logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ҚАДРИ  КИТОБ
Солҳои 80 – уми асри гузашта, замоне ки мо дар мактаби миёна мехондем, дар арафаи ҷашнҳои мухталиф ба ҳам  туҳфа медодем. Туҳфаҳоямон хеле хоксорона буданд – якдонагӣ китоб, собуни хушбӯй, шона ва гул. Чун 23 феврал ҳоло гулҳо нашукуфта буданд, ба мо – писарон гулҳои коғазин мерасиданд. Туҳфаи аз ҳама гаронбаҳо китоб ба шумор мерафт. Мо кӯшиш мекардем, ки ба ҳам китобҳои тозанашр ва хуберо тақдим намоем. Баъд, то соли оянда ин китобҳо аз даст ба даст гашта, гирди онҳо хони баҳс ҳам меоростем.
Ба ман, ки суръати хонданам хеле суст буд, китобҳоро барои хондан ё намедоданд, ё онҳо пас аз хондани ҳама ба ман мерасиданд. Китобҳои худамро низ пас аз ҳама мехондам. Ин амал миёни ҳамсинфон баъзан боиси ҳазлу шӯхӣ ҳам мешуд.  Боре яке аз ҳамсинфонам ба ҳамин маънӣ  китоби «Восеъ» - и Сотим Улуғзодаро бо дастхати аҷибе бароям ҳадя кард. Дар варақи аввали он чунин нигошта шуда буд: «Ба ҳамсинфам Маҳмадулло ба нияти он, ки пас аз чандин сол ин китоб боз ба дасташ меафтаду ниҳоят онро мутолиа ҳам мекунад. 23/02/86».
Он замон дар дарсҳои адабиёт барои хониши берун аз синф низ соатҳои муайян ҷудо мешуд. Мавзӯи яке аз дарсҳои мо ҳамин асари устод Улуғзода гашт. Табиист, ки китоб ба ман нарасид. Маҷбур шудам онро аз китобхонаи марказии ноҳия гирифта хонам.
Ин воқеа кирои ба ёд овардан ҳам намекард. Вале чанде пеш маълумам шуд, ки ҳамсинфони ман ин анъанаи хешро идома медодаанд. Ман чун хонандаи «сустхон» аз ин бозӣ берун монда будаам. Китоб пас аз 30 сол боз ба дасти ҳамон ҳамсинфам меафтад, ки онро ба ман тақдим карда буд. Ӯ ба дастхати худ ҷумлаи дигаре илова намуда, онро бори дигар ба ман фиристод: «Он замон ҳама фикр мекардем, ки ту ҳоло ба қадри ин китоб намерасӣ, акнун касе чун ту ба қадри он нахоҳад расид. Бо эҳтиром Г.Б. 23/02/16»…       
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ


СКЕЛЕТИ МАЛИКА
Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон бахшида ба 10 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 9 сентябри соли 2001, таъсис ёфтааст.
Толорҳои ёдгориҳои асрҳои сангу биринҷӣ, ёдгориҳои замони Юнону Бохтар, ҳамчунин,  ёдгориҳои дайри Буддои Аҷинатеппа аз машҳуртаринҳо ба ҳисоб мераванд. Дар пешдолони осорхона чор ҷузъи тахти шоҳӣ гузошта шудааст, ки ёдгориҳои давраи Ҳахоманишинҳо (асрҳои VI–IV) мебошанд. Бино ба маълумотҳо, бостоншиносон онҳоро аз мавзеи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат дарёфт кардаанд.
Машҳуртарин ёдгории осорхона скелети Маликаи Саразм мебошад, ки таърихи 5000 - сола дорад. Либосҳои Маликаи Саразм бо сангҳои қиматбаҳо ба монанди фирӯза, лоҷувард, ақиқ, яшм ва кулоҳаш бо муҳраҳои нуқрагӣ ва 49 муҳраи тилло оро дода шудааст. Ёдгории дигари машҳури осорхона ҳайкали азими Буддост, ки 13 метр дарозӣ дошта, ба асрҳои V-VI мелодӣ мансуб аст.
Комрон САФАР


КАБӮТАР – ҚАҲРАМОНИ БРИТАНИЯ
Англия аз ёдгориҳои таърихӣ хеле бой мебошад. Миёни онҳо  муҷассамаи биринҷии кабӯтаре бо номи Уинки мақоми хос дорад. Ҳар бинандаро на танҳо тарҳи аҷиб, балки қаҳрамонии ин ҷонвар ба ҳайрат меорад. 
Қиссаи Уинки чунин аст. 23 феврали соли 1942 киштии зериобии англисҳо, ки аз Норвегия бармегашт, зери тирборони тайёраҳои натсистии олмонӣ қарор мегирад. Дар натиҷа, сарнишинон  маҷбур мешаванд, ки киштиро ба қаъри об баранд. Ҳангоми панаҳ бурдан дар зери об маллоҳон мебинанд, ки дар кишти як ҷуфти кабӯтар ҳам ҳаст. Баробари дидани парандагон яке аз сарнишинон дармеёбад, ки маҳз онҳо метавонанд киштиро наҷот диҳанд. Таваккал карда, ба пойи кабӯтарон такони ҷойгиршавии киштиро дар хамгар баста, онҳоро ба боло раҳо мекунанд.
Яке аз кабӯтарон пас аз 12 рӯз  9 ҳазор километрро тай намуда, пайғомро ба базаи асосӣ мерасонад. Ҳамин тавр, як паранда тавонист ҷони садҳо одамро наҷот бидиҳад. Мутаассифона, кабӯтари дигар ҳангоми парвоз миёни тӯфон ҳалок мегардад.
Барои қаҳрамонияш Уинки ба ҷоизаи олии ҳарбии Британияи Кабир мукофотонида шуд. Муҷассамааш бошад, ба рамзи вафодориву қаҳрамонӣ табдил ёфтааст. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ХИЁНАТИ ЛАНГ
Аспсаворе марди лангеро рӯи роҳ дид, ки аз ӯ мадад мехост. Дили савора ба ӯ сӯхт ва пиёда шуда, марди лангро рӯи зин нишонд, то ба манзилаш расонад. Ланг вақте савори асп шуд, лаҷомро кашида «аспро бурдам!» - гӯён рӯ ба фирор шуд. Аммо пеш аз он ки дур шавад, соҳиби асп фарёд зад:
- Асп моли ту, вале гӯш кун чӣ мегӯям.
Ланг аспро боз дошт ва соҳиби асп идома дод:
- Ту на танҳо асп, балки ҷавонмардиро ҳам бурдӣ! Ҳаргиз ба касе магӯй, ки чӣ гуна аспро ба даст овардӣ, зеро метарсам, ки дигар ҳеҷ саворе ба пиёдае раҳм накунад ва низ метарсам, ки дигар номе аз ҷавонмардӣ рӯи замин боқӣ намонад.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


АСРОРИ ЯК ЛАМПА 
Аҷоиботи олам ё лампае, ки анқариб 110 сол боз  фурӯзон аст. Ин аҷоиботро дар шаҳри Ливермор, ки дар иёлати Калифорния (ИМА) воқеъ  мебошад, дидан мумкин аст. Биёед, бифаҳмем, ки ин чӣ гуна лампаест.
Замоне, акнун аз он вақти зиёде гузаштааст, яъне соли 2011 ба ин лампа 110 сол пур шуд. Он вақт, воқеан сокинони шаҳр ин ҷашнро таҷлил намуданд.
Таърихи лампаи мазкур аз соли 1901  маншаъ мегирад. Алҳол одамони дар он давр зиндагикардаро пайдо кардан номумкин, вале таърихи афсонавии ин лампа кайҳо боз қалби чандин наслро тасхир намудааст ва имкон дорад дар оянда низ ҳамин тавр хоҳад кард.
Лампаи мазкур дар Китоби рекордҳои Гиннесс чун лампаи аз ҳама куҳантарини коршоям дар олам ва мутаносибан дар таърихи инсоният ворид шудааст.
Соли 1901 як нафар соҳибкор лампаи мазкурро ба корманди хадамоти маҳаллии оташнишонӣ тақдим намуд. Аҷоибаш он аст, ки ин лампа то ҳанӯз  ҳам ба оташнишонҳо хизмат мекунад. Он рӯзҳое, ки лампа фурӯзон нашудааст, ангуштшуморанд. Сокинони ин шаҳрак таърихи ин рӯзҳоро аз ёд медонанд. Дар тӯли тамоми таърихи худ лампа соли 1903 (як рӯз),  1937 (тамоми ҳафта) ва ҳамчунин, дар замони қатъшавии ғайри низомии  энергияи барқ солҳои 30 – юму 70 – уми қарни гузашта муваққатан аз фаъолият   боз мондааст.
Лампа сарвати воқеии ин шаҳрак дониста мешавад ва ба ин ҷо ҳар сол одамони зиёде меоянд то яке аз лампаҳои ҳайратовари оламро бо чашми худ бубинанд.
Лампаи мазкур тибқи гуфтаи сокинони маҳал, инчунин,  мувофиқи гуфтаи олимон яке аз муаммоҳои бузурги илмӣ маҳсуб мегардад. Чаро он ин қадар сол фурӯзон аст, чӣ чизе вайро маҷбур мекунад, ки ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад?
Ҳар як олими омада асрори лампаи «дарозумр»-ро нафаҳмида, аз ин ҷо бо дасти холӣ баргаштааст».
Таҳияи Барноз ГАДОАЛИЗОДА


ШАБИ ЭҶОДӢ
Шоири соҳибҷашн аз шеърхонии дуру дароз хаста шуд, ки баъди нафасашро рост кардан, чунин гуфт:
- Барои шоир ҳеҷ кор аз хондани шеърҳои худ душвортар нест.
- Шояд, вале шунидани ашъори шумо низ чандон осон набуд,- гуфтанд сомеон.
Таҳияи Л. РИЗОЕВА


РЕКОРДИ ВЕРДЕН
Соли гузашта дар Британияи Кабир собиқадори 101 - солаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Верден Хейс дар садумин солгарди мавлудаш аз баландии 4,5 ҳазор метр бо парашют ҷаҳида, рекорд гузошт.
Имсол вай ба қароре омад, ки ба хотири эҳсонкорӣ ва ёрӣ ба созмони хайрия ин аксияро идома диҳад.
Бо ин амали хеш Хейс таваҷҷуҳи одамонро ба аксия ҷалб ва бештар аз панҷ ҳазор доллар ҷамъоварӣ намуд. Маблағи мазкурро ӯ ҷиҳати дарёфти роҳхат барои истироҳати ветеранҳо ва хонаводаи онҳо дар канори баҳр сарф кард.
Верден изҳор намуд, ки ҷиҳати анҷоми кори хайру савоб ва мададрасонӣ ба одамони ниёзманд, ӯ омода аст, ин амали писандидаашро ҳар рӯз иҷро намояд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ЯК ДАҚИҚА
Ин муддат дар тамоми ҷаҳон ба воситаи интернет 2,4 миллиард одам кор мекунад. Агар одамони одӣ аз интернет  давоми як дақиқа  80 аломат гиранд, хизматрасониҳои почтаи шабакаҳои ҷаҳонӣ 204 миллион мактуб қабул мекунанд. Дар Facebook 246 миллион постҳо чоп мешаванд. Twitter 277 000 хабар пахш месозад. Google  4 миллион ҷустуҷӯи дархостӣ мегузаронад. Дар YouTube 72 ведеомавод гузошта мешавад. Интернет - мағоза  Amazon бо маблағи 83 ҳазор доллар мол мефурӯшад. Аз каталоги AppStore 48 000 замима гирифта мешавад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ҲАЗЛГАРОНИ МАШҲУРИ ОЛАМ
Роуэн Аткинсон, ки тамоми бинандагони филмҳои мазҳакавиро бо ҳазлу шӯхиҳои нотакрори хеш мафтун намудааст, бо лақаби «Мистер Бин» маъмул мебошад. Аз нахустин нақши офаридааш  18 миллион доллар ба даст овард ва беш аз 18,7 миллион тамошогар пайдо намуд. 
Ҳунарманд бинандаро бо ҳаракату нағмаҳои ғайриодиаш мафтун менамояд. Ба гуфти худи Роуэн дар образи Мистер Бин будан барояш хеле гуворо аст, чун қаҳрамони филмҳояш дар зиндагӣ марди содаи камгап ва мушкилофар аст. Роуэн Аткинсон қаҳрамони асосии шоу -  барномаҳо ва рекламаҳои телевизионӣ низ мебошад.
Стив Мартин, ҳунарманди машҳури  амрикоӣ бошад, аз соли 1965 то кунун дар 227 филми мазҳакавӣ нақши асосиро бозида,  чун ҳаҷвнигор, нависанда, мусиқишинос, оҳангсоз ва коргардони машҳури англис шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Мартин дорандаи ҷоизаи Оскар буда, дар рушди мазҳака нақши бориз гузоштааст.
Ҳунарманди дигари амрикоӣ Эдворд Ричард, ки соли 1980 рӯйи саҳна  омада,  бештар нақшҳои муҳофизони нокому нобарорро бозида комёб шудааст. Аз соли 1975 инҷониб дар зиёда аз 200 филм нақш офаридааст. Бештари тамошогаронаш кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба шумор мераванд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА

ХӮШАЕ АЗ ГӮШАЕ
Зани бостоншинос (археолог) ҳар қадар, ки солхӯрда шавад, ҳамон қадар барояш азизтар мегардад.
***
Дуздидани афкори як нафар - плагиат, аз бисёриҳо - тадқиқоти илмӣ.
***
Олимон ниҳоят  ихтирое карданд, ки тавассути он деворҳоро бемалол убур намуда, гузаштан мумкин аст. Баъди баҳсҳои тӯлонӣ номи ин кашфиёти нодирро «дар» монданд.
Таҳияи С. ШОДМОНОВА


14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
2. Гулугоҳи Магеллан
Соли 1520 дарёгарди партугалӣ Фернан Магеллан бо як қатор кашфиёти географӣ номи хешро дар таърих сабт намуд. Муҳимтарин кашфи ӯ гулӯгоҳи 575 - километра мебошад, ки дар байни канораи ҷазираҳои қитъаи Амрикои Ҷанубӣ ва  худи қитъа  ҷойгир аст.
Ҷустуҷӯи гулӯгоҳ вақти зиёдро гирифт, зеро ба Магеллан зарур омад, ки беш аз 2000 километр соҳили уқёнусро биомӯзад. Танҳо пас аз моҳҳои зиёд ба киштиҳои ин дарёгарди маъруф муяссар гашт, ки ба гулӯгоҳ бирасанд. Киштиҳо онро дар зарфи 38 рӯз тай намуданд ва ҳарчанд саёҳат бо азобу машаққати зиёд гузашта бошад ҳам, ягон киштӣ ба садама дучор нашуд, ки ин муваффақияти бузург ба ҳисоб мерафт. Ҳангоми таҳқиқи гулӯгоҳ Фернан Магеллан, инчунин, галаҷазираи Замини Оташинро кашф намуда, ба уқёнусе, ки тавассути он сафар мекард, ном гузошт. Ва ин уқёнуси Ором мебошад.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


НАҲАНГИ НУРПОШ
Дар акваторияи ҷазираҳои Гавай олимон намуди нави наҳангро муайян намуданд. «Наҳанги дарозиаш тақрибан 30 сантиметру вазнаш наздики як килограмм дар торикӣ нур мепошад», - иттилоъ медиҳад «National Geographic».
Бадани он бо фосфор иҳота шудааст. Бо сабаби дар қаъри об зистанаш наҳанг хеле кам ба назар мерасад. Муайян шуд, ки дар торикӣ зистан ӯро маҷбур сохтааст, ки  қобилияти нурпоширо дар худ ривоҷ диҳад.
Навъи дигари чунин наҳангҳоро дар уқёнуси Ором, дар соҳили шимолӣ - ғарбии галаҷазираҳои он дидан мумкин аст. Онҳо ба оилаи Etmopterus мансуб буда, наҳангҳои сиёҳи хордор ном гирифтаанд. 
Ба намуди нав исми Etmopterus Lailae дода шуд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


МО ЧӢ ХЕЛ ЗИНДА МОНДЕМ?!
Аз толори суд:
- Ҳамаи шоҳидони шумо дунёро тарк карданд, акнун даъвои худро чӣ тавр исбот мекунед?- пурсид судя аз даъвогар.
- Ҳақ бар ҷониби шумост, муҳтарам судя! Корро чунон кашол додед, ки намедонам чӣ хел мову шумо то ҳол зинда гаштаем,- ҷавоб дод даъвогар охирин умедашро аз даст дода.
Таҳияи М. ЗУВАЙДОВА


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
СЕКУНҶАИ СЕҲРНОК
Дар қисми ғарбии уқёнуси Атлантик, дар соҳилҳои ҷануби шарқии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико минтақае ҳаст монанд ба шакли секунҷа. Тарафҳои он аз нуқтаи шимолии ҷазираҳои Бермуд ба ҷануби Флорида, сипас, қад - қади ҷазираҳои Багам ба шимол тӯл мекашанд ва аз тарафи ғарб  ба Бермуд бо дарозии 40 дараҷа бармегарданд. Ин яке аз маҳалҳои аҷоиб ва пурасрор дар рӯи Замин аст. Дар ин минтақа, ки одатан секунҷаи Бермуд номида мешавад, аз соли 1945 то имрӯз зиёда аз 100 тайёра ва киштиҳо (аз ҷумла зериобӣ) бо зиёда аз 1000 нафар одам беному нишон гум шудаанд. 
Андешаҳо дар хусуси сабабҳои муттасил ғайбзании одамон, тайёраю киштиҳо хеле зиёданд: аз ҷумла, мавҷи ногаҳонии тӯфону сунамӣ дар уқёнус; ҷирмҳои осмоние, ки тайёраҳоро метарконанд; ҳуҷуми аждаҳои баҳрӣ; каҷшавии фазо – вақт, ғасбкунандаи ченаки дигар; гирдоби мавҷҳои электромагнитӣ ва қувваи кашиши он, ки киштиҳоро ба чархзанӣ ва тайёраҳоро ба афтодан маҷбур месозанд; дасти намояндагони сайёраҳои дигар, сарнишинҳои табақчаҳои паррон ё махлуқҳои кайҳонӣ ва ғайра. 
Албатта, ҳар сол аз болои секунҷа ва аз байни он бисёр тайёраҳо мепаранд ва киштиҳо ба саломат, бешикасту рехт мегузаранд. Ва ҳам дар бисёр ҷойҳои баҳру уқёнусҳо тайёраю киштиҳо ба фалокат дучор мешаванд. Аммо «фалокат» аз «гумшавӣ» фарқ дорад. Агар фалокат рӯй диҳад, пораҳои шикастаро ёфтан мумкин, аз ғайбзада наметавон нишоне пайдо кард. Ҳамчунин, ба ғайр аз ин секунҷа дар Замин ҷое нест, ки чунин ҳодисаҳои гумшавии ногаҳонӣ рӯй диҳанд.
Китобдори Аризона Лоуренс Д. Куше дар китобаш «Секунҷаи Бермуд: асотир ва ҳақиқат» асрори ин минтақаро «фош» месозад. Ӯ меҳисобад, ки ин танҳо ҳангомаест дар либоси афсонаҳо. Вай якчанд ҳодисаро шарҳ дода, афсона буданашонро таъкид менамояд, вале дар тавзеҳи бисёр воқеаҳо, масалан, чаро дар солҳои 1940 – 1955 бисёр киштиҳо, аз ҷумла, «Розана» - и Франсия, дар ин маҳал бе одам мондаанд, оҷиз мондааст. Дар киштии «Кэролл А. Диринр» касе намонда буд, ҳол он ки дар ошхонаи сафина ғизо барои хӯрдан омода шуда буду 2 гурба гаштугузор дошт. Дар «Рубикон» соли 1949 танҳо як сагчаро зинда ёфтанд. Маллоҳону мусофирон ҳама ғайб зада буданд.
Субҳи 30 январи соли 1948 Макмиллан,сарнишини тайёраи
«Стар Тайгер», ба диспетчери ҷазираҳои Бермуд хабар дод, ки мутобиқи реҷа парвоз дорад ва дар вақташ ба макони муқарраршуда хоҳад расид. Ин суханони охирин буданд. Тайёра ногаҳон ғайб зад. Даҳ киштӣ ва сӣ тайёра ба ҷустуҷӯ баромаданд, вале «Стар Тайгер» ёфт нашуд.
«Ин, воқеан, сирри кашфношудаи осмон аст», - маҷбур иқрор гаштааст Д. Куше. Аммо бисёр маллоҳону сарнишинҳо гуфтаанд, ки ягон хел секунҷае несту ин бофтаи хаёлоти ҳангомадӯстдорон аст. Ин ақидаро ширкатҳои ҳавопаймоии зиёде низ тарафдоранд. Вале новобаста ба ин, ҳодисаҳо дар секунҷа идома доранд. Солҳои 70 – уми асри ХХ дар наздикии фурудгоҳи Майами якчанд тайёра ба садама дучор шуд, ки сабабаш маълум нест. Аз ҷумла, тайёраи «Локхид» Л-102, бо 100 мусофир 29 декабри соли 1972 ғайб зад.
Мутахассисону коршиносон ба он ақидаанд, ки шояд ин воқеаҳо бо ҳодисаҳои табиат, масалан,  бо «муҳити ғайримуқаррарии ҳавоӣ», «сӯрохии фазоӣ», «қувваҳои номаълум», «доми осмон», «чуқурии кашиш» ва ё «аз тарафи махлуқҳои зиндаи кайҳонӣ ғасб карда шудани киштиву тайёраҳо» вобаста бошанд. Вале ин имрӯз танҳо кӯшишест баҳри шарҳи воқеаҳои пурасрори сабабҳояшон номаълум.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2017    №: 164    Мутолиа карданд: 403

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед