logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ ва рафти кишту кор ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сарвари давлатро дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони шарафманд ва меҳнатқарини ноҳия бо самимияти хоса ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва парвариши сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти "Тахти Сангин" шинос шуда, ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ ва саноатии ноҳияи мазкур дидан намуданд.
Соли равон кишоварзони ноҳияи Қубодиён аз кишти ҳамаи навъҳои ғалладонагиҳо маҳсулоти дилхоҳ ба даст овардаанд. Тибқи нишондод то 1 июли соли равон барзгарон аз майдони умумии 2 ҳазору 300 гектар зиёда аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладонагӣ рӯёндаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳаваскор бо вазъи пахтакорӣ дар хоҷагии деҳқонии Маҳмадӣ Полвон шинос гардиданд. Меҳнаткашони хоҷагии мазкур соли равон дар майдони 6 гектар кишти чигити навъи "Тоҷикистон" - ро бо усули ҷадиди зери плёнка ба роҳ мондаанд. Истифодаи чунин усул имкон дод, ки деҳқонони хоҷагӣ дар ноҳия аввалин шуда, ба ҷамъоварии пахта шурӯъ намоянд.
Имсол дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Қубодиён дар масоҳати 7 ҳазору 510 гектар чигит кишт шудааст. Тибқи мушоҳидаҳо нашъунамои ниҳолҳо хуб буда, барзгарон дар мавсими соли 2017 нақша доранд, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 25 - 30 - сентнерӣ ҳосил рӯёнанд.
Сарвари давлат, инчунин, бо рафти кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии Мӯсобобои деҳаи Ҳаваскор шинос гардиданд. Дар заминҳои ин хоҷагӣ, ки масоҳати 5 гектарро дар бар мегирад, кишти зироати барвақтӣ ба роҳ монда шудааст. Меҳнаткашони хоҷагии мазкур 80 дарсади корҳои вобаста ба кишти такрориро аллакай ба анҷом расондаанд. Онҳо кишти зироати гуногун, ба монанди картошка, помидор, карам, пиёз, шолӣ ва навъҳои дигари сабзавотро дар маъракаи кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия дар майдони 2764 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст, ки 92 дарсади иҷрои дурнаморо дар бар мегирад.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти тайёри саноатӣ пешниҳод гардида буд. Яке аз корхонаҳое, ки имрӯз дар доираи барномаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Қубодиён фаъолият дорад, ин ҶДММ "Насими Раҳим" мебошад. Корхонаи мазкур дар намоишгоҳ 10 намуди консерви меваю сабзавотро ба намоиш гузошт.
Дар ноҳия истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ низ васеъ ба роҳ монда шудааст. ҶДММ "Ороиши диёр" аз ҷумлаи корхонаҳои истеҳсолие мебошад, ки аз семент ҳар гуна масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла тахтасангҳои ороишӣ тайёр мекунад. ҶСП "Аввалин" аз корхонаҳои бузургтарини ноҳияи Қубодиён ба шумор меравад, ки дар он ба воситаи коркарди решаи ширинбия доруҳои қиматбаҳои табобатӣ барои бемориҳои ҷигар ва кислотаи глисирринзин ҳосил менамоянд. Корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2010-ум бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфта, ҳоло дар он аз навъи гиёҳи ширинбия дору ва аз пасмондаи он маҳсулоти сӯзишвории брикет тавлид карда мешавад.
Дигар самти хоҷагидорие, ки дар ноҳияи Қубодиён рушд кардааст, чорводорӣ мебошад. Дар ноҳия баробари чорвои калони шохдор парвариши моли майда ҳам ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои ноҳия гӯсфандҳои зоти қарокӯлӣ ва ҳисорӣ васеъ парвариш карда мешаванд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Қубодиён саршумори моли майда 32 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта 816 сар зиёд мебошад. Саршумори чорвои калон дар миқёси ноҳия ба 1 ҳазору 769 сар расидааст. Иҷрои дурнамои солонаи соҳаи чорводорӣ дар ноҳия 120 дарсад таъмин шудааст.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки аз замонҳои қадим кишоварзӣ пешаи боифтихор буда, соҳиби ин касб ризқофар ва ородиҳандаи дастархони мардум ба ҳисоб мерафт. Имрӯз ҳам саҳми кишоварзону чорводорон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум назаррас ва боиси таҳсин мебошад.

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми шукргузору ваҳдатсарои ноҳия бо рӯҳияи баланд, самимияти беандоза ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат, ки ба нафъи давлату миллат равона шудаанд, истиқбол гирифтанд.
Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти ба номи Талбак Садриддинов ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши деҳқонон, ки дар парвариши сабзавоту полизӣ, пахта, боғдорӣ ва истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, шинос шуданд.
Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуданд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати мамлакат мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ ноил шавем ва бо ин роҳ сатҳи зиндагии мардумро аз ин ҳам беҳтар намоем.
Дар ноҳияи Шаҳритус беш аз 2 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ амал менамояд. Соли равон дар майдони 8 ҳазору 532 гектар бо истифода аз таҷрибаи пешрафта кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ мондаанд.
Соли ҷорӣ бо роҳи зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулот низ афзоиш ёфта, он барои расидан ба натиҷаҳои назаррас, пеш аз ҳама, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва аз худ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат мусоидат намуд.
Ҳамзамон фароҳам овардани шароит барои деҳқонон, аз қабили дастрас намудани техникаҳои муосири кишоварзӣ, қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати пешбурди кор ва гирифтани ҳосили дилхоҳ заминаи воқеӣ ба вуҷуд овардааст. Ҳамин аст, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Шаҳритус 7 ҳазору 819 тонна ғалладонагӣ, 23 ҳазору 372 тонна сабзавот, 2 ҳазору 490 тонна картошка, 18 ҳазору 929 тонна полизӣ, 2 ҳазору 765 тонна мева ва 1 ҳазору 366 тонна ангур ҷамъоварӣ намуда, бо истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам дар фаровонию арзонии маҳсулоти кишоварзӣ саҳм мегузоранд.
Имрӯзҳо хоҷагидорон дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар низ содирот мекунанд. Аз аввали сол то имрӯз аз ноҳия беш аз 4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, полизӣ, пиёз ва мева ба хориҷи кишвар содир карда шудааст.
Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти мева низ дар ноҳия корҳо натиҷаҳои хуб доданд. Дар ноҳия танҳо дар соли ҷорӣ 55 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки оянда ин тадбир дар афзун гардидани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ нақши асосӣ хоҳад гузошт.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароит ва иқлими ноҳияи Шаҳритус барои аз як замин гирифтани то се ҳосил басо мувофиқ аст ва ин таҷриба дар давоми солҳои охир нишон дод, ки хоҷагидорон аз ҳисоби кишти такрории дуюм ва сеюм, ҳамчунин, дар як вақт кишт намудани ду - се навъи зироат дар як қитъа аз лиҳози иқтисодӣ манфиати бештар ба даст оварданд. Бо ин восита  фаровонии маҳсулот дар бозорҳои дохил таъмин гардида, барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ низ ташкил карда мешаванд.
Дар намоишгоҳ зотҳои гуногуни чорво низ ба маъраз гузошта шуда буданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани саршумори чорво, ки манбаи асосии таъмини аҳолии ноҳия бо гӯшту шир ба ҳисоб меравад, ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар хоҷагиҳои чорводории ноҳия 776 сар чорвои калон, 18 ҳазору 421 сар моли майда, 100 сар асп, 12 ҳазору 500 сар паранда ва 280 оилаи занбӯри асал мавҷуданд.
Зимни шиносоӣ бо заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Нарзуллобобо», «Алланазар» ва «Усто Муҳаммадӣ» маълум гардид, ки кишоварзон баъди ҷамъоварии ҳосили ғалла, полизӣ ва пиёз кишти такрории картошка, ҷуворимакка барои дон, сабзӣ, помидор ва бодирингро ба роҳ монда, дар парваришу нигоҳубини зироат, аз ҷумла риояи қоидаҳои агротехникӣ тавсияҳои олимони соҳаро ба кор мебаранд.
Соли равон хоҷагидорони панҷ деҳоти ноҳия дар майдони 2 ҳазору 915 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ анҷом доданд, ки аз ин 1386 гектар ғалладонагӣ, 169 гектар сабзавот, 2 гектар картошка, 267 гектар полизӣ ва 143 гектар зироати техникӣ, аз қабили офтобпараст, кунҷит ва чормағзи заминиро ташкил медиҳанд. Дар ин самт фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳия назаррас буда, кишоварзони хоҷагӣ дар парвариши зироат ва рӯёндани ҳосили фаровон таҷрибаи ғанӣ доранд.
Пахтакорӣ яке аз самтҳои асосии кори кишоварзони ноҳияи Шаҳритус ба ҳисоб рафта, хоҷагидорон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти ин навъи зироати техникиро ба маротиб зиёд менамоянд. Соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 5 ҳазору 250 гектар чигит кишт намуданд, ки мутахассисони соҳа ҳосили интизориро аз ҳар гектар 40 - сентнерӣ пешгӯӣ мекунанд. Хоҷагидорон аслан пахтаи навъҳои «Тоҷикистон», «Хатлон-2014», «Сорбон», «Флеш», «Кармен» ва дигар намуди ба иқлими ноҳия тобовар ва ҳосилхезро кишт кардаанд, ки ҷамъоварии он дар минтақаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус рӯзҳои наздик ва дар деҳоти дигар баъди 15-20 рӯз оғоз мегардад.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиёни вилояти Хатлон мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, талошҳову тадбирҳои Ҳукумати кишвар бобати беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум андеша ронда, аз сатҳи рушди бонизоми иқтисодиёти ҷумҳурӣ, пешрафти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зимни баромади худ сокинони ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён намояндагони касбу кори гуногун ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи дастгириҳо ва талошҳои шабонарӯзӣ бобати фароҳам овардани шароити зиндагии ободу осоишта ва сазовор, изҳори сипос карда, татбиқи саривақтии қонунҳои миллии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” - ро амри зурурӣ ва воқеӣ арзёбӣ намуданд. 

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Носири Хусрав ташриф оварданд.
Дар деҳоти «Истиқлол»-и ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонон бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Дар идомаи сафари кории худ дар ноҳияи Носири Хусрав, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи киштзори хоҷагиҳои деҳқонии "Авазбобо", "Каромат", "Оғобек-2012", "Одилҷон" ва "Каримбобо" шинос шуда, дар ҳамин мавзеъ намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳияро тамошо карданд.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, хоҷагиҳои мазкур дар ихтиёри худ наздики 32 гектар замин дошта, шумораи заҳматкашони онҳо ба 40 нафар мерасад. Хоҷагидорон ба парвариши дарахтони гуногуни мевадиҳанда, ҳамчунин, кишти пахта, ғалладона, картошка ва полизӣ машғул буда, аз кишти такрории замин ҳосили дилхоҳи кунҷит, ҷуворимакка барои дон, мош ва тарбузу харбуза ба даст меоранд. Аз он ки иқлими ноҳия ба рушди соҳаи кишоварзӣ созгор аст, ҳамасола фаъолияти деҳқонони хоҷагиҳои "Авазбобо", "Каромат", "Оғобек-2012", "Одилҷон" ва "Каримбобо" низ беҳтар гардида, заҳматкашон аз ҳар порча замин ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Нашъунамои пахта дар соли ҷорӣ хуб буда, интизор аст, ки аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки заминҳои корами хоҷагиҳои зикргардида тариқи канале, ки аз дарёи Кофарниҳон сарчашма мегирад, обёрӣ мегарданд.
Айни ҳол дар қисми асосии заминҳои ин хоҷагиҳо деҳқонон кишти такрории ҷуворимакка, тарбузу харбуза, каду, лӯбиё, мош ва помидору бодиринг гузарондаанд, ки тибқи мушоҳидаҳо нашъунамои ин зироатҳо хуб мебошад.
 Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳияи Носири Хусрав дидан карданд. Аҳли заҳмати ноҳия навъҳои гуногуни меваҳои шаҳдбор, мағзу мавиз, полизӣ ва маҳсулоти нониро ба намоиш гузоштанд. Ҳамаи ин маҳсулоти кишоварзӣ самараи заминҳои пурбори ноҳияи Носири Хусрав буда, ҳамасола деҳқонони он бо истифодаи самараноку оқилонаи ҳар порча замин ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд ва бо ин дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи сазовор мегузоранд. Меҳнаткашони ноҳияи Носири Хусрав дар маҷмӯъ бештар аз 50 навъи маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузоштанд. Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, занони ҳунарманди ноҳия маҳсули дастранҷи хешро, ки анвои гуногуни маҳсулоти нониву қаннодиро дар бар мегирифт, пешкаши меҳмонон карданд. Асали шаҳдбори хоҷагиҳои занбӯриасалпарварии ноҳия қисме аз намоишгоҳи имрӯзаи маҳсулоти кишоварзиро ташкил дод. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав 250 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад, ки имсол аллакай 8 тонна асали навъи аъло ба даст оварда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия барои истифодаи самараноки ҳар порча замин, рӯёндани ҳосили дилхоҳ ва таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2017    №: 164    Мутолиа карданд: 370

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед