logo

ҳуқуқ

ФАРҲАНГИ ЛИБОСПӮШӢ. РИОЯИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ФАЗОИ МАЪНАВИРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ бахшида ба 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд.
Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори давлатиро вазифадор карданд, ки пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро ба таври қатъӣ гиранд.
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо мо зикр сохт, ки барои ба таври қатъӣ гирифтани пеши роҳи ин зуҳуроти номатлуб бояд сухани муассир ва тадобири мушаххас пешниҳод шаванд. Бояд дар хотир дошт, ки ҳангоми густариши оини муҳаммадӣ қаламрави давлати Сомониён ягона воҳиди ҷуғрофие буд, исломро пазируфт, вале арабиятро рад кард.
- Дар ҳамон шароити нав сарулибоси миллию мазҳабии мо низ бо риояи тамоми назокат ва паҳлуҳои фарқкунанда аз дигарон ҳукми қонунию фиқҳӣ пайдо кард. Ин ҷанбаи муҳими фарҳанги миллӣ то ба имрӯз аз доираи муқаррароти платформаи (барномаи амалиёти) сомонимеҳвар берун наомадааст. Зимнан, касоне, ки моро ба пайравии дину мазҳабҳои дигар ва истифодаи либосҳои ғайрисуннатии миллию динӣ ҳарис мекунанд, қасди низоъ андохтан, ба ҳам зид кардан ва дар ниҳояти кор, парешон сохтани миллатамонро доранд, - гуфт Файзулло Баротзода.
Рафтуомади озод ва шинохти оламу одам ҳаргиз маънои онро надорад, ки як гурӯҳи маҳдуд ба хотири таскини дил ва болидарӯҳии худ аз тариқи тақлиду зоҳирпарастӣ дар фазои фарҳангию иттилоотии ҷумҳурӣ ҳар амали хостаашро ба бидъати ташвишовар табдил диҳад. Фориғболӣ нисбат ба ин падида метавонад дар кохи бегазанди фарҳанги миллӣ рахнаи ноҷо ворид намояд.
Раъно Ҳошимзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, дар суҳбати телефонӣ оид ба муҳимияти мавзӯи мавриди баҳс назари худро баён намуда, гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд мувофиқи дастури раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади  таблиғи арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳангу либоспӯшии бегона, пешгирии шомилшавии занону духтарон ба ҳизбу  ҳаракатҳои террористию ифротӣ ва таҳкими корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ бо занон,  гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ба он масъулони шуъбаҳои  кор бо занон ва оила, ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд,  нозирони минтақавӣ, бахши ҷавонон ва варзиш, раисони маҳаллаҳо, аъзои шӯрои  бибиотунҳо ва дигар ниҳодҳои шаҳрӣ шомил мебошанд.
Гурӯҳи корӣ, ки  аз 100 нафар иборат аст, ба 21 зергурӯҳ ҷудо гашта,  дар бозорҳо, маҳаллаҳои шаҳр, марказҳои савдо суҳбату мулоқотҳои судманд доир намуда истодаанд. Ин иқдом танҳо ба он хотир аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.
Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо дар асри XXI, яъне дар ҷаҳони дигаргуниҳои бузурги илмиву технологӣ ба сар бурда истодаем. Кишварҳои олам босуръат пеш рафта, бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ соҳиби комёбиҳои ниҳоят зиёд шуда истодаанд. Аз ин рӯ, моро низ зарур аст, ки барои гирифтани илму дониши замонавӣ кӯшиш кунем, ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ дода, аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта истифода барем, ҷаҳонбинии худро васеъ намоем, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунем.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2017    №: 162    Мутолиа карданд: 539

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед