иҷтимоиёт
ҶАВОНМАРДЕ АЗ ПАЙИ ОБОДӢ
Нафароне, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ доранд, ҳамеша дар пайи ободиву шукуфоии Ватананд ва пайваста саъй мекунанд гӯшаеро обод созанд ва ё ба ниёзманде дасти кумак дароз намоянд. Ободии диёрро ободии хонаи худ, хушбахтии ҳамдиёронро хушҳолии хеш мешуморанд. Чун миллатдӯсту ватанпарваранд, дар ҳалли мушкилот ва пешрафти ҷомеа низ бетараф нахоҳанд буд.
Насим Солеҳов аз зумраи чунин ҷавонмардон аст. Аввалин коре, ки ӯ якҷо бо бародаронаш анҷом дод, азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 37-и шаҳраки Зарафшон-2 - и ноҳияи Айнӣ буд. Дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирии роҳбарияти кони ангишти Фон – Яғноб мактаби якошёнаи шаҳрак ба муассисаи наву замонавии дуошёна ва дорои шароити хуби таълимӣ табдил гардид. Маблағи умумие, ки бо бародаронаш дар ин кори хайр сарф намуд, беш аз сесад ҳазор сомониро ташкил дод.
Мушкили дигаре, ки бародарон дар роҳи ҳаллаш камари ҳиммат бастанд, танқисии об буд, ки солиёни зиёд, хоса дар заминҳои корами хоҷагии Гулистони деҳаи Майтӣ баръало эҳсос мешуд. Насим Солеҳов ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ қубурҳои обгузар харида, заминҳои деҳаро шодоб гардонд.
Бародарон илова ба ин таъмири қисме аз роҳи деҳаи Ремони ноҳияро бар уҳда гирифтанд. Ба андешаи ин ҷавонмарди саховатпеша шароити мусоиде, ки роҳбарияти ноҳия дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, фароҳам овардааст, фарзандони бонангу номусро минбаъд низ барои саҳмгузорӣ дар ободонии як гӯшаи ин Ватани маҳбуб рӯҳбаланду раҳнамун месозад.
- Воқеан, агар ҳар кадомамон каме ҳам бошад, дар бартараф намудани камбудиву норасоиҳо саҳм гузорем, бешубҳа, ҳама мушкилоти ҷомеа бартараф гардида, ватанамон боз ҳам ободу зебо ҳоҳад шуд, - мегӯяд Насим Солеҳов.
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2017 №: 163 Мутолиа карданд: 486