logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯҲОИ ХУРОСОНУ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати  шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии сокинон ва фаъолияти барзгарон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Мардуми сарбаланди ноҳия муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба Пешвои муаззами миллат ба воситаи барномаи вижаи фарҳангӣ, ки ба хотири  истиқболи арзандаи Сарвари давлат дар фурудгоҳи муваққатӣ доир шуд, баён намуданд.
Сарвари давлат дар ноҳияи Хуросон нахуст бо ҷараёни  кишти такрорӣ  дар хоҷагии деҳқонии ба номи Бобои Сайфиддини Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ шинос гардиданд. Хоҷагии мазкур 10 гектар замини обиро дар ихтиёр дорад, ки дар майдони 0,30 гектари он пас аз дарави гандум дигар зироату сабзавот, аз ҷумла карам, сабзӣ ва қулфинай коштанд.
Имсол барзгарони хоҷагӣ аз ҳамаи навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Аз ҷумла, дар ноҳия деҳқонон аз як гектар замини обӣ то  52 - сентнерӣ  гандум рӯёндаанд. Дар маҷмӯъ дар миқёси ноҳияи Хуросон аз майдони умумии 4 ҳазору 975 гектар 17 ҳазору 550 тонна гандум ғундошта шудааст.
Пешвои миллат дар ин хоҷагӣ бо вазъи пахтакорӣ низ шинос шуда, мавсими имсолаи ғунучини пахтаро расман оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки соли дуюм аст дар ин хоҷагӣ дар майдони 5 гектар пахтаи навъи "Хатлон-2014" кишт мегардад, зеро он ба иқлими  минтақа мутобиқ буда, деҳқонон аз ҳар гектар замини кишт аз 40 то 50 - сентнерӣ ҳосил мегирад. Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хуросон майдони пахтазор сол аз сол васеъ шуда, соли ҷорӣ дар ҳамаи ҳоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони умумии 4 ҳазору 330 гектар чигит кишт шудааст.
Дар назди заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ дастранҷи деҳқонон, маҳсули дасти ҳунармандон ва дастовардҳои соҳаи саноати ноҳияи Хуросон ба маърази дид гузошта шуданд. Дар саҳни намоиш Сарвари давлатро   кадбонуҳои чирадасти ноҳия бо  нонҳои болаззати тоҷикӣ, ки аз орди гандуми маҳаллӣ омода шудаанд, пешвоз гирифтанд. Дар намоиш, инчунин, дигар хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти қаннодӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. 22 намуди меваи  хушсифати содиротӣ, ба монанди себ, ангур, олу, бодом, нок, биҳӣ ва  шафтолу, ки ҳамаи ин маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии фермерии ба номи Асадулло парвариш карда мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии боғҳои хоҷагии мазкур ба 2 ҳазор гектар расонда шудааст, ки дар он 17 намуди дарахти мевадиҳанда парвариш карда мешавад. Дар хоҷагии мазкур дар масоҳати 130 гектар боғи интенсивӣ бунёд шудааст, ки дар он 14 навъи себи содиротӣ парвариш меёбад.
Сарвари давлат ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон иброз намуданд, ки аз ноҳияи Хуросон ба давлатҳои хориҷӣ ба ғайр  аз меваю сабзавоти тоза, инчунин, маҳсулоти консервшуда низ бояд содир гарданд. Аз ин хотир, масъалаи ташкили  корхонаҳои коркарди меваю сабзавот  дар миқёси ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, дар фурсатҳои кӯтоҳ бояд сурат бигирад. Маҳсулоти аз шир истеҳсолшаванда дар ин намоишгоҳ аз ҷониби хоҷагии зотпарварии "Саодат" пешниҳод гардидааст. Айни ҳол дар фермаи ин хоҷагӣ зиёда аз 560 сар гови ширдеҳи зотҳои "Сементал" ва "Голдштейн" парвариш карда мешаванд. Дар корхонаи коркарди шири "Саодат" 4 намуди маҳсулоти ширӣ  истеҳсол мешавад.
Пешвои миллат аз пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва заҳмати шабонарӯзии барзгарон изҳори хушнудӣ карда, иброз намуданд, ки мардуми меҳнатқарини ноҳияи Хуросон бо меҳнати софдилона ва содиқона дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардондани дастархони аҳолии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Ифтитоҳи бинои нави мактаби № 4 дар деҳаи Мирзообод
Имрӯз, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар даромадгоҳи ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолону собиқадорон, намояндагони ҷавонон ва аҳли илму фарҳанг бо самимияти беандоза истиқбол намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 иштирок намуданд. Ин бинои таълимӣ, ки барои 620 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо харҷи 2 миллиону 680 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароиту имкониятҳои муосири илмомӯзӣ фароҳам мебошад.
Бинои асосии мактаб, ки аз ду ошёна иборат аст, дорои 10 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзӣ ва ҳуҷраҳои кории омӯзгорон буда, дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он барои омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ туҳфаи арзишманд ба ҳисоб меравад.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки  корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ҶДММ «Сорво» дар муҳлати бештар аз як сол дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби нотакрори сохтмонию меъморӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонданд.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф, алалхусус зиёд намудани теъдоди мактабҳои наву бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз намудани онҳо тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Бо ин мақсад аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар намуда, барои ба камол расондани насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва аз худ намудани илмҳои замонавӣ аз таҷрибаи пешрафта истифода баранд.
Дар ин муассисаи таълимӣ, ҳамчунин, се синфхонаи ҳунаромӯзӣ: дуредгарӣ, дӯзандагӣ ва омода кардани таомҳои гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои соҳибкасб гардидани духтарону писарони деҳаи мазкур метавонанд нақши калон дошта бошанд. Айни замон дар ин мактаб 40 нафар омӯзгор ба зиёда аз 900 нафар хонанда дарс мегӯяд.
Танҳо дар давоми 20 соли охир дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 30 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд ва ҳамзамон дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 - 2021» дар ин ноҳия бунёди 14 иншооти замонавии дигар тарҳрезӣ гардидааст.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, дастовардҳои меҳнатии кишоварзон ва ифтитоҳи иншооти муҳим бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эҳсоси баланди худшиносию худогоҳии шаҳрвандон, ҷонибдории амиқи онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ба онҳо азму иродаи қавӣ орзу намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросонро натиҷагирӣ карда, таъкид доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба хотири рушду пешрафти ин минтақаҳои мамлакат аз ҳисоби буҷети давлат маблағи зиёд ҷудо гардид.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар даҳ соли охир ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 620 миллион сомонӣ равона гардидааст. Дар 15 соли охир дар ноҳия барои сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, барқарорсозии иншооти обрасонӣ ва обёрии заминҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва  рушди деҳот 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 35 миллион сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳукумати мамлакат ба нақша гирифтааст, ки дар се соли оянда барои таъмин кардани тараққиёти ноҳия аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 270 миллион сомонӣ ҷудо намояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи нигоҳдорӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои рушд, ободонии деҳот, маҳалҳои аҳолинишин, ҳолат ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъсиси коргоҳҳои нав ва таъмини аҳолӣ бо шуғл ҷалб намуда, барои ислоҳи камбудию норасоиҳо ва бартараф кардани дигар мушкилоту монеаҳо дар ин самт ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд.
Президенти мамлакат дар идомаи суханронӣ вобаста ба рушди ноҳияи Хуросон таъкид доштанд, ки дар даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории Буҷети давлатӣ барои тараққиёту пешрафти он беш аз 340 миллион сомонӣ равона карда шуда, ба ин мақсад дар се соли оянда зиёда аз 153 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта ҳоло Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020 амалӣ шуда истодааст, ки 119 лоиҳаро ба маблағи умумии 210 миллион сомонӣ дар бар мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар тӯли 15 соли охир дар ноҳия барои таъмин намудани фаъолияти устувори соҳаҳои маорифу кишоварзӣ, идоракунии захираҳои об ва рушди деҳот 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ татбиқ гардида, амалисозии боз 5 лоиҳаи дигар ба маблағи 17 миллион сомонӣ идома дорад. Татбиқи қисми асосии лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа дар ҳудуди ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ сурат мегирад, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми қариб 900 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. 
Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дастур доданд, ки якҷо бо соҳибкорони бонангу номус ба хотири ободии маркази ноҳия ҷаҳду талош намоянд ва онро боз ҳам дилкашу зебо гардонанд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани хонаву манзили зист ва хиёбону роҳу маҳаллаҳоро боз ҳам вусъат бахшида, Ҷашни пурифтихору муқаддаси Истиқлолияти давлатиро бо дастовезҳои шоиста истиқбол менамоянд.
Зимни баромади хеш сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон ҷонибдории худро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Пешвои миллат иброз дошта, ба Президент ва Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини зиндагии шоиста изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Имрӯз дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи киштзори хоҷагии деҳқонии "Қувватбек" шинос шуданд ва дар ҳамин мавзеъ аз намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳия дидан карданд.
Хоҷагии деҳқонии "Қувватбек" соли 2014 ташкил ёфта, феълан 9 саҳмдор ва 3,40 гектар замин дорад. Асосан пахта ва хӯроки чорво ҷамъ меоранд. Айни замон дар 1,40 гектар пахтаи навъи "Флора" ва дар 2 гектар юнучқа нашъунамои хуб доранд.
Дар мавсими гузашта хоҷагидорон тавонистанд 6 тонна пахтаи аълосифат ба даст биёранд ва имсол ҳам тибқи баҳогузории кишоварзон имконияти ба даст овардани ҳамин гуна ҳосил ҳаст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмати хоҷагӣ ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи ҳар порча замин ва гирифтани ҳосили фаровон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ аз намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан карданд. Заҳматкашон анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзии худ, аз қабили меваҳои шаҳдбор, мағзу мавиз, полизӣ, маҳсулоти нонӣ ва чорвои хурду калонро ба намоиш гузоштанд.
Намоишгоҳи кишоварзӣ бо маҳсулоти тозаи деҳқонон оро ёфта буд, ки нишона аз рушду равнақи соҳаи кишоварзӣ ва фаровонии ҳосил дар ҳудуди ноҳия буд.
Қисмати намоишгоҳи мазкурро гӯшаи чорвои хурду калони зоти маҳаллӣ, ки феълан дар хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳия нигоҳубин карда мешавад, ташкил дод. Шумораи умумии чорво дар ноҳия ба 104 ҳазору 167 сар расидааст, ки аз ин шумора 39 ҳазору 111 адади онро чорвои калон ташкил медиҳад.  
Алҳол ҳамин гуна пешравиҳо дар дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ низ ба назар расид ва тибқи таҳлилҳои чанд соли охир истеҳсоли пахта, ғалла, картошка, сабзавот ва полизӣ 6,4 баробар афзудааст. Ҳамчунин, хоҷагиҳои занбӯриасалпарвариву чорводорӣ низ дар ноҳия ба нишондодҳои чашмрас ноил гардидаанд ва истеҳсоли асал, шир ва гӯшт нисбат ба чанд соли қабл ба маротиб афзудааст.
Зимни шиносоӣ  Пешвои миллат ба заҳмату талоши кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ бобати расидан ба нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолӣ муваззаф сохтанд.

Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи «Моҳии хушзот»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Ҷамоати деҳоти Калинин бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи «Моҳии хушзот» шинос шуданд.
Ҷамъияти мазкур дар майдони умумии 895 гектар доман густурдааст, ки 685 гектари онро кӯлу ҳавзҳо ташкил дода, барои парвариши моҳии молӣ равона шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо аз намоишгоҳи маҳсулоти моҳипарварон, ки аз гӯшти парҳезии моҳӣ омода шудааст, дидан карда, бо дастгоҳ ва дигар лавозимоти зарурии моҳипарварон шинос гардиданд. Дар ин ҷо 42 гектар кӯл барои модармоҳӣ ва 60 гектар барои парвариши кирминамоҳӣ пешбинӣ шудааст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо моҳипарварони «Моҳии хушзот» суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро баҳри боз ҳам рушд бахшидани соҳа ҷалб намуданд.
Зикр гардид, ки дар кӯлу ҳавзҳои ин мавзеъ 10 миллион кирминамоҳӣ ва 300 ҳазор моҳии яксола барои истеҳсоли гӯшт парвариш меёбанд. Танҳо дар кӯли рақами як иҷоракор Юлдош Ҳайитов дар 20 гектар се намуди моҳӣ: амури сафед, зағорамоҳӣ ва пешонапаҳнро ба миқдори 20 ҳазор дона парвариш карда истодааст. Моҳҳои ноябр ва декабри соли 2017 иҷоракор мақсад дорад, ки 20 тонна моҳии истеҳсоли ноҳияро ба бозорҳои кишвар ба фурӯш барорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби моҳипарварони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бозорҳои мамлакатро бо гӯшти парҳезӣ таъмин мекунанд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Зикр шуд, ки дар ноҳия 29 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дошта, нақшаи истеҳсоли моҳӣ дар як сол 350 тоннаро ташкил медиҳад.
Моҳипарварони Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи «Моҳии хушзот" дар 7 моҳи соли ҷорӣ 61 тонна моҳӣ ба савдо бароварда, дар иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштанд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2008-ум барои рушди соҳаи моҳипарварӣ истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагӣ бояд ба 650 тонна расонда шавад. Хоҷагӣ дар ҳавзҳои худ парвариши кирминамоҳиро ба роҳ монда, баъдан онро дар ҳавзҳо нигоҳубин менамояд.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имрӯзҳо дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи «Моҳии хушзот» 40 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб мебошанд.
Дар вилояти Хатлон дар соли 2016-ум истеҳсоли моҳиро ба 1 ҳазору 524 тонна расонданд, ки ин 75 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Моҳипарварон ният доранд, ки дар соли 2017 истеҳсоли гӯшти моҳиро то ба  1 ҳазору 540 тонна боло бардоранд. Дар 7 моҳи соли равон истеҳсоли моҳӣ ба 341 тонна расонда шуд, ки 103 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.
Ба иттилои Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон, баъди қабули барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ теъдоди хоҷагиҳо ба 190 адад расида, барои онҳо 1 ҳазору 940 гектар замин ҷудо шудааст ва сохтмони ҳавзу кӯлҳо идома дорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2017    №: 167    Мутолиа карданд: 313

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед