logo

сиёсат

ТАНЗИМ БАРАКАТ ВА БАРАКАТ САОДАТ АСТ

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10 - солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Панҷакент ҳамовозӣ ва ҷонибдории зиёд пайдо намуд.
Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои милливу мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоию зоҳирпарастӣ ва исрофкорию зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низоми тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
Бо ҷонибдорӣ аз ин андешаҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлат мо пешниҳод мекунем, ки арӯс дар маъракаи тӯй бо либоси миллӣ нишинад. Маросими арӯсталбон низ бо иштироки хешовандон ва наздикони арӯсу домод гузаронда, ба пӯшидан ва  намоиш додани якчанд либоси арӯс қатъиян роҳ дода нашавад. Зеро ин худнамоӣ хоси нафарони шуҳратпараст буда, ба фарҳанги ниёгонамон рабте надорад. Мо ҷонибдори дастури Пешвои миллат ҳастем, ки гузарондани ҷашни зодрӯзро дар доираи оила салоҳ донистанд. Ҳамчунин, пешниҳод менамоем, ки маъракаи хатнасур дар доираи оила гузаронда шавад. Ба андешаи мо, маъракаи рӯбинонро пас аз тӯйи домодию арӯсӣ барқарор кардан зарур аст. Зеро он маъракаи суннатӣ буда, ҷанбаи тарбиявӣ низ дорад.
Солҳои охир ҷудошавии оилаҳои ҷавон зиёд ба назар мерасад. Сабабҳои ин падидаи нохуб таънаи тарафи арӯс ё домод дар бораи наовардани ҷиҳози хуб, мувофиқи табъи дили арӯс ё домод нагузарондани маърака, ҳадия накардани тилловорӣ, ҷавоҳироти дигар ва ғайра мебошанд. Далелҳое ҳастанд, ки, ҳатто, арӯс ба шавҳараш бо таъна муроҷиат карда, гуфтааст: «Аз дивани овардаи модари ман фаро, ту ба ин лоиқ нестӣ». Пешниҳод мекунем, ки дар қонун тартиби додани ҷиҳоз ё ҳадия мушаххас шавад.
Ба сарулибоси имомхатибон низ таваҷҷуҳ бояд кард. Оё шарт аст мулло дар сар саллаи калон ва дар тан хилъати монанд ба хилъати халифаҳои араб  дошта бошад? Ин тақлидкории маҳз аст. Бисёр хуб мебуд муллоҳо ва аҳли дину тақво бо тоқӣ ва сарулибоси озодаи хоси зиёиён ба кӯча  ва ё назди  аҳли ҷомеа бароянд. Зеро имомхатибон ва муллоёни бохираду босавод низ зиёӣ ҳастанд ва имрӯз, ки Тоҷикистони мо бо роҳи  давлати демократӣ ва дунявӣ пеш меравад, маданиятамон, хоса сарулибосамон ҷавобгӯи ин низоми давлатдорӣ бояд бошад.
Қонуни танзим, чунон ки дар суханронии Пешвои миллат зикр шуд, дар давоми даҳ соли амали худ ба мардум манфиати зиёде овард, забҳи чорво кам шуд, маросиму маъракаҳо ба танзим дароварда шуданд, сатҳи зиндагии мардум баланд гардид ва сокинон тавонистанд, ки маблағҳои пасандозашонро ба беҳбуди рӯзгор ва корҳои хайру савоб сарф намоянд. Таҳрири нави қонун имкониятҳои мардуми моро ба зиндагии шоиста боз ҳам бештар хоҳад кард. Аз ин рӯ, мо пешниҳоди  Пешвои миллатро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ ва барои амали босамари  он саъю талош мекунем.
Саидмурод ШОДИЕВ,
мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2017    №: 163    Мутолиа карданд: 369

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед