logo

фарҳанг

ОҒОЗУ АНҶОМИ ТАҚДИРСОЗИ АСР

Устод Садриддин Айнӣ дар самои илму адаби миллати шарафманди тоҷик бо хидматҳои арзишманду мондагораш аз тобноктарин ахтарон аст. Омӯзиши дафтари рӯзгораш барои мо чеҳраи воқеии ӯро бозгӯ месозад ва бармало зоҳир мегардад, ки воқеан ҳам ӯ фарзонамард, муборизи ғаюру матинирода ва фидоии миллати хеш буда, бо дар хатар гузоштани ҳастии худ аз ҳуқуқу манфиатҳои таърихии миллаташ шуҷоатмандона дифоъ кардаву хидматҳои арзишманд ва мондагореро анҷом додааст.
Дар солҳои бистуми садаи гузашта, ки миллаташ зери фишору тазйиқ қарор дошт, барои ҳамчун миллат аз байн рафтанашу таҳдиди нестшавии фарҳангу забонаш чандон фосилае намонда буд ва ба ҷони ҳомиёнаш хатар таҳдид мекард, устод Садриддин Айнӣ аз нахустнафароне буд, ки хомӯширо барои худ раво надонист. Ифтихори миллӣ, нангу номус ва ҷуръати бузургаш иҷозаташ надод, ки раванди номатлуберо, ки аз сӯйи душманони миллати тоҷик тарҳрезӣ гашта буд, нодида бигирад. Пас, бо роҳи нашри мақолаҳои ҷолиб сари ҳар мавзӯе, ки барои бақои миллаташ метавонист нақши бориз бозад, садо баланд кард. Зеро он замон тоҷикро нашинохтанд, фарҳангу таърихи куҳанашро ба назари эътибор нагирифтанд ва хидмати фарзандони нобиғааш ба тамаддуни ҷаҳониро паси парда бурданд.
Устод Айнӣ дар баробари даст задан ба масоили сиёсии ҳалталаби рӯз, инчунин, барои покии забони тоҷикӣ, риояи дурусти калимаҳо, аз нав зиндасозии вожаҳои сирф тоҷикии аз истеъмол баромада, мавриди истифода ва корбурд қарор додани забони ноби тоҷикони кӯҳистон пайваста тавассути навиштаҳояш дар матбуоти даврӣ фикрҳои ҷолиб пешниҳод менамуд. Ҳар як навиштаи устод муҳиму бамавқеъ ва дархӯри ниёзҳои миллат буд. Аз масоиле пайгирӣ мекард, ки то ӯ касе ба онҳо дахл накарда  ва услуби баёнаш низ аз дигар қаламбадастони вақт тафовут дошт. Ҳамзамон бо бамиёнгузории масоили муҳиму сарнавиштсоз роҳҳои ҳал ва рафъи онҳоро низ ироа медошт. Гоҳ аз вазифаҳои рӯзнома ҳарф мезаду гоҳ аз қобилияти ташкилотчигии тоҷикон, гоҳ роҷеъ ба омӯзондани ҳаммиллатонаш таваҷҷуҳ зоҳир менамуду гоҳ ба зиндагии пурмашаққати мардуми кӯҳистон, гоҳ аз вазъи табъу нашр мегуфту гоҳ аз ташаккули забон, гоҳе барои бастани даҳони бефароз вошудаи туркгароён дар навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» аз ҳаммиллатонаш муроҷиат ба миён меоварду гоҳ ба ёваҳои Бектош   посух мегуфт… Ба болои ҳамаи ин устод дар ин айём боз ба офаридани (метавон гуфт) нахустқиссаи адабиёти тоҷик – «Саргузашти як тоҷики камбағал» («Одина») сахт банд буд.
Мавсуф аз нахустинҳо буд, ки тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» зери унвони «Дар бораи мактабу маорифи тоҷик» роҷеъ ба омодасозии муаллимони тоҷик, кушодани мактабҳои тоҷикӣ ва дурнамои нашри китобҳои тоҷикӣ садо баланд кард: «Як масъалае, ки имрӯз ҳаёту мамоти қавми тоҷик ба он вобаста аст, масъалаи мактабу маорифашон аст. Шак нест, ки ба роҳ андохтани мактабу маорифи тоҷик аз лозимтарин корҳост, аммо ба чи ранг пеш бурдани мактабу маорифи тоҷик ҷойи музокираву мубоҳиса аст».
Устод дар давоми навиштааш мегӯяд, ки Ҳукумати марказии Туркистон барои тайёр кардани муаллим аз ҳисоби тоҷикон дар Тошканд мактаб мекушояд. Ӯ инро хуш қабул карда бошад ҳам, намехоҳад вақт (5 сол) ба беҳуда паси сар шавад ва барои роҳандозии ҳар чи зудтари ҷалби тоҷикон ба мактабу маориф пешниҳод менамояд: «Ба фикри ман мерасад, ки ҳеҷ фурсат нагузаронида, дар Самарқанд, ки ба кӯҳистони тоҷикон наздик аст ва маркази маданият ба шумор меравад, як курс кушода шавад. Дар ин курс аз Фалғар, Мастчоҳ ва соири кӯҳистону деҳоти тоҷикон толибилмон бирасанд ва ҷавононе, ки дорои хату саводанд, 40 ё ки 50 нафарро ҷамъ карда, 4 ё 5 моҳ тарбият карда шавад… Агар то моҳи уктобир ҳозирӣ дида ба шартҳое, ки дар боло навишта шуд, барои тоҷикон курси тарбияву таълим кушода шавад, умед аст, ки дар моҳҳои ёнвор ё феврол дар кӯҳистони тоҷик чанд мактаб ба усули нав бозгардад. Ҳамин ки намунаи мактаби нав ба кӯҳистон қадам гузошт, хотирҷамъ бошед, ки зеҳни софу қобилияти фитрии аҳли кӯҳистон ба майдон баромада, корномаҳо хоҳад нишон дод».
Дар робита ба тозагии забон мегӯяд: «…Дар шаҳри Самарқанд як забони тоҷикии маъмул аст, ки ин забон бо забонҳои дигар махлут буда, ба таъбири «буқаламун» сазовор аст. Бинобар ин, моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони кӯҳистони тоҷикро қабул кунем. Забони кӯҳистони тоҷик, форсии сода, аз такаллуфоти иронӣ холӣ, ба луғатҳои арабии ношунида хилт наёфта ва ба сарфу наҳви форсӣ мувофиқ аст. Оре, дар талаффуз назар ба  забони форсиёни шаҳрӣ қадре ғализӣ дорад, маазолик софу мувофиқи қоида аст. Ин гуна забон, аз Фалғар - Мастчоҳ гирифта то Қаротегину Дарвоз маъмулу ҳамафаҳм аст».
Роҷеъ ба забони китобҳои таълимӣ ва дурнамои табъу нашри тоҷикон устод назари хоси худро дорад: «…моро лозим аст, ки китобҳои тоҷиконро аз алифбо гирифта то китоби савод, ҳисоб, торих ва ҷуғрофия ва маълумоти мадания ва сиёсия аз сари нав таълифу  тартиб намоем. Дуруст, дар китобҳои то ҳол чопшудаи тоҷикӣ хеле порчаҳои муносиби мактаб ёфт мешавад. Дар китобҳое, ки баъд аз ин навишта мешавад, аз он порчаҳо истифода кардан мумкин аст. Ба ҳар ҳол китобҳои мактабии тоҷиконро аз сари нав тартиб карда, чоп кардан лозим аст. Нахустин Алифбову китоби Саводро тайёр карда, аз паси он кадом китоб, ки бештар даркор аст, пештар ҳозир кардан зарур аст. Бояд аз ҳамин рӯз эътиборан ба китобҳозиркунӣ шурӯъ карда, то моҳҳои декобр ду-се китоб чоп карда шавад, вагарна дар кӯҳистони тоҷик мактаб кушода намешавад. Дар ин хусус диққати доираҳои ҳукуматӣ ва таваҷҷуҳи касонеро, ки дар масъалаи тоҷик вобастаанд, ҷалб менамоем».
Таърих собит месозад, ки барои миллати мо солҳои охири садаи ХХ ба солҳои ибтидои он аз нигоҳи авзоъ сахт шабоҳат дорад. Дар ин ду давра вазъи яксони сиёсӣ ҳукмфармо буд. Ба тақдири миллати мо бозии басо хавфнок сурат гирифт, ки бо роҳ додан ба андаке фориғболӣ метавонист миллатро ба куллӣ аз миён бибарад. Аммо ба бахти баланди мардуми шарифи мо ва ҳушёрии фарзандони сарсупурдаи миллат дар аввали қарни гузашта дар мисоли устод Садриддин Айнӣ ва дар охири ҳамон қарн дар симои Сарвари давлати навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хатарҳо рафъ гардиданд. Ба ибораи дигар, кори бузургу мондагореро, ки устод Садриддин Айнӣ дар ибтидои қарни ХХ дар самти ҳифзи манфиатҳои миллии тоҷикон анҷом дод, онро дар фарҷоми ин садсола Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора такрор кард. Тавре дар он даврон устод Садриддин Айнӣ барои покии забони ноби тоҷикӣ саъю талош дошт, дар даврони соҳибистиқлолӣ низ дар ин самт бевосита аз тарафи Президенти кишвар ҷиҳати рушду густариши забони тоҷикӣ ибтикорот ва ташаббусҳои наҷибу ҳадафманд сурат гирифта, корҳои басо назаррас анҷом дода шуданд. Хоса, мақом ва нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ баланд бардошта шуд, қонуни нави забони давлатӣ аз нав такмил ёфту қабул гардид, ҳамасола таҷлили Рӯзи забон дар саросари кишвар эълом шуд, қоидаҳои имлои нави забони адабии тоҷикӣ қабул гардид, номи садҳо кӯчаву деҳаву ноҳияву вилоят ба номи абармардони миллат ва номҳои таърихию сирф тоҷикӣ бадал карда шуданд. Инҳо ислоҳот ва ибтикороте буданд, ки бевосита ба дастур ва ҳидояти Пешвои миллат   сурат гирифта, барои тақвияти забони тоҷикӣ роҳандозӣ гаштанд ва ин раванд ҳанӯз идома дорад.
Сироҷиддин ИКРОМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 363

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед