logo

фарҳанг

АБДУЛҲАМИД САМАД

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад».

Дар ин раванд саҳми рӯзномаву маҷаллаҳо ва қаламкашони содиқу асил хеле муҳим аст. Вобаста ба ин, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» тасмим гирифт, ки зери рубрикаи «ДАР МЕҲМОНИИ ХУД» рӯзгори пурбаракати саршиностарин шахсиятҳоеро, ки умри худро сарфи қаламу эҷод намуда, худ сӯхтаву сохтаанд ва ҳам замоне дар ин рӯзномаи бонуфуз фаъолият доштаанд, ба хонандагони худ бозтоб намояд.
Ва имрӯз бахшида ба истиқболи Ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуствохӯрии аҳли эҷод ва ихлосмандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо корманди содиқи он - Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад баргузор гардид.
Вохӯриро Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳар-рири рӯзнома, ҳусни оғоз бахшид.
-Устод Абдулҳамид Самад идораи рӯзномаро даргоҳи муқаддас медонанд. Тавре худашон мегӯянд: «Банда онро чун хонаи падар эҳтиром ва ёд мекунам». Мо – наслҳои наву ҷавонтари «Ҷумҳурият»  низ устодро ҳамчун бародари бузурги худ дӯст медорему ҳамеша пазмони суҳбатҳояшон ҳастем. Устод Абдулҳамид Самад барои мо дар ҷодае, ки интихоб намудаем, идеал ҳастанд. Мақсад аз даъвати устод низ ҳамин аст, ки ҷавонони «Ҷумҳурият» дар симои он кас идеали худро бубинанд ва дарк намоянд, ки содиқ кист ва садоқат чӣ подоше дорад, - иброз дошт Қ. Раҳмонзода.
Абдулҳамид Самад аз лаҳзаҳои ҷолибу хотирмони фаъолияташон дар рӯзнома, нақши он дар пешрафту такомули эҷодӣ, сабақҳои аз устодони сухан гирифтаашон ёдовар шуда, оид ба мушкилоти замони муосир ва мавқеи рӯзноманигорон дар рафъи онҳо суҳбат оростанд. Аз ҷумла, ёдовар шуданд, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» воқеан рӯзномаи аввалиндараҷаи миллати мост. Он чун минбари адолату ҳақиқат тӯли солҳои зиёд барои баланд бардоштани маънавиёти мардум, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ хизмати шоиста кардааст.
Абдулқодири Раҳим, шореҳи масъалаҳои иҷтимоӣ – фарҳангии рӯзнома, вохӯриро воқеаи наҷиби фарҳангӣ арзёбӣ намуд. «Ба ростӣ, барои мо - кормандони рӯзнома боиси ифтихор аст, ки адиби шинохта Абдулҳамид Самад дар мактаби «Ҷумҳурият» обутоб ёфтаанд. Аз ин дида хурсандибахш он аст, ки адиб ба тақдири рӯзнома ва идораи он ба сарнавишти як нафар дастпарвари хеш бетафовут нестанд. Имрӯз низ навиштаҳои А. Самад: очеркҳо, сафарномаҳо, лавҳаҳо, ёддошт ва мақолаҳояшон, бозгӯи онанд, ки ӯ яке аз рӯзноманигорони чирадасти замони мо мебошанд. Устод вазъи рӯз, сиёсат, авзои замон ва рӯҳияи одамонро хуб медонанд, хеле нишонрас ба қалам медиҳанд ва дар беҳбудии он саҳми арзанда мегиранд».
Рӯзноманигори ҷавон Фарзона Файзалӣ вохӯриро хеле таъсирбахш ва хотирмон номид. «Ҳатто бовари кас намеояд, ки устод низ мисли мо як вақтҳо пайроҳаи эҷодиашонро аз ҳамин даргоҳ оғоз намуда бошанд, - гуфт ӯ. - Бисёр воқеаҳои ҳаёташон ба рӯзгори мо монанданд. Мо низ орзу дорем, ки ба қуллаҳои бузурги эҷод бирасем».  
Дар рафти вохӯрӣ, ки воқеан, хотирмон буд, ҳамқаламони устод аз лаҳзаҳои гузаштаи кори хеш дар рӯзнома ёдовар шуданд.
Абдулҳамид Самад аз ҷашни дарпешистодаи Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, ба қаламкашони рӯзнома дар кори масъулиятнок ва пуршарафи ҳифзи сулҳу салоҳ, оромиву ваҳдати миллӣ, гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии миллат  барору комёбӣ орзу намуданд. Устод таъкид сохтанд, ки: «Бахти таърихии мост, ки чунин Пешвои фарҳангдӯсту хирадманд дорем. Дар атрофи ӯ ҷамъ омада, дар пешрафти ҷомеа саҳм гузоштан вазифаи имрӯзаи ҳар яки мо мебошад. Ҳусни матбуот сухани ҳаққу созанда, ҳусни рӯзноманигор дилу дасти пок ва шуҷоату фидокорӣ ба манфиати миллату давлат аст».
Дар охири суҳбат А. Самад ба суолҳои зиёди рӯзноманигорон посух доданд.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2017    №: 164    Мутолиа карданд: 654
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед