logo

иҷтимоиёт

ИШКОШИМ. БОНУВОНИ НОҲИЯ АТЛАСБОФӢ МЕОМӮЗАНД

Бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Ҷовид» дар маркази ноҳияи Ишкошим барои 18 нафар бонувон машғулиятҳои омӯзишӣ ҷиҳати аз худ намудани ҳунарҳои атласу адрасбофӣ ташкил карда шуд. Машғулиятҳо давоми як моҳ идома ёфта, мутахассисони соҳибтаҷриба нозукиҳои ин касбро ба бонувони шавқманд меомӯзанд. Ашам Холдорзода, муовини раиси ноҳия, мегӯяд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ба роҳбарӣ гирифта,  дар самтҳои касбомӯзӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ корҳои зиёдеро роҳандозӣ намуда истодааст.
Соли гузашта ду бонуи ҳунарманд - Насрин Отамбекова ва Заррина Шаҳбозова, ки дар тоқидӯзию гулдӯзӣ маҳорати хуб доранд, барои аз худ намудани касбҳои атласбофию адрасбофӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд фиристода шуданд. Онҳо дар маркази атласу адрасбофии «Дугонаҳо» нозукиҳои ин касбро аз худ намуданд. Марказ ба онҳо як дастгоҳи адрасбофӣ ҳам туҳфа намуд. Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар арафаи Ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ ба бонувони ноҳия боз дуто чунин дастгоҳ тақдим кард.
Баъди бозгашт аз вилояти Суғд Насрин ва Заррина бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим коргоҳи хурд ташкил намуда, 10 нафар бонувони ҳунармандро ба кор ҷалб карданд. Дар фосилаи начандон тӯлонӣ бонувони ҳунарманд, ки аксарияташон ҷавонон мебошанд, зиёда аз 100 метр маҳсулот тайёр намуданд.
Ойгул Бобокова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мегӯяд, ки хоҳишмандони аз худ кардани касбҳои бофандагию дӯзандагӣ хеле зиёданд. “Дар замони шӯравӣ ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла тоқидӯзию ҷӯроббофӣ, гулдӯзию муҳрабофӣ қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд. Талабот ба дастранҷи ҳунармандон набуд. Дар деҳот чанд нафар занони куҳансол ба дӯхтани тоқии шинами ишкошимӣ, муҳрабофию гулдӯзӣ машғул буданду халос. Маҳсули дасташон фақат дар тӯйҳои арӯсӣ истифода мешуд”, - афзуд О. Бобокова. Хушбахтона, замони соҳибистиқлолии кишвар ин шуғлҳо аз нав эҳё гардида, ба як риштаи сердаромади соҳибкорӣ мубаддал гаштанд. Бо соҳиб гардидани бонувони ноҳия ба грантҳои президентӣ барои рушди соҳибкорӣ теъдоди занону духтарони соҳибкоре, ки ба ҳунарҳои аҷдодӣ даст задаанд, ба маротиб зиёд гашт.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2017    №: 167    Мутолиа карданд: 298

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед