logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Аз 3 то 6 августи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд нахустин Форуми ҷумҳуриявии кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид.

Иштирокчиёни форум, иборат аз 150 нафар, дар давоми се рӯз аз шаҳру навоҳии Айнӣ, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанди вилояти Суғд дидан карданд. Ҳайатро нахуст дар ноҳияи Айнӣ гурӯҳи калони ҷавонон бо меҳмоннавозии хоси тоҷикона ва шеъру суруд истиқбол гирифтанд.
Дар идомаи сафар 4 август дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов чорабинии сатҳи баланд доир гардид. Раиси ноҳия Комилҷон Салимзода зимни суханронӣ, аз ҷумла иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа унвон карда, барои пешбурди  зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст. Дар ин замина дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ сафи ҷавонони роҳбар сол ба сол меафзояд.
Дар шаҳри Исфара бо иштироки ҷавонон дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон» «мизи гирд» доир гардид. Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки «Мақсад аз баргузории ин форум, пеш аз ҳама, таҳкими дӯстию рафоқат дар байни ҷавонон, ифтихору сарфарозӣ аз миллати тоҷдору Ватани аҷдодӣ, ҳамчунин, фароҳам овардани шароити табодули маълумот, шиносоӣ, фароғат ва оғози ҳамкориҳои нав, иттиҳоду ҳамбастагӣ дар байни намояндагони ҷавонони вазорату идораҳо  мебошад».
Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти оморӣ аз 19 ҳазор хизматчии давлатӣ зиёда аз 8 ҳазорашро ҷавонони то 35 - сола ташкил медиҳанд. Аз 5670 вазифаи роҳбарикунанда бошад, 1345 мансаб ба зиммаи ҷавонон вогузор шудааст.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ ва раҳнамоии ҷавонон барои ҳифз ва нигаҳдории он», «Мактаби роҳбарӣ ва сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи боэътимоди давлатдорию давлатсозӣ дар ҷаҳони муосир», «Ташаббус ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ» ва «Ояндаро имрӯз месозем» маърӯза карданд. Сипас, муроҷиатномаи иштирокчиёни форум қабул шуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Мо-кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳамчун фарзандони бонангу номуси ин сарзамин, ворисони асили миллату давлат, идомадиҳандагони роҳи пуршарафи ниёгон ва меросбарони гузаштагони сарбаланди ориёӣ, бо ифтихору сарфарозӣ изҳор менамоем, ки мо Ватани ободу зебо дорем ва номи он Тоҷикистон аст, ки баҳри ҳифзи ҳар ваҷаб хоки поки он ва барои миллати азизи хеш ҳастии худ, ҷони худ ва тамоми вуҷуди худро мебахшем».
Дар доираи форум барномаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, суҳбату вохӯриҳои судманд, ҳамоишҳо, саёҳати иштирокчиён ба мавзеъҳои таърихии вилоят, аз ҷумла Қасри Арбоб, баргузор гардид.
5 август вохӯрии иштирокчиён бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар сатҳи баланд сурат гирифт. Раиси вилоят изҳор дошт, ки бешак, ин иқдом метавонад ба тавсеаи дӯстии байни ҷавонони минтақаҳои кишвар мусоидат намояд. «Мо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дастгирии ҷавононро дар мадди назар қарор додаем. Алалхусус, барои коҳиш додани раванди муҳоҷират дар вилоят ба бунёди шаҳракҳо оғоз бахшидем. Ҷавононе, ки дар муҳоҷирати корӣ асосан ба корҳои сохтмонӣ машғул буданд, ба Ватан баргашта, бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар давоми даҳсолаи охир бунёди садҳо толору майдони варзишӣ, мактабҳои муосир, таъсиси стипендияи раиси вилоят ва амсоли инҳо нишони ғамхорӣ ба насли ҷавони кишвар мебошад».
Дар рӯзи охири форум дар боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангии «Шоми ҷавонӣ», бо оростани дастархони идона, намоиш дода шуд, ки бо рангорангии худ то дер дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд.   
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2017    №: 166    Мутолиа карданд: 380

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед