logo

ҳуқуқ

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. АЗ 1218 ҶИНОЯТ ТО 225,3 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ

Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1218 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор шудааст, ки 417 адади он ба гурӯҳи  ҷиноятҳои вазнин дахл дорад.
Дар ин бора Сулаймон  Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни  натиҷагирӣ аз ҷамъбасти фаъолияти мақомот дар нимсолаи аввали соли 2017 иттилоъ дод. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии кишвар мутахассисони самти назорати давлатии молиявии агентӣ дар ин давра дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи созмонҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 505 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронда, ба маблағи  225,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор сохтанд. Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ  151,2  миллион сомонӣ ба давлат барқарор гардидааст, ки ба буҷет 99,1 миллион ва корхонаҳо 52 миллион сомонӣ рост меояд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда  281 адад ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба ҳисоб рафта, 61 адади онро бошад, ҷиноятҳои марбут ба тасарруфи маблағҳои калон ташкил медиҳад. Инчунин, 414 ҷинояти қаллобӣ, 12 саркашӣ аз пардохти андозҳо аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, 40 ҷиноят вобаста ба гирифтан ва додани пора муайян ва ошкор шудааст. Маблағи умумии зарар бо ҷиноятҳои ошкоргардида  88,1 миллион сомониро ташкил намуда, аз он 38,4 миллион сомонӣ барқарор гардидааст. Содиршавии ҷиноятҳои ошкоргардида ба ВМКБ-114, вилоятҳои Хатлон -383, Суғд-312, шаҳри Душанбе-217 ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 192 ҷиноят рост меояд.
Ба гуфтаи Сулаймон Султонзода, натиҷаи тафтишу санҷишҳо дар вазорату идора ва корхонаю муассисаҳо бо иштироки кормандони агентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба 470  нафар шахси масъул ҷавобгарии маъмурӣ ва моддӣ татбиқ гардида, 19 нафари дигар аз вазифаи ишғолнамудааш озод шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 429 маводи тафтишӣ ба маблағи умумии зарари молиявии 141,5  миллион сомонӣ ирсол гардидааст.
Зимни баргузор намудани  чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ  ҳашт ҳолати иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиёти мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо ошкор шуда, нисбат ба гунаҳгорон бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ  оғоз ва барои тафтиши минбаъда аз рӯи тобеият ба Прокуратураи генералӣ ирсол шудааст.
Дар ин давра кормандони агентӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 3 ҷиноятро ошкор намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 5,1 грамм героин, 894 грамм афюн ва 69,170 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира карданд. Инчунин, 5 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ошкор шуда, аз махфигоҳҳо16 адад силоҳи гуногунтамға, 32 норинҷак ва 737 тири гуногунқутр дарёфт ва мусодира гаштааст.
Зикр гардид, ки  муфаттишони агентӣ дар ин давра 442 парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул карда, тафтиши пешакии 314 парвандаро нисбат ба 424 нафар ба анҷом расонданд. Аз ин 258 парванда нисбат ба 346 нафар айбдоршаванда бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардидааст. Аз ҷониби муфаттишони агентӣ  дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷиши мавод ба маблағи умумии 87,4 миллион сомонӣ зарари моддӣ ошкор шуда,  71,7 миллион сомонӣ барқарор гардидааст, ки 82 дарсадро ташкил медиҳад.
Додоҷон РӮЗИЕВ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2017    №: 163    Мутолиа карданд: 515

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед