logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Дар ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки Қаҳҳорзода Файзиддин, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Нодираи Маҳмадисо, раиси ноҳияи Тоҷикобод, Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш ва Зарифхӯҷа Шоҳиён, раиси ноҳияи Сангвор, намояндагони бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи чоруми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.
Дар ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои Шӯро, натиҷаҳои таҳлилу тавсияҳо оид ба ташкили тиҷорати наздисарҳадӣ бо ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қиғизистон ва омодасозии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи шӯро дар бораи «Имкониятҳои рушди соҳибкории соҳаи коркарди маҳсулот дар водии Рашт» ва масъалаҳои дигар баррасӣ гаштанд.
Зафар Ҳисориев, котиби шӯро натиҷаи иҷрои қарорҳои дар ин самт қабулгардидаро мусбӣ арзёбӣ намуд. 
- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи қарори ҷаласаи 3 - юми шӯро дар самти гузариш аз мамлакати аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо  ва соҳибкорони минтақа як зумра корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, тайи солҳои охир дар минтақа  бунёди корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти ширӣ, бандубасти равғани рустанӣ, орд, коркарди сангу шағал, хишти пухта ва масолеҳи дигари сохтмонӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, нонпазӣ,  қаннодӣ ва ғайра бо таъсис-ёбии  ҷойҳои нави кор вусъат ёфта, аз ояндаи дурахшони ин диёр  шаҳодат  медиҳад, - таъкид гардид дар ҷаласа.
Иштирокчиёни ҷаласа  соҳаи савдои миёнамарзӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онро дар минтақа яке аз масъалаҳои ҳалталаб дониста, изҳор доштанд, ки бояд минбаъд кори шӯрои минтақавиро дар ин самт тақвият диҳанд.
Қаҳҳорзода Файзиддин, раиси Шӯрои  машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар водии Рашт, ба масъулон вобаста ба масъалаҳои баррасигардида дастуру тавсияҳо дод.                        
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2017    №: 167    Мутолиа карданд: 513

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед