logo

иҷтимоиёт

ДАЪВАТ БА ХУДШИНОСӢ Ё ИҚДОМЕ АЛАЙҲИ БЕГОНАПАРАСТӢ

Як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо дигар бахшҳо дар ташкилоту идораҳо ва марказҳои оммавӣ ҷиҳати тарғибу ташфиқи урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, эҳтироми либоси миллӣ ва баланд бардоштани маърифати занону духтарон корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондаҳӣ мебаранд.
Бино ба иттилои Саида Нурляминова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб, тайи чанд рӯзи охир дар бозорҳои «Саховат», «Сомонӣ» бонки «Эсхата», марказҳои саломатӣ, боғи фарҳангӣ, марказҳои савдо ва дигар ташкилоту идораҳо чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуданд. Зимни вохӯриҳо ба занону духтароне, ки либосҳои ғайримиллӣ дар бар доштанд, суҳбатҳои инфиродӣ доир карда, оид ба риояи анъанаҳои миллии либоспӯшӣ, бахусус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ маслиҳатҳои судманд дода шуд.
- Натиҷаи чорабиниҳои гузарондашуда нишон медиҳад, ки танҳо ба воситаи шуъбаи кор бо занон ва оила пешгирии ин гуна амалҳои номатлуб ғайриимкон аст. Дар ин самт бояд масъулони идораву ташкилот, алалхусус роҳбарони муассисаҳо масъулият зоҳир намуда, бар зидди фарҳанги бегона мубориза баранд. Тақлидкории занону духтарон дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба солҳои гузашта хеле коҳиш ёфта, мардум то андозае барои мо бегона будани сатру ҳиҷобро дарк кардаанд. Аммо, ҳамоно нафароне ҳастанд, ки тақлидкории худро идома дода истодаанд. Барои аз байн бурдани ин падида ҳамарӯза тавассути телевизиони шаҳрӣ барномаҳои махсус намоиш дода мешавад ва умед аст дар фурсати наздик ин бегонапарастӣ аз миён бардошта шавад, - гуфт С. Нурляминова.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2017    №: 165    Мутолиа карданд: 467

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед