logo

иқтисод

“ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ” ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ ҲАМКОРИРО МЕҶӮЯД

Роҳбарияти КВДҶ «Тоҷик-агролизинг» дар асоси супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ, солимсозии вазъи истеҳсолот, зиёд  намудани истеҳсоли техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ то имрӯз тадбирҳои муайянеро роҳандозӣ намудааст.  Чунончи, агар дар соли 2016 бо КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», ҶСШК «Авторем», ҶСШК «Новселмаш» оид ба хариди таҷҳизоти ватанӣ, аз қабили картошкашинонак, картошкаканак, испор, чизел, култиватор, чапар, решаканак, лимех, гандумкӯбак ба маблағи 6252776 сомонӣ шартнома баста бошад, пас соли 2017 танҳо бо КВД «Коргоҳи мошинсозӣ» - и шаҳри Душанбе ба маблағи 10 миллион  сомонӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Ҳамзамон, баҳри интиқоли техникаю таҷҳизоти  кишоварзӣ ҳамкориро бо дилерҳои КВД “Мадад”, ҶСК “Мадади Турсунзода”, ҶСШП “Агротехсервис” ва корхонаи тракторбарории МТЗ 82-1-и  Ҷумҳурии Беларус ба роҳ монда, техника ва таҷҳизотро сари вақт ба ҷумҳурӣ ворид менамояд.
Корхона дар шаш моҳи соли 2017 аз ҳисоби амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 11675 ҳазор сомонӣ, подоштҳои лизингӣ 1250 ҳазор сомонӣ, хизматрасониҳо тавассути МХТ-ҳо 495 ҳазор сомонӣ даромад гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 - ум 2682 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра 25 комбайни ғалла  ва шолидарави чархдор ва тасмачархи тамғаҳои «Нива - Эффект» ва «Класс» - и Федератсияи Русия  ва Олмон, 98 трактори гуногунтамға, 212 мошинолотро ба маблағи 36650 ҳазор сомонӣ ба ҷумҳурӣ ворид намудааст. Тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ба ихтиёри 71 хоҷагии деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 6 адад комбайн, 65 трактор ва 97 мошинолотро қарор дода, муҳлати ҷамъоварии ҳосили ғалла, шудгору кишти зироатҳоро хеле кӯтоҳ намудааст. 
КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар шаш моҳи соли 2017 дархосту талаботи  139 хоҷагии деҳқонии ҷумҳуриро барои таъмини  техника ва мошинолот омӯхта,  ба онҳо 140 трактори МТЗ, 140 испор, 40 тойбанд, 35 комбайни ғалла ва 35 алафдарав пешниҳод намудааст.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2017    №: 166    Мутолиа карданд: 571

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед