logo

фарҳанг

ТАРҲИ ЯГОНАИ ЛИБОСИ МИЛЛИРО ЭҶОД НАМОЕМ

Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10 - солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қатори дигар масоили мубрам ба ду масъалаи ниҳоят муҳим - «арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги миллӣ, ки дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус наврасону ҷавонон таъсири амиқ доранд», махсус таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Воқеан, забон аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол буда, дар пойдории давлати миллӣ нақши боризеро иҷро мекунад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба ин рукни фарҳангӣ эҳтиром ба модар, Ватан ва давлат аст. Мутаассифона, баъзан мушоҳида мешавад, ки мо ба забони давлатӣ ва фарҳанги миллии худ чандон эҳтиром намегузорем, ин падидаҳои арзишманди фарҳангиро нодида мегирем. Ҳам дар муносибат ба забони давлатӣ ва ҳам интихоб ва пӯшидани либос ҳамчун аркони фарҳанги миллӣ ба тақлид роҳ медиҳем. Дар натиҷа гӯишу навишторамон бо услуби бегона омезиш ёфта, тарзи либоспӯшиамон ғайритоҷикӣ мешавад. Забон ва либос ҳамчун аркони фарҳанги миллӣ ва ҳастии миллат ба ҳам алоқамандии мантиқӣ доранд. Агар забон ифодакунандаи афкор бошад, либос баёнгари рафтору ахлоқ аст. Бинобар ин, гиромидошти забони давлатӣ танҳо дар риояи меъёрҳои он, тарзи саҳеҳи навишт ва парҳез аз олудагиҳои калимаву ибораҳои бегона набуда, шеваи фикрронӣ ва ифодаи ақлии онро низ фаро мегирад. Зеро тафаккур бо забон робитаи бевосита дорад ва тафаккури миллӣ ба пояи забони миллӣ шакл гирифтаву инкишоф меёбад. Забон ва либосро метавон ҳамчун категорияи мантиқии шаклу мазмун маънидод намуд. Агар иллатҳои беэътиноӣ нисбат ба забон тавассути сухан гуфтан ошкор гардад, бемаврид ва нобарҷой ба бар кардани пироҳан рафтори пӯшандаи либосро ифшо месозад. Забон орояи андеша асту либос орояи инсон. Чун забону ироаи сухан пӯшидани либос низ маърифат мехоҳад. Дар мулоқот Пешвои миллат зимни суханронии худ ба таъкид зикр намудаанд: «Солҳои охир бо таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида тарғиби сарулибоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои мо, бахусус миёни занон вусъат гирифта истодааст, ки боиси нигаронӣ мебошад». Ин андеша воқеият дорад, ки аксар дар кӯчаву бозор ва мавзеъҳои дигари серодам ҳамагон дидаву мушоҳида намудаем, аммо ағлаб хомӯшӣ ва ё бетарафиро ихтиёр карда, дар гирифтани пеши роҳи чунин тақлидкориҳо на танҳо кӯшиш, балки фикре ҳам нарондаем.
Табиист, ки мо дар ҷомеаи демократӣ ба сар мебарем ва чунин ҷомеа озодии виҷдон, рафтор, муносибат, интихоби озоди сарулибос ва амсоли инро тақозо ва таъмин мекунад, аммо ин озодиҳо бояд меъёр ва ҳадди худро дошта бошанд. Ҳарчанд ҳудуди марзи ҳар гуна озодиро, пеш аз ҳама, қонун муайян мекунад, дар ин самт маърифати инсонӣ ва ҳувияти миллӣ низ бетаъсир буда наметавонанд.
Дар пайдо ва интихоб кардани сарулибос ва мавқеи истифодаи он маърифат мададрасон мешавад. Мо фарҳанги қадима ва ғании либоспӯшӣ дорем, ки дар тӯли таърих новобаста ба таъсирҳои беруна тарҳи аслии худро нигоҳ дошта, аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Бо ин вуҷуд, дар давраҳои таърихии муайян бо таъсири омилҳои беруна, шеваи либосдӯзӣ ва фарҳанги либоспӯшии мо андаке тағйир ёфтааст. Масалан, бо таъсири авомили динӣ дар фарҳанги либоспӯшии мо ҳиҷоб ва дастор маъмул гардид, бо таъсири зиндагии ҳамҷавории замони шӯравӣ сарулибоси аврупоӣ ба фарҳанги мо роҳ ёфт. Дар замони муосир, ки табиати ҷаҳонишавиро ба худ касб кардааст, имконоти таъсири фарҳангҳои бегона ба фарҳанги мо зиёдтар шудааст. Шабакаҳои интернетӣ, филмҳои хориҷӣ, алалхусус туркӣ, муҳоҷирати корӣ, сафарҳо бевосита ба кишварҳои дигар аз омилҳои чунин таъсиргузориҳоянд, ки бо вуҷуди маҳдудиятсозиҳо ба тарзи кӯр - кӯрона реша медавонанд. Ба назар чунин мерасад, ки иллати асосии ин гуна зуҳуроти бегонапарастӣ маърифати пасти мардум ва ҳисси хурофотпарастӣ ва ё худнамоии эшон аст. Либос зеби одам аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «одаму либос, хонаву палос».
Мо анъанаи хуби сарулибосороӣ ва фарҳанги баланди либоспӯшӣ дорем, ки ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардааст. Дар осорхонаҳо садсолаҳо инҷониб намунаҳои либоси миллиамон нигоҳ дошта мешаванд. Куртаҳои занонаи гуногунматоъ бо остини дароз ва саростин, гиребони баланд, доманаи васеъ, докаи сафед ва рӯйсарии паҳно ҳама шинаму мувофиқ буда, иффати занона доранд. Зимнан, вақте бонувонро дар пероҳани атласу адрас ва ё чакан мебинед, чашмони кас нур мегиранду дил сурур. Аммо муҳим атласу адрас ва ё чакан нест, балки муҳим он аст, ки либос чи тарҳ дорад, аз чи матоъ ва чи тарз дӯхта шудааст ва чи зебову шинам дар тан ҷилва менамояд.
 Либос на танҳо ҷисми моро мепӯшонад, онро пероста мегардонад, балки ҳамчун нишонаи фарҳанги миллӣ моро ба дигарон мешиносонад. Пас интихоби дурусти матоъ, дӯхти либоси миллӣ, бамавриду дар мавқеъ пӯшидани он масъулияти худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ аст, ки ба тарғиб ниёз дорад. Ин тарғиб дар ду шакл бояд сурат гирад. Бо усули назарӣ дар мактабу муассисаҳои таълимӣ, васоити ахбори омма ва тавассути амал бештар аз бар намудани либосҳои миллии шинаму зебо ва тарғиби тарҳи замонавии онҳо. Аммо баъзан мушоҳида мешавад, ки тарроҳони мо дар дӯхти либос анъаноти миллиро камтар ба инобат мегиранд. Гумон мекунем, вақти он расида, ки тарҳи ягонаи либоси миллиро эҷод намоем. Дар навбати аввал чунин сарулибосро дар навъи тоқии мардона ва куртаи занона метавон тарҳрезӣ намуд. Дар баробари тоқӣ ва либосҳои суннатии роиҷ метавон нусхаи тоқӣ ва куртаи тозаи умумимиллиро тарроҳӣ намуд, ки дар он унсурҳо ва нақшу нигори ҳамаи минтақаҳои кишвар инъикос шаванд. Ин гуна тоқию либос бештар мансубияти расмию ҷашнӣ бояд гирад ва берун аз кишвар низ муаррификунандаи фарҳанги тоҷикон гардад. Махсусан, агар ҳангоми сафарҳои ҳунарӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун ҳунармандони мо бо чунин либосҳо ба саҳна бароянд, ҳам тарғиби либоси миллӣ мешавад, ҳам муаррифии фарҳанги либоспӯшии тоҷикон. Дар ин кор лозим аст, ки пажӯҳишгарони фарҳанги мардум бо тарроҳону рассомон ва ҳунармандон ҳамкорӣ намоянд. Инчунин, тарроҳии куртаҳои миллии мардона, ҳам расмӣ ва ҳам ғайрирасмӣ низ зарурат дорад. Бигзор тоқию курта ва дигар либосҳо дар коргоҳу корхонаҳои ватанӣ истеҳсол шаванд ва бо ин роҳ ҳунармандони зиёде бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Маълум аст, ки либосҳои миллӣ ҳамчун як бахши зиндаи фарҳанги анъанавӣ аз қадим дар рушду такомул ва тағйирот қарор доранд. Имрӯз низ ин раванд идома дорад, аммо моро зарур аст, ки барои ҳифзи асолати он, тарғиби арзишҳои миллӣ ва худшиносӣ тадбирҳои саривақтӣ андешем ва бақои суннатҳои миллиро таъмин намоем.
Ш. КОМИЛЗОДА, А. ЗУБАЙДӢ,
М. МУРОДӢ, Д. РАҲИМӢ,
ходимони Пажӯҳишгоҳи  илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.08.2017    №: 166    Мутолиа карданд: 451

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед