logo

иҷтимоиёт

ҚОНУНИ ТАНЗИМ ҚОНУНИ ЗИНДАГИСТ

Сокинони шаҳр ва навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суханрониҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  бахшида ба 10 - солагии  мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле хуб истиқбол гирифтанд.     
Ба таҳқиқ, дар тӯли даҳ соли охир  қонуни мазкур ба он мусоидат кардааст, ки сатҳи камбизоатӣ дар ин гӯшаи кишвари маҳбуб хеле паст гардад. Низоми сарфаву сарфакорӣ натиҷаҳои дилхоҳ дод.  Аз ҷумла дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, алалхусус дар деҳоти водиҳои Вахё ва Нулванд, саршумори   чорво зиёд шуд.  Сокинон маблағҳои сарфанамудаи худро ба бунёди манзилҳои истиқоматӣ,  нуқтаҳои хизматрасонӣ ва ободии диёрашон сарф мекунанд. Аз намоишкориҳо ва зиёдаравиҳо  даст кашидаанд. Ҳамаи ин дигаргуниҳо ва таҳаввулот дар низоми ҷомеа хеле муҳим будани қонуни мазкур,  ба роҳи дуруст, баҳри рӯзгори шоиста раҳнамун сохтани мардумро  нишон медиҳанд.
Ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар хусуси  рӯй овардан ба  тарзи либоспӯшии миллӣ ва даст кашидан аз  истифодаи либоси бегонаро бонувони дарвозию ванҷӣ низ тарафдорӣ намуданд. Фотима Сӯфихонова, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, шахсияти маъруфу маҳбуб ва куҳансоли ноҳияи Дарвоз, махсус изҳор дошт, ки гуларӯсакони мо  солҳои пеш бо  куртаи атласу шоҳӣ ва  рӯймоли заргаронӣ чӣ қадар хушрӯй  ва зебо буданд. Ӯ ва боз садҳо бонувони куҳансоли Бадахшон  низ имрӯзҳо пӯшидани либосҳои аврупоиро ҳангоми  маросимҳои ақди никоҳ ва тӯйҳо дар тани ҷавонон ва гулдухтарон хеле ноҷӯр медонанд. Мегӯянд, ки он хилофи анъанаҳои миллиамон мебошад. Онҳо  ҷавондухтаронро  даъват менамоянд, ки ба либоси суннатии миллиамон рӯй биоранд.
 Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2017    №: 165    Мутолиа карданд: 388

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед