logo

иқтисод

ЧАРО КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМЕМОНАНД?

Мувофиқи иттилои омори расмӣ,  дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 175 корхонаи саноатии кишвар аз фаъолият бозмондааст.
Коршиносон сабаби қатъ гардидани кори корхонаҳоро ба чанд омили ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсиррасон – норасоии ашёи хом, вазъи ноустувори молиявӣ ва норасоии технологияи камхарҷ вобаста медонанд.
Сабаби як муддат аз фаъолият боз мондани корхонаи “Шарофат” дар деҳаи Даҳбеди шаҳри Ҳисор бошад, дастгирӣ наёфтани соҳибкор аз ҷониби аҳолӣ - хариди маҳсулоти истеҳсолкардааш буд.
Зоҳир Исроилов, мудири бахши саноат, сохтмон ва нақлиёти шаҳри Ҳисор, дар ин бора гуфт, ки корхона давоми солҳои 2015 – 2016 бо сабаби дигар - норасоии маблағи гардон низ фаъолият накард. Танҳо аз аввали соли 2017 корхона бо дастгирии соҳибкор аз вилояти Суғд кори худро оғоз намуда, барои 31 ҳазор мактаббачагони шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ дӯхта истодааст. Айни замон дар корхона 32 нафар занони маҳаллӣ кор мекунанд. 
ҶДММ “ЮиФ – Сервис” низ аз моҳи сентябри соли гузашта кори худро ба таъхир гузошт. Аз рӯйи маълумоти Ориф Воҳидов, мудири бахши сармоягузорӣ, идораи амволи давлатӣ ва саноати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, корхона фаъолияти худро аз соли 2011 ба истеҳсоли қуму шағал шурӯъ карда буд. Соҳибкор дар ҳаҷми муайян маҳсулот истеҳсол намуд, вале бо пайдо накардани маблағ барои идомаи кор, дурусттараш ба технологияи муосир барои қонеъ гардондани талаботи истеъмолгар аз ҷиҳати сифат ва истеҳсоли ҳаҷман зиёди маҳсулот дастрасӣ надоштан, кори корхонаро боздошт. Ҳоло ҶДММ “ЮиФ – Сервис” тағйири ном (ба ҶДММ “Миср – 2001”) кард ва нақша дорад бо ворид сохтани технологияи нав дар кӯтоҳтарин вақт кори худро оғоз кунад.     
Дар баробари ин, дар вилояти Хатлон ду корхонаи дигар – СП “Ҷунтай – Данғара” ва “Тоҷи Осиё” мавсимӣ буда, айни замон муваққатан кори худро қатъ кардаанд.
Саноатчиёни мамлакат масъаларо чунин шарҳ доданд:
“Дар ҷумҳурӣ айни замон 1957 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар нимсолаи аввал кори 175 корхона қатъ гардида бошад ҳам, ин нисбат ба соли гузашта 85 корхона кам аст. Ба таъхиргузории фаъолияти баъзе корхонаҳо барои беҳбудии кор аст. Зеро мутахассисони тоҷик, махсусан дар самти бастани шартнома бо сармоягузорони хориҷӣ, таҷриба пайдо карда, фаъолияти он корхонаҳое, ки қаблан бунёд шудаанд, аз нав дида мебароянд. Баъзе корхонаҳое, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ба муваффақиятҳои калон ноил гашта истодаанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 18,9 фоизро ташкил дод  ва ин нишондиҳандаи хубест дар ду – се соли охир”.
Рушди саноатро дар кишвар метавон дар мисоли истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноати сабук равшан инъикос кард. Айни замон талаботи аҳолии Тоҷикистон, масалан ба истеҳсоли қолин ва гилеми ватанӣ пурра таъмин карда шудааст. Барои ин корхонаи қолинбофии Қайроққум ҳоло дар се баст кор мекунад.
Аз ҳисоби коркарди ашёи хоми ватанӣ, аниқтараш коркарди пахта ва аз он истеҳсол кардани ресмон низ даромади хуб ба даст меояд, ресмон бо арзиши аз 2 то 3 доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.
Ба муваффақияти ин соҳаи саноат ҷорӣ гардидани боҷи гумрукӣ барои маҳсулоти воридотӣ  мусоидат мекунад. Ин дастгирии саривақтии Ҳукумати мамлакат мебошад.
Албатта, мушкилиҳо кам нестанд. Баланд будани фоизи қарзи бонкҳо, санҷишҳои беасоси мақомоти назоратӣ, норасоии ашёи хом ва технологияи камхарҷ. Ё ин ки пардохтҳои гумрукӣ бе расмиёти гумрук аз ҷониби соҳибкорон. Яъне чӣ? Ин омил барои амалисозии нақшаи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, хусусан дар самти истеҳсоли либоси мактабӣ монеа эҷод кардааст. Ба ин хотир, дастгирӣ кардани соҳибкорони ватанӣ тариқи интихоби маҳсулоти истеҳсолкардаашон хеле муҳим аст.
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2017    №: 166    Мутолиа карданд: 467

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед