logo

фарҳанг

УМРИ ДУБОРА

Дар таърихи пешрафту тараққиёти фарҳангу адабиёти миллати тоҷик дар асри ХХ устод Садриддин Айнӣ аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиётро ғанӣ гардондааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик, алалхусус ташаккули забони адабии муосир ба номи ӯ сахт вобаста мебошад.

Вақте ба осори безаволи устод рӯ меорем, майли адиби донишмандро ба як нукта бештар пай бурдан мушкил нест. Ин ҳам бошад, саъю кӯшиш ва муборизаҳои хастагинопазир ва ҷасуронаи вай барои баёни воқеият, дифоъ ва таблиғи фарҳангу забони миллати тоҷик, тозагии забон, соданависӣ, оммафаҳм кардани забони илму адабиёт ва матбуот, шарҳу тавзеҳи луғатҳо, такмили забон муваффақона буданд.
Дар ҳар давру замон баҳс атрофи масъалаи забон, такомулу рушди он гарм боқӣ мемонад. Дар авоили асри ХХ масъалаи забони тоҷикӣ чун тақдири миллати тоҷик хеле ҳассос ва баҳсбарангез буд. Дар ин давра як гурӯҳ душманоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти онро инкор мекарданд.
Ӯ ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, мақолаҳои зиёди илмӣ навишт ва китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» - ро соли 1926 иншо намуд. Устод дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннаҳру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Дар ин асар намунаҳои зиёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Кисоии Марвазӣ, Абуҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Яъне, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи куҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд.
Ҳамин тавр, Садриддин Айнӣ пешвоии аҳли илму адаби тоҷикро бар дӯши худ гирифта, барои пойдории забону миллат мубориза бурда, дар ин масъала аз ягон мушкиливу монеа наҳаросидааст.
Дар он даврони тақдирсоз устод Айнӣ бо мақолаҳо ва баромадҳо аз миллату забони тоҷикӣ ҳимоят намудааст. Барои исботи ин гуфтаҳо руҷӯъ ба мақолаҳои устод «Масъалаи маориф ва китоб» (соли 1921), «Қавми тоҷик ва рӯзнома» (соли 1924), «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» (1928), «Забони тоҷикӣ» (соли 1928) кифоят мекунад, то дарк намоем, ки ӯ барои дифоъ ва рушду нумӯи забони адабии оммафаҳми тоҷикӣ чӣ заҳматҳо кашидааст. Чунончи устод бо далелу бурҳон исбот менамояд, ки барои такомули як забони умумимиллӣ бояд «вазифаи аввалини мо равшан кардани фикри авоми тоҷик, паҳн кардани илм ва дониш дар байни оммаи тоҷик ва оммагӣ кардани инқилоби маданӣ дар байни тоҷикон аст».
Устод Айнӣ дар мақолаи «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» бо далелҳои илман асоснок собит менамояд, ки забони гуфтугӯии тоҷикон аз ҷиҳати луғат ва дигар хосиятҳо забони «Шоҳнома» - ро ба ёд меорад. Ин даъвои худро бо иқтибос аз китоби шарқшиноси маҷорӣ Ҳерман Вамберӣ «Таърихи Бухоро ё худ Мовароуннаҳр» тақвият медиҳад: «Шеваи ҳозираи форсии Осиёи Миёна аз ҷиҳати луғат ва аъроб ба ҳамаи шеваҳои дигар дида хосиятҳои форсии қадимро бештар нигоҳ доштааст. Агарчи форсиёни Осиёи Миёна аз бисёр асрҳо боз ҳамеша дар миёнаи туркон бошанд ҳам, содагии забонро нигоҳдорӣ кардаанд. Лаҳҷаи форсии Осиёи Миёна, ки бо вай тоҷикон гап мезананд, то имрӯз аз тарафи донишмандони забони форсӣ тафтиш нашудааст. Дар ин лаҳҷа аз ҷиҳати луғат ва аз ҷиҳати аъроб бисёр хосиятҳо ҳастанд, ки услуби Фирдавсиро ба ёд меоранд». Ин андешаҳо саду панҷоҳ сол қабл гуфта шуда бошанд ҳам, аммо то кунун аҳамияти худро гум накардаанд.
Устод Айнӣ дар мақолаҳояш барои исботи фикраш аз адабиётҳои гуногун, аз ҷумла асарҳои забоншиносӣ, мисолҳои мушаххасро иқтибос оварда, намунаҳои айни замон мавриди истеъмол будаи калимаву ибора ва таъбирҳои дар музофотҳои гуногуни тоҷикнишин мавриди истифодаро нишон медиҳад. Ба нависандагону рӯзноманигорон доир ба ҳунари нависандагӣ ва роҳу усулҳои он дастурҳои судманд медиҳад. Ба қавли ӯ «забони авоми тоҷик забонест, ки вайро оммаи тоҷик фаҳмад, дар ҷумлабандӣ, дар ташбеҳҳо, дар киноя ва истиораҳо, дар зарбулмасалҳо ва дар дигар бобатҳо хусусият ва рӯҳи забони тоҷик риоя карда шуда бошад».
Ҳамаи ин ақидаҳои устод Айнӣ заҳмату талоши ватандӯстона ва муҳаббат ба миллату забон, фарҳанги пурғановати тоҷикро нишон медиҳанд ва барои ояндаи дурахшони илму фарҳанг нигаронда шудаанд. Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлонӣ ранҷ кашида, аз нахли куҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажӯҳишгарон аз гулҳои муаттараш баҳра гирифта, асар меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:
Ин боғ зи нахли куҳан оростаам
В-он нахл ба теғи хома пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар роҳи оммафаҳм кунондани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидаанд. Осори адабию илмии устод Айнӣ дар «Куллиёт» - и  15 - ҷилда гирдоварӣ шудаанд. Дар бобати нашри осори гузаштагон ва тарҷумаву таҳрири асарҳои тарҷумавии нависандагони халқҳои бародар низ фаъолона ширкат доштааст.
Мегӯянд, ки дар як маҳфил шахсе аллома Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946 - 1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон», месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Аллома  сухани ӯро бурида гуфт: «Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст».
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2017    №: 167    Мутолиа карданд: 420

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед