иҷтимоиёт
ХИШТИ АВВАЛ КАҶ НАНИҲЕМ!
Рухшона Исматова, мудири кӯдакистони рақами 2 Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик оид ба таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ дар ин ақида аст, ки тарбияи онҳо дар ин муассисаҳо нисбат ба оила хубтар буда, то ба мактаб рафтан дар онҳо қобилияти хуби хондану навиштан, сухандонию сухан гуфтан пайдо мешавад.
Ба туфайли ташкили хуби кор, ба роҳ мондани низоми дуруст, гузарондани чорабиниҳои шавқовару хотирмон, истифодаи таҷрибаи пешқадам кӯдакистони рақами 2 дар байни дигар муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия яке аз ҷойҳои беҳтаринро ишғол мекунад.
Бино ба иттилои Шамсулло Сатторов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик, ҳар сол бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар маркази ноҳия чорабиниҳо баргузор мегарданд, ки дар он тарбиягирандагони кӯдакистони рақами 2 ширкати фаъол варзида, дар васфи Модар - Ватан, сулҳу ваҳдат, мо бачагони хушбахти замонем шеърҳо қироат намуда, инчунин, барномаҳои рангини худро пешниҳод намуда, аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд мегиранд ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.
Имсол дар асоси Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012 - 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардидаи буҷети ноҳия ин муассисаи томактабӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Кӯдакон бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили мизу курсичаҳо, кати хобу дастурҳои методӣ, адабиётҳои бачагона, телевизору компютерҳо таъмин мебошанд. Бояд гуфт, ки алоқаи муассисаи таълимӣ бо падару модарон ва сарпарастон хеле мустаҳкам мебошад. Сарпарастон тез-тез ба ин кӯдакистон омада, аз аҳволи тарбиягирандагон хабар мегиранд. Онҳо ёрии худро ба кӯдакон дареғ намедоранд. Ба онҳо маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған, биринҷ, пиёзу картошкаро дастрас менамоянд.
- Тарбияи дурусту саривақтӣ дар ташаккули шахсият нақши асосӣ дорад. Барҳақ фармудаанд:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Ҳама саъю кӯшишамон бар он аст, ки кӯдакон дар ин муассиса тарбияи дуруст гиранд, - мегӯяд Рухшона Исматова.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.08.2017 №: 168 Мутолиа карданд: 514