logo

иқтисод

МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ДАР МАҲАЛЛАИ 104

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳо бахшида ба Соли ҷавонон дар маҳаллаи 104 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар он барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакон шароити мусоид фароҳам аст.
Бино ба иттилои раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр, Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, зимни шиносоӣ бо майдончаи варзишии мазкур ба сифати корҳои иҷрогардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ӯ таъкид кард, ки ин ва дигар иншооти сохташаванда дар пойтахт барои истироҳату фароғати сокинони шаҳр, ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим фаро гирифтани наврасону ҷавонон пешбинӣ гардида, бояд солҳои зиёд ба мардум хизмат расонанд.
Як бахши майдончаи варзишӣ барои машқу тамрини нафарони дорои имконияти маҳдуд бунёд гардидааст. Дар маросими ифтитоҳи майдонча ба варзишгарони имконияташон маҳдуд туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардиданд.
Раҳматшо Камолов, директори муассисаи давлатии нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавии шаҳр, зимни суҳбат гуфт, ки майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Соли ҷавонон ба сокинони маҳаллаи 104 мебошад. Иншооти мазкур, ки дар масоҳати қариб 6 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, аз майдончаҳои универсалии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии футбол, волейбол, баскетбол, бозию дилхушии кӯдакон, нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғат ва айвон барои гузарондани расму анъанаҳо иборат буда, бо дастури Сарвари давлат аз ҷониби КВД «Сементи тоҷик» бо маблағи беш аз як миллиону 50 ҳазор сомонӣ сохта шуд. Майдонча мувофиқи реҷа ба сокинони шаҳрак ба таври ройгон хизмат мерасонад.
Ифтитоҳи майдончаи мазкурро ҷавонони маҳалла ҳамчун туҳфаи арзанда дар Соли ҷавонон бо қаноатмандӣ қабул карданд.
- Бо бунёди ин ва дигар иншооти варзишӣ ва фарҳангию  фароғатӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзанда барои истироҳату фароғати сокинон, ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхушии кӯдакон гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегарданд. Ин яке аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти шаҳр дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ба шумор меравад, - илова намуд Р. Камолов.
Шаҳбоз  АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2017    №: 165    Мутолиа карданд: 456

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед