logo

фарҳанг

ЗАБОНИ КОРНОМАҲО ВА ЭЪҶОЗҲО

Модар гаҳвора меҷунбонд ва бо як ҷаҳон муҳаббат дида ба чеҳраи софу беғаш ва маъсумонаи кӯдакаш медӯхт. Вай итминон дошт, ки бо шири сафеду суруди аллааш ҷавҳари поки забони модариро, ишқи Ватанро, зебоиҳои оламро лаҳза ба лаҳза дар замири кӯдакаш ҷой мекунад. Охир ӯ модар аст ва ин вазифаи муқаддасро вай баҷо наорад, дигар кӣ баҷо меоварад?  Бо мурури замон ба кӯдакаш хоҳад фаҳмонд, ки ҳанӯз ду ҳазор сол қабл вожаи «тоҷик» чун лаъли Бадахшон дар дили таърих ва даврони куҳан дурахшидааст. Ва решаҳои ин забон ончунон ба қаъри таърих фурӯ рафта, ки сарриштаи онро ёфтан амри маҳол мебошад ва чуноне ки академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» зикр менамояд, забони тоҷикӣ дар асри VI пеш аз мелод ба вуҷуд омадааст, ки ин иддаоро ёдгориҳои хаттӣ тасдиқ менамоянд.
Забони тоҷикӣ дар сайри таърихии хеш борҳо чун мурғи самандар аз миёни хокистари сӯзон, ки истилогарон аз худ боқӣ гузошта буданд, болафшон бархоста, ба миллати тоҷик умри дубораву ҳаёти ҷовидон бахшидааст.
Тоҷик бар зидди душманони марзу бумаш на танҳо бо ханҷару шамшер, инчунин, бо неруи бузурги забон ҳам мубориза кардааст. Тоҷик дини душмани сарзаминашро пазируфт, аммо бар ивази ҷонаш забонашро напазируфт ва қотеона рад кард. Зеро медонист, ки агар бипазирад, дар зери чархи гардун нопадид хоҳад гашт ва аз вай осоре боқӣ нахоҳад монд.
Тоҷик тахту тоҷашро аз даст дод, аммо забонашро аз даст надод, онро дар мағз – мағзи дилу ҷонаш ҷой кард ва ба наслҳои оянда мерос гузошт. Медонист, ки агар забонаш солиму пойдор бимонад, ҳатман рӯзе аз нав соҳиби тахту тоҷ хоҳад шуд.
Оқибат чархи таърих ба коми тоҷикон гашт ва оташи фурӯзони асолати миллӣ ва неруи забон пойгоҳи дилхоҳ ва муносибе фароҳам оварданд ва Эҳёи Аҷам, Эҳёи Тоҷик амсоли хуршед тулӯъ кард ва дар Машриқзамин партав афканд.
Хурӯши неру ва афкори Аҷам ва пайкорҳои сиёсиву маънавӣ ба забони тоҷикӣ он қадар тавоноӣ бахшиданд, ки вай халқҳо ва кишварҳои як минтақаи бузурги оламро зери шаҳпари худ қарор дод ва аз файзу баракату саховаташ илму донишу маърифат равнақ ёфт ва назми нобу дилангез чаман – чаман шукуфта, накҳати гулҳои рангорангаш рӯи оламро фаро гирифт.
Забони тоҷикӣ ончунон равнақ ва густариш ёфт, ки ба ифтихораш дар сарзаминҳои гуногун фарҳангҳои бешуморе таълиф шуданд. Чун забони тоҷикӣ дар Ҳиндустон расмият ёфт, дар ин сарзамин фарҳангнигорӣ вусъати беандоза пайдо кард. Ба гуфти устод Саид Нафисӣ танҳо номгӯи беш аз 200 фарҳанги тафсирӣ то замони мо расидааст.
Забони тоҷикӣ он қадар сарватманд, пурғано ва дорои мазмуну мафҳумҳои тозаву рангоранг шуд, ки ба киштзори сарсабзу серҳосил табдил ёфт ва дар ҳар хӯшаи он садҳо донаи заррини маънӣ ҷойгузин гардид.
Намунааш «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) аст, ки ҳар вожае дар он ҳангоми шарҳу тафсил гулзори хуррами суханро пеши назар меоварад.
Дар ин фарҳанг, аз ҷумла  вожаи «гул» дар ҳафт саҳифа 170 вожаи «оташ» дар шаш саҳифа 175 вожаи «сар» дар даҳ саҳифа қариб 250 вожаи «чашм» дар шаш саҳифа 170 вожаи «дил» дар ҳаштуним саҳифа 230 бор бо маъниҳову мафҳумҳои гуногун ва бо мисолҳои ҷолибу дилнишин шарҳу баён ёфтаанд. Агар ақсои оламро бигардем, забонеро бо ин сарвати беинтиҳое, ки забони тоҷикӣ дорост, наметавон пайдо кард.
Дарёи мавҷхези илму ирфон, забону фарҳанг ва ашъори гавҳарфишоне, ки дар аҳди Сомониён Мовароуннаҳру Хуросонро шодоб карда буд, пас аз ҳазору сад сол барои миллати тоҷик, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол чун сарчашмаи ҷӯшони маънавӣ ба ёдгор монд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси баланди арҷгузорӣ ва ифтихори миллӣ дар ин иртибот чунин иброз дошт: «Натиҷаи хиради Сомониён буд, ки мо имрӯз соҳиби яке аз забонҳои тавоно, зебо ва шевои дунё ҳастем. Зиёда аз ин дар бадали садсолаҳо забони мо дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё – аз марзҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳили баҳри Миёназамин мақоми байналмилалӣ касб кард ва забони мукотиба ва муҳовараи қавму халқҳои гуногун гардид».
Асрҳо гузаштанд ва дар сабоҳи асри бист тоҷикон ба ҳоли табоҳе афтоданд ва ҳеҷ фарёдрасе надоштанд. Дар ин марҳилаи тақдирсози таърих устод Садриддин Айнӣ фарёдраси тоҷикон гардид ва садои мардонаву ҷасуронааш баланд шуд: «Бародарон! Агар ҳаёт ҷӯед, ба даст гиред сайфу қаламро»!  Соли 1924 чун рӯзномаи «Овози тоҷик» ба табъ расид, он ба зудӣ ба «Овози Айнӣ» табдил ёфт. Қариб тамоми мақолаҳои устод дар боби ҳимояи ҳуқуқи тоҷикон, ҳимояи забони тоҷикӣ, зинда намудани забони соддаи тоҷикӣ ва бедории миллӣ дар ҳамин рӯзнома мунташир гаштанд ва ин иқдоми ватанпарастона то вопасин ҳаёти ӯ давом ёфт.
Таърих боз ба бахти тоҷикон гашт ва дар охири садаи бист Тоҷикистон озод ва соҳибистиқлол гардид. Шарафи бузургу муқаддаси пос доштани забони тоҷикӣ ва асолати миллӣ бар дӯши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон афтод. Ишқи ҷӯшони хидмат ба забони давлатӣ ва халқу Ватан дар дили Президенти мамлакат  ҳамеша шуълавар буда, замон то замон фурӯғи тоза пайдо мекунад.
То замоне, ки кохи пурҷилои давлату миллати тоҷик пойдор аст, забон ҳамчун шоҳсутуни тиллоӣ онро рӯи шонаҳои худ устувор нигоҳ хоҳад дошт.
Зиҳӣ, забони тоҷикӣ, забони корномаҳо ва эъҷозҳо!
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2017    №: 166    Мутолиа карданд: 510

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед