logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. АЗ ДАСТОВАРДҲО ТО ТАЛОШИ РАФЪИ КАМБУДИҲО

Дар ноҳияи Тоҷикобод корҳои ободонию созандагӣ аз рӯи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, соҳаҳои  гуногуни хоҷагии халқ ба тадриҷ рушд меёбанд.
Ба гуфтаи Нодираи Маҳмадисо, раиси ноҳияи Тоҷикобод, соли равон баҳри рушди соҳибкории хурду миёна аз ҳисоби Барномаи шуғли аҳолӣ ба маблағи 102 ҳазору 730 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Дар давраи сипаришуда 1214 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти соҳибкории шаҳр 1,4 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Маҳсулоти умумии кишоварзӣ 25,3 миллион сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли гузашта 251 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ  кишоварзони ноҳия дар майдони 2307 гектар ғалладона, 417 сабзавот, 1006  картошка ва 1356 гектар хӯроки чорво кишт намуданд. 5760 тонна шир, 940 ҳазор дона тухм, 698 тонна гӯшт, 75 тонна пашм истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016 суръати афзоиши онҳо аз 1 то 6 дарсадро ташкил медиҳад. Гардиши чаканаи мол дар қиёс ба соле, ки сипарӣ гашт, ба маротиб зиёд гардида, ҳаҷми он 13,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 695 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 7000 сомонӣ зиёд гардидааст. Коргоҳҳои нави саноатии истеҳсоли атласу адрасбофӣ ва либосдӯзӣ ба кор шурӯъ намуда, 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Сохтмончиён ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ корҳои пудратиро дар иншооти ҳудуди ноҳия ба иҷро расонданд.
Ба рушди соҳаи маориф низ дар ин давра таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.   Ҳоло аз 534 нафар хатмкардаи зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 218 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ  гузашта, тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуд. Дар соли таҳсили 2016-2017 дар назди 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак  ташкил гардид, ки дар онҳо 303 нафар кӯдаки 5-6 - сола ба тарбия фаро гирифта шудааст. Дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 116 нафар шахсони ниёзманду маъюб таҳти сарпарастӣ қарор гирифта, онҳо бо хизматрасониҳои иҷтимоии доимӣ таъмин мегарданд.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети  маҳаллӣ таъмири асосии бинои маъмурии беморхонаи марказии ноҳия ва қисмати берунии шуъбаи бемориҳои дарунӣ оғоз гардид. Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бошад, шуъбаи касалиҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия пурра таъмир гардида, мавриди истифода қарор гирифт.
Барои муҳайё сохтани шароити муносиб ба хонандагону китобдӯстон  4  китобхонаи деҳот, ки дар хонаҳои шахсӣ ҷойгир буданд, ба биноҳои нав кӯчонда шуданд. Кормандони соҳаи фарҳанг 81 вохӯрию мулоқот, конфронсу шабҳои адабӣ, озмуну викторинаҳо гузаронданд.
Дар ноҳия 32 мусобиқаи варзишӣ гузаронда шуд. Варзишгарони ноҳия дар ҳафт мусобиқаи минтақавӣ, ду мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҳафт медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ гардиданд.
Барои дар сатҳи зарурӣ омода ва гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст. Бо мақсади захираи ангишт, таъмини доимии неруи барқ, гази моеъ,  маҳсулоти нафтӣ, ҳезум, корҳои таъмирӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилӣ ва алоқа, самаранок истифода бурдани қувваи барқ корҳо оғоз ёфтаанд. Барои боз ҳам хубтар омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, бо назардошти эҳтиёҷоти ноҳия, зарур аст, ки соли ҷорӣ захираи ангишт ба 2330 тонна, гази моеъ 8 тонна, ҳезум 420 м3 ва сӯзишвории дизелӣ  ба 12 тонна расонда шаванд.
Дар баробари ин, ҳанӯз ҳам мушкилоте ҷой доранд, ки  ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ монеа эҷод мекунанд.  Роҳбарияти ноҳия   баҳри бартараф намудани ин мушкилот пайваста талош дорад. Куҳнаю фарсуда гаштани шабакаҳои обтаъминкунии деҳаҳои Дараи Нӯшор, Файзбор, Нӯшори Боло, Нӯшори Поён, Навобод, Шарқиён, Гулистон, Сафедорон, Зарафшон, Шаҳристон ва маркази ноҳияи Тоҷикобод, инчунин, асфалтпӯш ва чароғон кардани маркази ноҳия,  сохтмони бинои нави замонавии беморхонаи марказӣ ва ба анҷом расондани сохтмони кохи фарҳанг барои 400 ҷойи нишаст, аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки  бинобар саҳлангории сохторҳои масъул то ҳол ҳалли пурраи худро наёфтаанд.
Худодод  ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2017    №: 166    Мутолиа карданд: 1117

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед