logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ МАКТАБИ НАВ ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

4 август дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Фирӯза мактаби боҳашамату навро бо 1680 ҷой дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мактаб, ки бо тарҳи нодиру муосир аз ҷониби муассисаи давлатии “Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардондани мактабҳо” бо маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ сармояи Фонди саудии рушд бунёд шудааст, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарзандони сокинони ноҳияи Носири Хусрав мебошад.
Санги асос барои бунёди ин иншооти муҳими соҳаи маориф соли 2014 зимни як сафари кории Президенти мамлакат ба ноҳияи Носири Хусрав аз ҷониби Сарвари маорифпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.
Баъди ифтитоҳи муассисаи таълимӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои алоҳида ва толорҳои он бо шароити таълиму тарбияи насли оянда шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорони даргоҳи илму маърифат суҳбатҳои самимӣ доир карданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Фирӯза дар масоҳати 2 гектар замин бо 32 синфхона, аз ҷумла ҳафт кабинети фаннии физика, химия, биология, лингафон, компютерӣ, таълими меҳнати духтаронаю писарона, кабинети инкишофи кӯдак, толори варзиш бо 300 ҷойи нишаст, толори корти теннис, толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 ҷой, китобхона бо 32 ҷойи нишаст, дигар иншооти ёрирасон, аз қабили нуқтаҳои санитарию гигиенӣ ва ҳуҷраҳои корӣ сохта шудааст.
Дар саҳни мактаб майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол, баскетбол ва майдонча барои дарси тайёрии ҳарбӣ бунёд гардидаанд.
Фармоишгари сохтмони мактаб Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар татбиқи лоиҳаи бунёди мактаби мазкур, аз ҷумла иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва бо ашёи зарурии хониш, мизу курсиҳо таъмин кардани муассисаи таълимӣ пудратчиён - ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Панасия ЛТД”, “Қалъасоз”, “Нузам” ва “АртМедиа” иштирок карданд. Дар маҷмӯъ дар корҳои сохтмону васлкунӣ беш аз 200 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шуд. Иншоот бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосири меъморию сохтмонӣ ва пеш аз муҳлат бунёд гардид ва аз ҷониби Сарвари давлат ба сифати корҳо баҳои баланд дода шуд.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Носири Хусрав мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Ҳадафи сафари навбатии кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, тадбирҳои ободонию созандагӣ ва иштирок дар ифтитоҳи иншоотҳо арзёбӣ гардида, Сарвари давлат нахуст ҳамаи ҳозиринро бо бунёди ин мактаби муосири таълимӣ муборакбод гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Носири Хусрав то замони таъсиси ноҳия ҳамагӣ 10 муассисаи таълимӣ фаъолият мекард. Дар 20 соли мавҷудияти ноҳия шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 26 адад расида, дар онҳо беш аз 8 ҳазор нафар хонанда ба омӯзиш фаро гирифта шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки хонандагон бо истифода аз ин имкониятҳои фароҳамовардаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар нағз таълим гирифта, оянда ҳамчун шахсони соҳибилму соҳибкасб ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат мерасонанд.
Сокинони ноҳияи Носири Хусрав дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карда, дар ҷавоб ба ин дастгириҳо ваъда доданд, ки бо кору пайкори хеш дар ободонию шукуфоии Ватани азиз саҳми муносиб мегузоранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2017    №: 165    Мутолиа карданд: 308

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед