logo

фарҳанг

ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Инсон тафаккури олияшро бо истифода аз ҳадияи худовандӣ - забон бо сухан ва хат изҳор намуд ва ба ин васила зиндагияшро сӯи ояндаи пуртакопӯ такон дод. Бидуни забон ва тафаккур ба чунин марҳалаҳо расидани инсон номумкин буд.
Имконияти забон вобастаи имконияти тафаккур аст. «Дар навбати худ инкишофи тафаккур якҷоя бо инкишофи забон амалӣ мешавад», - мегӯяд донишманди англис Гордон Чайлд. Доманаи тафаккур ҳар чи қадар фарох бошад, имконияти забон низ ҳамон қадар зиёд хоҳад буд. Тафаккур аз сарчашмаҳои ҳувият об мехӯрад, ки он сарчашмаро маҷмӯи арзишҳои инсонӣ шодоб мегардонанд.
Ҳувияти миллӣ ва забон ин ду омилеанд, ки бештар аз дигар бахшу соҳаҳо ва арзишҳои дигари ҷомеа дар раванди ҷаҳонишавӣ метавонанд таъсири зиёд қабул намоянд. Аммо забону ҳувияти қавӣ дар ин раванд на танҳо пойдору устувор мемонанд, балки аз лиҳози мавҷудияти унсурҳои беҳтарин бо ҳувият ва забони дигар халқҳо табодули чандҷонибаи муассир барқарор хоҳанд намуд. Мухтасаран бояд гуфт, ки ҷараёни ҷаҳонишавӣ ҳанӯз дар даврони муҳоҷирати ориёиҳо оғоз ёфта буд, ки яке аз омилҳои муҳими ин раванд густариши забони  ба истилоҳ ориёӣ ба минтақаҳои гуногуни дунё буд. Дар баробари ин, тамаддуни ориёӣ, ашёи ҷангиву рӯзгор низ ба дигар минтақаҳо паҳн гардида, як навъ заминаи хосе барои ҷаҳонишавӣ дар даврони худ муҳайё карда буд. 
Забони қавиву ғанӣ, ҳамосаву таронаҳои пирӯзӣ, ниёишу ситоишҳои манзум дар парвариши ҳувияту ҳамият, яъне сиришти ориёиҳои қадим нақши беназир дошт. Дар адабиёти ориёҳиндӣ, ки эҷоди аҷдоди муштараки тоҷикону ҳиндувон мебошанд, ба мақоми сухан арзиши воло қоил гардидааст. Яке аз эзадони машҳури ин адабиёт Вач ном дорад, ки илоҳа ва ё эзадбонуи сухан, хушгуфторӣ ва ҳикмат ба шумор меравад. Вач - сухан, дар аксар маврид бо Манас - маниш (андеша) дар паҳлуи ҳам тасвир ёфтаанд. Вач баъдан дар «Авасто» дар шакли ваҷ ва дар забони имрӯзӣ ба шакли вожа - сухан зоҳир гаштааст. Дар адабиёти мазкур омадааст, ки дарёи Сарасватии ориёҳиндӣ (ки бо Ардви Сура дар «Авесто» шабеҳият дорад - М.Ҳ.), поку мусаффо, зиндагиовар ва шифобахш аст, олиҳаи сухани муқаддас мебошад. Тасодуфӣ нест, ки ин дарё баъдан бо Вач – эзадбонуи сухан айният дода шудааст. Шояд аз ин ҷост, ки равонӣ ҳам ба сухан ҳам ба об нисбат гирифта, ифодаи ташнагӣ низ ба ҳар ду ин неъмати илоҳӣ (масалан, ташнаи об, ташнаи сухан) мансуб гаштааст.
Забони бурро, ифодаи қавӣ, сухани обдор ва бомаъниву пурҳикмат далели соҳиби ҳувияти комили гӯяндаи он мебошад. Байти машҳури Шайх Саъдӣ «То мард сухан нагуфта бошад, Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад», ба ҳамин маънӣ далолат мекунад. «Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст» - гуфтаи Хоҷа Ҳофиз аст, ки он низ дар ҳамин радиф қарор гирифтааст. Дар иртиботи ин маънӣ адиб ва донишманди рус Паустовский низ гуфтааст, ки забони ҳар як фард баёнгари чигунагии мавҷудияти арзишҳои башарии гӯяндаи он мебошад. Ҳувият забонро дар бархӯрдҳо аз нобудшавӣ ҳифз менамояд, забон ҳувиятро таҷассум мегардонад. Албатта тарзи зиндагӣ, иқтисодиёт, арзишҳои миллӣ - фарҳангӣ ва таърихӣ чигунагии ҳувият ва забони ҳар як халқро муайян менамоянд. Аммо ҷиҳати фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои пешбурди тамоми соҳаҳои ҷомеа нақши забон хеле муассир аст. Дар боби забон ва тафаккур боз ҳам Гордон Чайлд гуфтааст: «Сухан маҳсули фаъолияти тафаккур аст, аз ин ҷиҳат забони гуфтугӯ ҳувияти гӯяндаи худро на танҳо таҷассум менамояд, балки тарзи тафаккури хоси гӯяндаи ин забонро низ ҳифз менамояд... Аз ин ҷост, ки ҳар халқе, ки сохтори каломи боназокатро ба мерос гирифта бошад, чунин мерос ба вай дар роҳи рушду тараққӣ имтиёзи бештар хоҳад дод».
Бетафовутӣ ва беэътиноӣ нисбати забон далели зеҳни коҳил ва эҳсоси масъулияти кунди гӯяндаи он мебошад. Танҳо ҳамин мисолро овардан кифоят аст, ки тамоми донишмандони соҳаҳои фиқҳу фалсафа, тиб, риёзиёт, нуҷум, алҷабр ва ғайра пеш аз ҳама донишмандони барҷастаи забон буданд. Шайх Саъдӣ забонро «Калиди дари ганҷи соҳибҳунар» номидааст. Инсон ба воситаи сухан фикр мекунад. Яъне, суханро ҳанӯз ба забон наоварда, онро дар тафаккури худ шакл медиҳад, ба ифодаи дигар, тафаккури худро таҷассум менамояд. Ва чунин амал ба воситаи таркиботи забонӣ ҷараён мегирад. Тифл суханро оҳиста-оҳиста аз модар ва атрофиён ёд мегирад, аммо ҷойгоҳи зеҳн ва тафаккур дар мағзи инсон ҳадяи худовандист, ки он вуруди масолеҳи забонро на танҳо амалӣ мекунад, балки онро ба танзим дароварда, дар сурати зарурат маводи лозимиро дар шакли сухан пешниҳод менамояд. Мо дунё ва дигаронро бештар ба воситаи чашму гӯш қабул мекунем, аммо худро барои дигарон бештар ба воситаи забон муаррифӣ менамоем. Ҳангоми суханро ба забон овардан масъулият бештар ба дӯши тафаккур аст.
Забони ҳар фарди соҳиби ҳувияти комил метавонад забони халқеву миллате ва баръакс, забони халқеву миллате метавонад забони чунин афрод бошад. Ҳувияти миллӣ мисли забони миллӣ аз намунаҳои беҳтарини забони мардум ва ҳувияти аксари кулли афроди ҷомеа ташаккул меёбад. Дар иртиботи таносуби фоизи забон ва ҳувияти солиму комил аз носолиму коста ҳувият ва забони ин ё он халқ муаррифӣ мегардад. «Чу мард воло шуд, гуфтаҳои ӯ волост», - мефармояд барҳақ Маликушшуаро Баҳор. Миллат сарчашмаи хушкнашаванда, нигоҳбону парваришгоҳи ҳувият ва забон аст. «Каломи ҳар қавм ангораи сароири ӯст», - мефармояд боз ҳам ин шоири тавоно. Ба ифодаи дигар, забони ҳар халқ ойинаи ҳувияти ӯст. Фардҳои барҷаста дар навбати худ бо ҷасорати миллии худ ин сарчашма ва парваришгоҳро ғанӣ ва пойдор мегардонанд, ки ин гуфтаро дар мисоли эҷодиёти устод Айнӣ метавон татбиқ кард.
Дар таърих фоҷиаҳои миллӣ аз думболагирии тоҷик лаҳзае фориғ набуданд. Шароити давлатдорӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷуғрофӣ ва бисёр дигар омилҳо барои тоҷик дар тӯли садсолаҳо  мусоидат накард. Ба назар мерасад, ки дар сурати адами ин шароит ҳеҷ миллате дар таърих пойдор буда наметавонад. Пас чӣ боис шуд, тоҷик, ки дар таърих маҳкуми нобудӣ гашта буд, аз ин ҳукм эмин монд? Ду омил ин вазифаро барои таърих иҷро намуданд. Яке инерсияи давлатдории аҷдодон, хоса давлатдории ориёӣ ва Давлати Сомониён, инчунин, заминаи муҳайёкардаи онҳо барои илму фарҳанг. Дигаре – Забон! Оре, ин калиди сеҳрнок воситаест, ки тоҷики тоқу танҳоро аз биёбони маргзои таърих кашолакунон бад-ин рӯз овард. Обу нон, такягоҳу сарпаноҳ ва шамшеру сипари тоҷик забони модариаш буд. Бале, дар чанд ҳазор соли охир тоҷик танҳо як қаҳрамон, як Рустами Достон дар ҳама ҷабҳаҳо аз тоҷик пуштибонӣ менамуд, ки ин забони тоҷикӣ буд.
Ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди бесобиқаи таърихист. Бо фарорасии ин рӯйдод бори нахуст имтиёзи беназир ва заминаи мусоид ҷиҳати инкишофи ҳамаҷонибаи ҷомеаи тоҷик ва забони тоҷикӣ муяссар гардид. Бори нахуст давлати мустақили тоҷикон бо номи Тоҷикистон, номи миллат - тоҷик, Сарвари тоҷик, забони давлатии тоҷикӣ, Парчаму Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, шиносномаи миллӣ ва дигар хусусиёти миллӣ тоҷикро муаррифӣ намуданд. Равобити байнидавлатӣ бо кишварҳои дигар таъсис гардид. Аз ҳама муҳимаш шаклгирии воқеии ҳувияти миллӣ оғоз ёфт. Истиқлолияти Ватан ҳамчун ресмони худовандист, ки барои мардум василаи иттиҳод, ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллиро муҳайё месозад. Забони миллӣ ҷиҳати тақвияти ин омилҳо, қабл аз ҳама ваҳдати миллӣ дорои нақши равшан мебошад.
«Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст», - мефармояд Мавлавӣ. Бояд гуфт, ки на ҳамаи халқиятҳои ҳамзабон дорои ҳувияти ягона мебошанд. Чи беҳтар, ки қавму миллати ҳамзабон ҳамҳувият бошад. Иқтисодиёти пешрафта, аз як тараф натиҷаи ҳувияти комил буда, аз тарафи дигар ба комил гардидани ҳувият низ боис мешавад. Чи беҳ аст, агар рушду тараққии ин ҳар ду омил дар ҳамҷоягӣ ҷараён гиранд. Аммо забон дар ҳама ҳол барои иҷрои вазифаи худ омода аст. Рӯйдодҳои илмиву фарҳангӣ, сиёсӣ, байналмилалӣ, ҷашнҳои милливу мардумӣ ва ғайра бештар ба воситаи ифодаи васоити забонӣ - китобу рисолаҳо, шиору даъватҳо, суруду тарона ва ғайра амалӣ мегарданд, нақши онҳо дар рушди ҳувияти миллӣ бештар зоҳир мегардад. Халқи тоҷик халқи некманиш аст. Яке аз хусусияти хоси ин мардум забонро гиромӣ доштан, ба қадри сухан расидан аст. «Сухани мард якто» - яке аз мақолҳоест, ки онро хурду калон ҳамчун нишони ҷавонмардӣ ва хислати волои инсонӣ медонанд ва қадр мекунанд. Андарзи авастоӣ - пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек ҳоло дар шакли нияти нек ва қавлу амал ифода гардида, ҳамчун баёнгари арзишҳои ҳувият зоҳир мешавад. Сарфи назар аз бешафқатиҳои зиёди таърих забони тоҷик ба бад гуфтан олуда нашудааст. Дар адабиёти шифоҳиву хаттии халқи тоҷик ҳамеша ғояҳои инсондӯстӣ тарғиб шудаанд. Барои мисол, дуоҳои неки тоҷикӣ зиёда аз яксаду панҷоҳторо ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки дуоҳои бад аз бист - бисту панҷто зиёд нестанд. Яъне, ҳувияти зотии гӯяндаи ин дуоҳо бештар ба ҷониби хайрхоҳиву некӣ тамоюл пазируфтааст. Сиришт ва ҳувияти мардумиро низ ба мизони забон муайян намудан муяссар мегардад. Муносибатҳо, муомилот, кашфиётҳо, рӯйдодҳо ҳама ба воситаи ифодаҳои хату забон амалӣ мешаванд ва дар шаклҳои гуногун сабт гардида, дар бойгонии таърих ҳифз мешаванд. Давлати миллӣ ва истиқлолияти миллӣ муҳимтарин воситаву василаи парвариши забон, ҳувияти миллӣ, андешаи миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ ба шумор меравад.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 эълон шудани Соли забони тоҷикӣ тадбире буд, ки моҳият ва саҳми он ҷиҳати парвариши ҳувияти миллӣ, аз ҷумла ифтихори миллӣ, ҳисси ватанхоҳӣ ва дигар сиришти неки миллӣ бо бузургтарин рӯйдодҳои таърихи кишвар баробар аст.
Муҳтарам ҲОТАМ, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2017    №: 163    Мутолиа карданд: 615

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед