММ «НБО Роғун», ширкати чинии «Чан Роуд» бо техникаи пуриқтидор ба таври шабонарӯзӣ кор карда, ин қитъаи роҳро барои таъмини ҳаракати нақлиёт омода сохтанд.
Айни ҳол бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Яхчисор сохтмони хонаҳои истиқоматӣ босуръат идома дошта, оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаҳои Хостав ва Ширговад дар муддати  кӯтоҳтарин бо хонаҳои истиқоматии замонавӣ таъмин мегарданд. 
Бурҳониддин НАҶМИДДИН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 307

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед