logo

иқтисод

ТАДБИРҲО БА ИСТИҚБОЛИ ИДИ ҚУРБОН

Дар шаҳри Душанбе омодагиҳо барои таҷлили сазовори иди Қурбон оғоз гардиданд. Сокинони пойтахт хусусан аз ба тасвиб расидани қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр, «Дар бораи ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи иди Қурбон дар шаҳри Душанбе» хуш истиқбол намуданд.
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ҳадаф аз ин қарор таъмини сокинону меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзии хушсифат ва арзон, осон намудани мушкилот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинони пойтахт ҷиҳати истиқболи сазовори иди Қурбон, ташкил намудани рақобати солим байни соҳибкорону хоҷагиҳои кишоварзӣ ва пешгирии амалҳои ҳаннотию бенизомӣ дар бозорҳои истеъмолии шаҳр мебошад.
Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, кормандони раёсати рушди иқтисоду савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарону масъулони бозорҳои коммуналӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, хоҷагию корхонаҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва иттифоқи «Тоҷикматлубот» аз 26 август то 5 сентябри соли равон барои сокинону меҳмонони пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва кишоварзиро ташкил намоянд.
Мувофиқи қарор ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал дар назди маркази савдои «Ёвар», бозори «Қаряи Боло», кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон) ва боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» баргузор мешаванд.
Раиси шаҳр бо ба тасвиб расондани қарор ба истиқболи иди Қурбон ба фурӯш ва забҳи моли майда (қаблан ин амал дар ҳудуди пойтахт қатъан манъ буд) дар нуқтаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти соҳа иҷозат дод. Мувофиқи қарор, амалҳои фурӯш ва забҳи чорво (бузу гӯсфанд) бояд зери назорати қатъии масъулони бахши санитарию байторӣ дар назди саллоҳхонаҳои ҳудуди шаҳр,  аз ҷумла ҶДММ «Комбинати гӯшту консерва» (ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фучик, 4), ҶДММ «Ангара» (маҳаллаи Роҳи нави ноҳияи Сино), маҷмааи байторӣ (хиёбони Ҳ. Шерозӣ, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, назди МБГ – 2) ва корхонаи замонавии ҶДММ «Ёвар – 11» (ноҳияи Рӯдакӣ, наздик ба пойтахт) ҷараён гиранд.
Роҳбарону масъулони сохторҳои назорату тартибот ва идораҳои дигари марбута ҷиҳати ташкили ҷойҳои муваққатии забҳи чорво, пешгирии забҳи қурбонӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда, санҷишу назорати сифати маҳсулот ва фаҳмондани қоидаҳои қурбонӣ аз нигоҳи динию санитарӣ вазифадор гардидаанд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2017    №: 168    Мутолиа карданд: 499

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед